Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЖДАИ НЕК: ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ «ТИЛОИ САФЕД»-РО ПУРРА ИҶРО КАРД


МУЖДАИ НЕК: ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ «ТИЛОИ САФЕД»-РО ПУРРА ИҶРО КАРД



Пахтакорони вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта мужда доданд.

Соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 127 ҳазор тонна (!) зиёдтар мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо истиқбол аз ин дастоварди арзандаи кишоварзони вилоят зикр намуд, ки ин пирӯзӣ далели заҳмати шабонарӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати сокинони вилоят ба ватани маҳбубамон мебошад.

- Аз фурсати муносиб истифода бурда, миннатдории самимии худро ба тамоми сокинони вилоят, аз ҷумла кишоварзони бонангу номус ва заҳматқарини диёр, роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва ҳамаи онҳое, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми арзанда мегузоранд, иброз менамоям, - изҳор кард раиси вилоят Давлаталӣ Саид.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ ҳосилнокии миёна аз ҳар гектари замини кишти пахта 23,4 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 11,7 сентнер зиёд аст.

Саҳми хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Дӯстӣ (135%), Данғара (127%), Бохтар (119%), Ёвон (118%), Левакант (115%), Вахш (114%), Ҷайҳун (114%), Хуросон (112%), Кӯшониён (104%), Ҷалолиддини Балхӣ (103%), Абдураҳмони Ҷомӣ (103%) Носири Хусрав (101%), Шаҳритус (101%) ва Қубодиён (100%) шоистаи таҳсин арзёбӣ мешавад.

Таъкид гардид, ки ин натиҷаҳо аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва меҳнати софдилонаи деҳқонон, риояи агротехникаи замонавӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифат шаҳодат медиҳанд. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид масъалагузорӣ кард, ки аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, ҳосили дастранҷи деҳқон бояд ба пуррагӣ ҷамъоварӣ шавад.

Зикр шуд, ки дар соли 2026 нақшаи кишти пахтаи зериплёнка зиёда аз 50 ҳазор гектар пешбинӣ карда мешавад.

- Бовар дорам, ки дар оянда низ кишоварзони вилоят бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, бо истифодаи самарабахши замин ва татбиқи технологияҳои нав ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар боз ҳам бештар саҳм хоҳанд гузошт, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.

Пас аз суханронии шодбошии раиси вилоят маросими қадршиносии масъулони бахши кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, мутахассисон, олимон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ барпо гардид.

Ифтихоровар аст, ки вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи бузурги аграрии кишвар дар партави татбиқи меъёрҳои  конститутсионӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг, ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода