Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Р. Раҳматова: «Озмун ба ман эътимод дод» (матн+навор)


Р. Раҳматова: «Озмун ба ман эътимод дод» (матн+навор)




Райҳона  Раҳматова,  корманди  рӯзномаи  «Хатлон», дар  озмуни  ҷумҳуриявии  “Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб аст” аз номинатсияи “Эҷоди наср” мақоми дуюмро касб намуд.  Бо  ӯ  суҳбате  анҷом  додем,  ки  фишурдаи  онро пешкаши хонандаи арҷманди рӯзномаи “Хатлон” мегардонем.

-Ҳангоме,  ки  довари  озмун нафарони  ғолибро  муаррифӣ намуд,  ва  номи  Шумо  дар рӯйхати  ғолибон  садо  дод,  чӣ эҳсосе Шуморо фаро гирифт?

-  Воқеан,  иштитирок  намудан дар озмун як эҳсоси гуворо дорад. Ҳангоме ки мо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтем ва марҳилаи баромад намудан дар ин давр фаро расид,  каме  ҳаяҷон  эҳсос  мешуд, аммо бинобар таҷрибаи омӯзгорӣ доштан ҳамарӯза бо шогирдон табодули  афкор  мекунем,  оромише дар вуҷудам аён гардид. Ҳангоми баромад намудан бардошти аъзои ҳакамон  аз  нигоштаҳои  мо  бештар мусбат буд, ки ин аллакай дар диламон шуълаи умедро фурӯзон намуд.

-  Рақобат  чигуна  ҷараён дошт,  фаъолнокии  рақибони Шумо  чӣ  тавр  ба  назар  мерасид? 

-  Фурсат  ба  мо  имкон  надод, ки баъди иштирок ва баромад намудан дар толор нишаста баромади  дигар  иштирокчиёнро  тамошо 
намоему  атрофи  маҳорати  онҳо қазоват кунем. Аммо дар андешаи он набудем, ки навиштаи ман дар кадом  сатҳу  аз  дигар  иштирокчӣ дар  кадом  сатҳ,  муҳим,  мо  ба нигоштаҳои худамон боварӣ доштем. 

-Раванди  озмунро  аз  даври аввал то ба ниҳоӣ чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Тавре  аз  рафти  озмун  ба  мо маълум гардид, муносибати аъзои ҳакамон  дар  доираи  талабот  ва меъёрҳои муқаррарнамудаи озмун буд.  Онҳо  дар  доираи  маводҳои таълифшуда ва ҳам доир ба самти  назариявӣ  саволҳо  пешниҳод мекарданд.  Шахсе,  ки  ба  эҷоду эҷодкорӣ машғул аст, бояд ҳатман аз  донишҳои  назариявии  ин  соҳа баҳравар  мебошад.  Бо  назарияи адабиёт  ошно  бошад,  тафовути жанрҳоро  бояд  донад.  Алалхусус, аз вижагиҳои жанрҳо ба хубӣ огаҳ  бошад.  Бештар  саволҳои ҳакамон  атрофи  моҳияти  эҷодӣ довталаб  раду  бадал  мешуданд ва  ба  тарзи  суханронии  довталабону  риояи  меъёрҳои  забони адабӣ  таваҷҷуҳ  зоҳир  мешуд,  ки дар навиштаҳояшон аз гӯишҳо истифода  бурданд  ё  на.  Гарчанде ки гӯишҳо ва лаҳҷаҳо як ҷузъи забони адабӣ аст ва забон бе гӯишу лаҳҷа  вуҷуд  дошта  наметавонад, аммо  навиштаҳое,  ки  дар  адабиёт  мақом  пайдо  мекунанд,  ҳамон гӯишҳое  бояд  ҷойгузин  гарданд, ки  ба  меъёрҳои  адабии  забон мутобиқат  карда  тавонанд,  яъне зиёд кӯчагиву дағал, жаргонҳо набошанд,  ин  таъкидашон  воқеан қобили дастгирӣ буд. 

-Чӣ  Шуморо  водор   сохт то  иштирокчии  озмуни  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шавед?

-Аслан  омӯзгор  эҷодкор  набуда  наметавонад,  гарчанде,  ки нависанда  ҳам  набошад,  бояд табъи  эҷодкорӣ  дошта  бошад.  Аз сабабе,  ки  пешаи  омӯзгориро  ихтиёр кардем, ба донишҷӯён сабақ меомӯзем,  фикр  мекунам,  ки бардоштҳои  иҷтимоӣ  буданд,  ки мо рӯ биоварем ба эҷоду  эҷодкорӣ. Бардоштҳоро шахси  эҷодкор танҳо  бо  навиштан  ба  дигарон тақсим  мекунад. 

Омили  дигар  он аст, ки нигоштаҳои ман  бештар  дар рӯзномаи “Хатлон” ба  нашр  расид ва  ин  боис  гардид,  ки  мо  бештар  матлаб  таҳия намоем.  Баъзан ҳампешагонам тавсия  медоданд, ки дар ин озмун қаламсанҷӣ кунам ва ман низ чакидаҳоямро ба ин озмун пешниҳод намудам.

[media=]
-Аввалин нигоштае, ки хосатан ба хотири озмун таълиф намудаед, дар қолаби кадом жанр буд?

 -  Аввалин  матлабе,  ки  барои озмун  таълиф  намудам,  ин  повест бо номи “70 рӯзи дур аз Ватан”  буд.  Як  муддате,  ки  мо  азми сафар  намуда  будем,  ба  давлати  Русия,  бардоштҳои  сафар, хотираҳои  сафарро   дар  шакли повест  ҷамъоварӣ  намудем.  Гарчанде, ки ин як лаҳзаи илҳом буд ва нигоштае буд, ки ҳаёти воқеии имрӯзаи  мардуми  муҳоҷирро  дар худ  таҷассум  мекард,  дар  умум моҳияти  он  чунин  буд,  ки  воқеан ҳеҷ гӯшаи дунё ба Ватан баробар намешавад.  Тавре  Сарвари  мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  яке  аз  баромадҳояшон  гуф-та  буданд:  “Ягон  гӯшаи  дунё  ба Тоҷикистон  баробар  намешавад”. 

Воқеан ин, нуктаро он лаҳза дарк мекунӣ,  ки  аз  Ватан  дур  мешавӣ. Вақте ки ин асарро атрофи ин масоил  ҷамъоварӣ  намудем,  гумон мекунам, як чизи хуб баромад. 

-Озмуни  “Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст” ба ҷуз мукофоти пулӣ боз ба Шумо чӣ дод?

-Албатта,  дар  ҳама  ҳолат  гирифтани  туҳфа  хушоянд  аст.   Он эҳсосе,  ки  ман  дар  марҳилаҳои гуногуни  озмун  доштам,  дар  як лаҳза  тасвир  кардан  ғайриимкон аст, аммо эҳсоси хушоянд, гуворо, эътироф,  эътимоди  атрофиён  ва пазируфтани  онҳо,  ин  барои  ман аз ҳама чиз муҳимтар буд. 

Н. САИДАБРОР,
А. РИОЕВ,
«Хатлон»

АЗ  ИДОРА:  Ҳамкорамон Райҳона  Раҳматоваро  ба  муно-сибати  ғолибият  ба  даст  овар-дан  дар  озмуни  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” самимона  табрик  гуфта,  барояш  дар  оянда  комёбиҳои  зиёди эҷодӣ орзу менамоем.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода