Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст


Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст



Ориф, мутафаккир, шоири шаҳир Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар Балх (ба қавле водии Вахш), ки маркази Хуросони бузург маҳсуб меёфт, таваллуд шудааст. Бар асари носозгориҳои замон ва ҳукми тақдир дар Кунияи Рум (Туркия) зиндагӣ ихтиёр намудааст. Дар ҳамин ҷо бо Шамси Табрезӣ шинос мешавад ва ҳаёту роҳи минбаъдаи эҷодии худро ба шинохти олами тариқат мебахшад. Ҳамин аст, ки шавқи зиёди қишри гуногуни ҷомеа ба ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
 
Дар ашъори Мавлоно инсон худро дар оина мебинад ва ба зудӣ нуқсу норасоии зоҳирии худро ба ифоқа меорад. Худи шоир аз пайи дарёфти инсони комил ва арҷгузорӣ ба ҳаёту рӯзгори ӯст. Ин маънӣ ончунон содаву ширин ва бо фасеҳтарин шеваи гуфтор баён ёфтааст, ки камтаваҷҷуҳтарин хонандаи шеърдӯст метавонад аз шеърҳои ӯ лаззат бибарад.

Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро,
Ёр туӣ, ғор туӣ, хоҷа, нигаҳ дор маро.
Нуҳ туӣ, рӯҳ туӣ, фотеҳу мафтӯҳ туӣ,
Синаи машрӯҳ туӣ бар дари асрор маро.
Қатра туӣ, баҳр туӣ, лутф туӣ, қаҳр туӣ,
Қанд туӣ, заҳр туӣ, беш маёзор маро.
Дона туӣ, дом туӣ, бода туӣ, ҷом туӣ,
Пухта туӣ, хом туӣ, хом бимагзор маро.
Ин тан агар кам танадӣ, роҳи дилам кам занадӣ,
Роҳ шудӣ, то набудӣ ин ҳама гуфтор маро!

Бисёре аз намунаҳои ашъори Ҷалолиддини Балхӣ ба фарҳанги мардум ворид шуда, ҳамчун панду андарз ва зарбулмасалу мақол дар рӯзгори ҳамарӯза истифода мешаванд:

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
Гарчи девор афканад соя дароз,
Боз гардад сӯйи ӯ он соя боз.
Оташ арчи сурхрӯяст аз шарар,
Ту зи феъли ӯ сияҳкорӣ нигар.
Сабр талх омад, валекин оқибат,
Меваи ширин диҳад пурманфаъат.

Маъруфтарин асари Мавлоно «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки онро мавлавишиносону ихлосмандони ашъори безаволаш, дар мисоли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ «Қуръон бо забони паҳлавӣ» унвон кардаанд, ки бешубҳа, ҷанбаи воқеӣ дорад. Зеро дар ин асари безавол тамоми қиссаву ривоятҳои дар китоби осмонӣ (Қуръон) дарҷёфта оварда шудааст. Аслан, маснавии мазкурро Мавлоно ба хотири устод ва пири маънавиаш Шамси Табрезӣ сурудааст. Забони Маснавӣ ончунон содаву равон баён ёфтааст, ки ҳар нафари шавқманди каломи бадеъ онро бо осонӣ метавонад мутолиа намояду аз маънии он баҳра бардорад:

Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад,
В- аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
К-аз найистон то маро бибридаанд,
Аз нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Як нукта муҳим аст инҷо ёдовар шавем, мавзӯи найро интихоб кардани Мавлавӣ дар Маснавӣ. Дар байни ихлосмандону ҳаводорони ашъори Мавлавӣ дар оғоз душворие пеш меояд сари интихоби “най”. Чаро маҳз най? На уд, ки Рӯдакӣ менавохт ва на Борбад, ки бо он Марвазӣ хунёгарӣ мекард. Даф ҳам не, ҳарчанд, ки яке аз асбобҳои мусиқии қадимист, ки ба ҳаёти мардум аз азал ворид шудааст. Ба қавли донишмандон найро ихтиёр кардани Мавлавӣ боз ҳам маънӣ аз Қуръони азимушшаън бардоштан аст. Яъне, дарёфти асли хеш, ки барои дар ҳаёт будани инсон чор унсури табиат - обу хок, оташу бод ҳатмист.

Най аслан растаниест, ки чун кулли олами наботот аз чор унсури табиат-хок, об, оташ ва ҳаво баҳра мебарад. Дар обу хок нумӯъ мекунад. Баъдан, барои асбоби мусиқӣ шуданаш оташ мебояд, то сӯрохиҳо дар вай кушоянд. Ва билохира бо пуф кардани ҳаво (нафаси одамӣ) асбоби тайёршуда овоз мебарорад ва дар қалби одамӣ хурӯш меангезад.

Дар ибораи “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”, гуфтани Мавлавӣ дар Маснавӣ низ ҳикматҳо нуҳуфтаанд. Ин маъниро бо он асос метавон арзёбӣ кард, ки дар ашъораш баробари калимаву ибораҳои ноби забони тоҷикӣ, ҳамчунин калимоту таъбироти арабӣ, туркӣ низ фаровон истифода шудааст ва сифати гуфтор ва маънипардозии байтҳои алоҳидаро хушоҳангтар намудааст.

Аспи ҷонҳоро кунад орӣ зи зин,
Сирри ан-навми аҳул мавт аст ин.

ё

Донӣ, ки ман зи олам ёлғиз сени севарман,
Гар дар бораи каёӣ, андар ғамат ӯларман..

Гузашта аз ин ҳангоми шеър гуфтан гоҳо, ки калима камӣ мекунад, Мавлоно беистиҳола аз оҳанг истифода мекунад, инҷо калимоти номафҳумеро истифода мебарад ва мебинем, ки дар ин ҳолат ҳам хушоянданд. Ба мисле, ки ту гӯйи қаландарон месуруда бошанд. “Тананноҳо ё ҳу”, “Ту беқиву ман қоқо” ва ғайра.

Боиси қайд аст, ки бо чунин бузургӣ, шинохти шахсият ва ашъори ҷаҳоншумул доштан то даврони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон дар сарзамини парвардаи Мавлоно асарҳояш бо забони модариаш рӯйи чопро надида буданд. Бо истиснои китобчаи “Ривоятҳо аз Маснавии маънавӣ”, ки соли 1963 ба дасти ками хонандагон расида буд. Шукронаи соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи ин нобиғаи олами маънӣ, мутафаккири бузург, орифи ҳама давру замонҳо зинда гардид, асарҳояш бо теъдоди дастрас нашр шуданд. Зодгоҳаш номи ӯро гирифт. Дар шаҳрҳои калон кӯчаҳо, марказҳои таълимӣ бо номи Ҷалолиддини Балхӣ ёд мешаванд. Баъди он ки 800-солагии Мавлоно бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд, дар феҳристи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷой гирифт ва ҳамасола дар ҷумҳурии мо ботантана қайд карда мешавад.

Дар ин рӯз конфронсу маҳфилҳои гуногун, барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ва мусиқӣ доир мегардад, мавлавишиносону меҳмонони зиёд аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон даъват мешаванд.

Тайи ин солҳо ашъори оламшумулаш бо бисёр забонҳои дунё борҳо аз чоп баромаданд. Дар яке аз маҳаллаҳои зебои маркази вилоятамон-шаҳри Бохтар муҷассамаи барқади Мавлоно қомат афрохт, ки атрофи он ҷойи сайругашти ҷавонони хуштолеъ ва баргузории ҷамъомаду тантанаҳои фарҳангӣ қабул гардидааст.

Ҳамаи ин қадрдониҳо касро бо ин ово мехонад: “Хуш ба ҳоли ин миллати соҳибтамаддун, ки нобиғаҳояш ҷаҳониёнро дар олами маънӣ тасхир намудаанд”.

Исматуллои Гули ОЛИМ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода