Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шоҳҷоизадорон дар бораи озмун чӣ назар доранд?


Шоҳҷоизадорон дар бораи озмун чӣ назар доранд?




Суҳбате доштем бо ду шоҳҷоизадори хатлонӣ. Дар ин суҳбат бо Ма-лика  Ҳасанова,  аз  шаҳри  Кӯлоб  ва  Сабрина  Шарифзода,  аз  ноҳияи  Восеъ, роҷеъ ба омодагӣ то ба даст овардани Шоҳҷоиза ва таассуроти онҳо ҳарф задем. Фишурдаи онро пешкаши Шумо, хонандагони азиз мегардонем.

Суҳбат бо Сабрина Шарифзода, дорандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи “Хондан ва аз бар намудани осори адибони муосири тоҷик”.

-Соли чандум аст, ки Шумо дар озмуни мазкур иштирок меварзед?

-Имсол  соли  панҷум  мешавад,  ки  дар озмуни  ҷумҳуриявии  “Фурӯғи  субҳи  доноӣ китоб аст” иштирок мекунам. Ҳар сол иштирок карда, таҷриба мегирифтам ва хушбахтона, таҷрибаҳои чандсолаи ман маро яку якбора соҳиби Шоҳҷоиза кард. 

-То ин муддат чӣ қадар китобро мутолиа намудаед?

-  Дар  давоми  панҷ  сол  ман  тавонистам зиёда аз 250 китобро мутолиа карда, иштирокчии  озмуни  болозикр  гардидам. 

Китобҳои  мутолиа  кардаи  ман  осори  назмию насрӣ, повесту драмаҳо, ғазалу рубоӣ ва шеърро дар бар мегиранд.

-Рақобат  дар  даври  ҷумҳуриявӣ  чӣ гуна буд?

-Дар  даври  ҷумҳуриявӣ  бисёр  мушкил буд.  Зеро  ҳар  як  иштирокчӣ  бо  тайёрии ҷиддӣ омада буд. Вале ман кӯшиш мекардам, ки бо саволҳои ҳайати ҳакамон ҷиддӣ ва саҳеҳ посух гӯям. Аз ҳама дида суолҳо дар даври рақобат барои Шоҳҷоиза бароям мушкил буд. Аъзои ҳакамон дар доираи асарҳои  пешниҳодкардаи  худам  суолҳои зиёдеро  доданд  ва  ман  бояд  чусту  чолокиамро  ба  кор  бурда,  набарди  зеҳниро ҷоннок  мекардам.  Ва  билохира  шамшери  зеҳнам  тезӣ  карду  рақобатро  бурида, ғолиби майдони илму маърифатдорандаи Шоҳҷоизаи  озмуни  “Фурӯғи  субҳи  доноӣ китоб аст” гардидам. Албатта, ки дар ҳама даврҳои рақобат ман таҷрибаи чандсолаи худро  ба  кор  бурда,  кӯшиш  намудам,  ки дар  ин  озмун  номи  ноҳия  ва  вилоятамро боло бардорам.

-Киҳо  дар  ба  даст  овардани Шоҳҷоиза ба Шумо кумак карданд?

-Агар гӯям, 80 дарсади ғолибияти ман ин боварии волидон ва атрофин буд хато намекунам.  Ҳар  гоҳ,  ки  ман  дар  як  давр омодагӣ медидам, падарам мегуфт: “Духтари  ман  Гурдофариди  замон  аст”.  Ин  як сухани падар ба ман руҳ мебахшид, то хонданро дучанд кунам. Ва, дар воқеъ, Гурдофариди  падар  гардам.  Шукр,  ки  тавонистам боварии падарро коста нагардонида, дар  воқеъ Гурдофариди  майдони  хирад гардам. Ва як чизро бояд қайд кунам, ки на танҳо дар озмуни “Фурӯғ...” дар ҳама кори зиндагӣ  таваҷҷуҳи  атрофиён  метавонад шуморо ғолиб гардонад.

-Муносибати аъзои ҳакамон чӣ гуна буд? Ҳангоми дар назди аъзои ҳакамон баромад кардан тарсу ҳарос надоштед?

-Не.  Чун  ман  аллакай  раванди  пурсиши аъзои ҳакамонро медонистам. Суолҳои онҳо баъзан мушкил буд. Вале ман кӯшиш мекардам, ки ба онҳо посух гардонам. Зеро озмун талошу заҳматро мепазирад. Аз сабабе ки ман соли 5-ум буд дар ин озмун иш-тирок мекунам, тарс набуд. Ҳар боре аъзои ҳакамони озмун аз ман суол мепурсиданд, саросема нашуда, ба суолҳои онҳо дуруст, саҳеҳ ва бо риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ посух мегуфтам. Зеро ҳайати ҳакамон тарзи баромад ва талаффузи довталабро ҳам ба инобат мегирифтанд. 

-Боварӣ доштед, ки соҳиби Шоҳҷоиза мегардед? 

-Ман, ки тӯли чанд сол буд дар ин озмун довталаб будам, имсол бовар доштам, соҳиби ҷой мегардам, вале бовар надоштам, ки Шоҳҷоизаро соҳиб мешавам. Дар ҳақиқат Шоҳҷоиза дар ҳаёти ман ҳадяи тасодуфие буд, ки зиндагии маро тағйир дод. Аммо аз аввали иштирок ба ғолиб шудан боварӣ ва умед доштам.

Боварӣ ба худ тавонист маро ғолиб гардонад. Чуноне ки дар урфият мегӯянд: “Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст”.

То  ин  дам  барои  ба  даст  овардани ғолибият ман қариб дар ҳма китобхонаҳои вилояти  Хатлон  ва  Китобхонаи  миллии Тоҷиистон  аъзо  шуда,  шабу  рӯз  мутолиа мекардам.

-Ба хонандаи рӯзномаи “Хатлон” кадом китобҳоро тавсия медиҳед?

-Ҳар нафаре, ки мехоҳад китобхон шавад, тавсия медиҳам, ки китобҳои хусусияти таърихидоштаро мутолиа кунад. Махсусан,  китобҳое,  ки  дар  он  қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат иншо шудаанд. Ва боз тавсия медиҳам, ки романҳои Фотеҳ Ниёзӣ “Ҳар беша гумон мабар, ки холист”, “Вафо”, ки дар ҳар саҳифаи он дарси ҷавонмардию  қаҳрамонӣ  нуҳуфтааст,  мутолиа намоянд. Ва вақте хонанда онро мехонад,  ҳисси  ватандӯстию  хештаншиносӣ дар вуҷудаш ҷӯш мезанад.

- Гуфтаниҳои ногуфта доред?

-Бале. Мехоҳам аз ин минбар ба Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки  сарпарасти  озмуни  болозикр ҳастанд расонам. Зеро бо мақсади баланд бардоштани донишу заковати мо-аҳли китоб  озмун  роҳандозӣ  кардаю  мукофоти пулӣ  ташкил  намудаанд.  Ман  ҷавобан  ба ин  ҳама  дастгириҳои  падаронаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ваъда медиҳам, ки дар оянда бо баҳои аъло ва интизоми  намунавӣ  мактабро  хатм  карда,  дар  донишгоҳ,  дар  риштаи  омӯзгорӣ таҳсил карда, дар баланд бардоштани дониши насли ҷавон саҳми худро гузорам.


Суҳбат  бо  барандаи  Шоҳҷоизаи  озмуни  ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Малика Ҳасанова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб: 

-Чӣ боис шуд, ки шумо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намудед?

-Падару  модари  ман  омӯзгоранд  ва онҳо  мо  -  фарзандонашонро  пайваста дар  руҳияи  иломӯзӣ  ва  китобдӯстиву китобхонӣ  тарбия  менамуданд.  Вақте ки  бо  ташаббуси  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст» роҳандозӣ  гардид,  падарам  ба  ман гуфт, ки духтаронам, биёед ба ин озмун тайёрӣ  дида,  дониши  худро  бисанҷем. Ҳамин  тавр,  дар  дили  ману  апаам  ва хоҳарам  шавқи  дар  ин  озмун  иштирок кардан  пайдо  шуд.  Ва  мо  иштирокчии панҷсолаи ин озмун ҳастем.

-Аз  нигоҳи  шумо,  ҳамчун  барандаи  Шоҳҷоиза,  озмуни  “Фурӯғи субҳи  доноӣ  китоб  аст”-ро  чӣ  гуна баҳогузорӣ мекунед?

-Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ин майдони рақобат аст. Дар ин озмун тамоми қишри ҷомеа ширкат варзида маҳорати худро месанҷанд. Ҳарчанд ман толибилм ҳам бошам, аммо ба таври худ дарк намудам, ки мардум аллакай ба  китобхонӣ  майлу  рағбати  бешумор пайдо намудаанд. Махсусан баъди бар гаштанам  ба  муассисаамон  эҳсос  намудам, ки дар дили ҳамсолонам шавқи китобхонӣ  пайдо  шудааст.  Боре  падарам  ба  ман  гуфт,  ки  духтарам  мебинӣ, ки ин ҳама шавқу шӯри китобхониро дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маҳз  ана  ҳамин озмуни роҳандозишудаи «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб  аст»  аз  ҷониби  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Ҳамзамон,  озмуни  “Фурӯғи  субҳи доноӣ  китоб  аст”  мисли  ҳарсола  хеле шаффоф  гузашт  ва  аъзои  ҳакамон,  ки ҳар  як  довталабро  аз  рӯйи  меъёри  дониш баҳо медоданд ва вақти баҳогузорӣ онҳо  аз  20  дақиқа  то  30-35  дақиқаро фаро  мегирифт.  Чунин  гуфтан  мумкин аст, ки озмун имсол барои вилояти Хатлон фараҳбахш буд. Зеро дар ин озмун 2 Шоҳҷоиза ва беш аз 30 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд.

-Дар тӯли панҷ соле, ки дар ин озмун иштирок кардед, чӣ қадар китобу шеърҳоро аз бар намудед?

-Ман дар ин озмун дар номинатсияи адабиёти  кӯдакону  наврасон  ва  осори шифоҳии  халқ  иштирок  намудам.  Тӯли панҷ сол мешавад, ки дар озмун ширкат менамоям  ва  дар  чор  соли  гузашта  ду маротиба ҷойи ифтихорӣ ба даст овардам.  Хушбахтона,  савзовори  номи  пуршарафи  гирандаи  Шоҳҷоизаи  озмуни “Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст”  гардидам. Дар ин муддат ман зиёда аз 600 ки-тоб, 250 афсона, 250 ҳикоя мутолиа намуда, 120 ғазал, 250 рубоӣ, 250 чистон, 100 панд, 300 тезгӯяк, 300 зарбулмасал ва дигар навъҳои шеъриро азбар намудам.

-Ки бештар ба муваффақ гардида-ни шумо кумак мекард?

-Дар  ин  кор  бештар  ба  ман  падару модарам кумак мекарданд, яъне адабиёти  заруриро  ба  ман  дастрас  менаму-данд. Баъдан устодонам дар ин роҳ ба ман  кумаки  зиёд  намуданд  ва  ҳамеша мекӯшиданд,  ки  маро  руҳбаланд  созанд.  Натиҷаи  заҳматҳои  ана  ҳамин шахсиятҳои  бароям  азизу  арзишманд буд, ки сазовори Шоҳҷоиза гардидам.

-Шумо  аз  нокомиҳои  панҷсола руҳафтода намешудед?

-Ҳар дафъа, ки ба шаҳри Кӯлоб бармегаштам  ва  маросими  ҷоизасупориро аз  оинаи  нилгун  тамошо  мекардам, руҳафтода  ва  ноумед  мешудам.  Аммо боз  кӯшиш  мекардам,  ки  худро  дар ҷои  онҳо  тассавур  кунам  ва  ҳатман кӯшиш  мекардам,  ки  боз  китоб  хонам, ба  китобхонаҳои  дигар  аъзо  шавам, китобҳои навро мутолиа намуда, дар озмун ширкат варзам.

-Барои ба даст овардани ғолибият ба ҷуз асарҳои мутолианамуда боз чӣ лозим аст?

-Барои ғолиб омадан дар ин озмун, пеш  аз  ҳама,  иродаи  қавӣ,  заковат, меҳнатдӯстӣ  ва  эътимод  ба  худ  лозим аст. Агар ба худ боварӣ ва эътимод надошта бошӣ, китобҳои хондаат намета-вонад  ба  ту  кумак  расонад.  Эътимоду боварӣ  ва  иродаи  қавӣ  дар  озмун  ин муваффақияти бузурги довталаб мебошад.

-Дар оянда чӣ нақша доред ва ба ҳамсолони худ чӣ гуфтаниед?

-Дар  оянда  нақша  дорам,  ки  ба Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон  ба  факултети журналистика дохил шуда, онро ба баҳои аъло хатм намуда, ҳамчун як журналисти муваффақ ба халқу Ватани худ  хизмат  намоям.  Ба  ҳамсолони  худ гуфтанӣ ҳастам, ки зиёдтар китоб хонанд ва  руҳафтода  нашаванд,  вақте  ки  дар солҳои якум ва дуюми озмун ҷой намегиранд ва ҳатман рӯзе мерасад, ки онҳо низ сазовори ҷой мегарданд. Ман мехостам, ки миннатдории самимонаи худро ба  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон баён созам, ки барои мо - наврасон ва ҷавонон  чунин  озмунҳоро  ташкил  ва роҳандозӣ намуданд.

Суҳбаторо
Набиҷони САИДАБРОР,
Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода