Бонуи пайвандгари дилҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 104
Дар ҷомеа дар баробари мардон занони донишманд ва кордону масъулиятшинос низ ҳастанд, ки ба давлату миллати хеш содиқона ва самимона хизмат намуда, барои пешрафти Ватани худ саҳми босазо мегузоранд.
Аз зумраи чунин бонувони фархунда ва занони мубориз Қосимова Назокат Қурбоновна мебошад. Мавсуф 14 июни соли 1945 дар деҳаи Даштимайдони ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст.
Назокат Қосимова соли 1961 мактаби миёнаи №1-и онвақта ба номи “Ленин”-и ноҳияи Данғараро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 1966 хатм намудааст. Чун аз айёми хурдсолӣ дар дили ӯ меҳри касби омӯзгорӣ ҷой гирифта буд, ӯро водор месозад, ки пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо роҳхати донишгоҳ ба мактаби миёнаи ба номи “Ленин-юли”-и ноҳияи Восеъ ҳамчун омӯзгор ба фаъолият шуруъ намояд.
Сипас, аз соли 1969 фаъолияти худро ба ҳайси муаллимаи мактаби миёнаи №17-и ноҳияи Восеъ идома дода, дар давоми фаъолияти корӣ худро ҳамчун омӯзгори кордону ташкилотчӣ нишон дод ва натиҷаи ҳамин заҳматҳои пурсамараш буд, ки ӯро дар мактаби болозикр соли 1970 ба ҳайси директор таъин намуданд. Назокат Қосимова ҳамчун роҳбари ғамхору сахт-гир ва масъулиятшинос то соли 1976 дар ин боргоҳи илму маърифат фаъолият намудааст, ки садҳо шогирдонаш имрӯзҳо дар соҳаҳои мухталифи мамлакат ифои вазифа менамоянд.
Инчунин, зимни фаъолияти кориаш ҳамчун омӯзгор се маротиба ба ҳайси депутати Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и ноҳияи Восеъ интихоб шуда, се маротиба ғолиби мусобиқаи сотсиалистии кормандони шуъбаи маорифи ноҳия дониста шудааст.
Воқеан, занони донишманд мисли офтобанд, ки на танҳо имрӯз, балки фардоро мунаввар мекунанд.
Донишмандиву пешсафӣ, масъулиятшиносӣ, кордониву коршиносӣ ва ташаббускории Назокат Қосимова боис бар он гардид, ки ӯро соли 1976 ба ҳайси мудири шуъбаи САҲШ-и Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъин намоянд.
Дар ин вазифаи пурмасъул ӯ риштаи қисмати ҳазорҳо оилаҳои шаҳри Кӯлобро бо ҳам пайвастааст. Ҳазорҳо тифлаконро соҳиби шаҳодатнома намудааст. Кор кардан дар САҲШ ин бевосита ҳамроҳу ҳамрози мардум будан аст. Ҳамарӯза бо аҳолӣ кор мекарданд ва кӯшиш менамуданд бо халқ ҳарчи наздиктар шуда, фаъолият намоянд.
Натиҷаи ҳамин буд, ки мавсуф баъди се соли фаъолият, яъне соли 1979 ғолиби мусобиқаи сотсиалистии кормандони шуъбаҳои управленияи актҳои граждании назди Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Инчунин, соли 1979 барои иштирок дар семинари умумииттифоқии шуравии кормандони САҲШ ба Ҷумҳурии Украина сафар кард. Дар он ҷо мудирони шуъбаҳои САҲШ аз дигар кишварҳое, ки дар ҳайти Иттиҳоди Шуравӣ дохил мешуданд, якҷо иштирок намуда, ба худ таассурот ва таҷрибаи зиёди корӣ бардошт. Баъди бозгашт дар Тоҷикистон аз рӯи он таҷрибаҳо фаъолиятро ба роҳ мемонад.
Ногуфта намонад, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки воқеан, солҳои мушкил ба ҳисоб мерафт, Назокат Қосимова бо вуҷуди душвориву монеаҳо фаъолият намуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва худи шуъбаро аз дасти гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки борҳо барои нест кардани он ва ғасби бинои шуъба талошҳо карданд, якҷо бо аҳли кормандон мисли гавҳараки чашм ҳифз намудаанд.
Дар ин вазифа содиқонаву софдилона беш аз сӣ сол - то соли 2007 кору фаъолият карда, аз ҳамин шуъба сарбаландона ба нафақа баромадааст.
Албатта, ҳар як кору пайкор, заҳмату талош подоши худро дорад. Назокат Қосимов дар тӯли ин солҳо борҳо бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва вилояти Хатлон мукофотонида шудааст. Соли 2014 бошад, бо фармони вазири Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии “90-солагии Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз мегардад.
Як нуктаро бояд гуфт, ки баъд аз пойдории сулҳу субот дар мамлакат соли 2006 бинои нави сохташудаи Хонаи бахт дар шаҳри Кӯлоб дар фазои тантанавӣ бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар он рӯзҳо Назокат Қосимова мудирии шуъбаи САҲШ-ро бар уҳда дошт ва ин ҳам яке аз дастоварди беҳтарин дар даврони фаъолияти кории мавсуф ба ҳисоб мерафт. Танҳо дар оилаҳои солиму хушбахт фарзандоне ба камол мерасанд, ки ба манфиати халқу давлат хидмат карда, шарафи давлату миллати худ мешаванд. Назокат Қосимова низ яке аз он оилаҳои хушбахт мебошад.
Ӯ дар соли 1965 ба яке аз ҷавонони донишманд – шоир Саидмуъмин Фаридун тақдири худро мепайвандад ва дар давоми зиндагии пурбаракати хеш соҳиби панҷ духтару як писар ва 36 набераву абера мешаванд.
Латофат, Марям, Шарофат, Саодат, Гулҷаҳон ва Фирӯз фарзандони онҳо ҳастанд. Зиндагии ободу осуда доранд. Шод аз он ҳастанд, ки дар тарбияи фарзандон хато накарданд. Кӯшиш намуданд, ки ҳамаи онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд. Ҳар яки онҳо соҳибмаълумот ҳастанд, дар касбҳои гуногун фаъолият доранду барои ободии ин сарзамин саҳмгузорӣ карда меоянд.
Мавриди зикр аст, ки муваффақияти аз ҳама болотар барои инсон ин иззату эҳтиром ва муҳаббати мардум нисбати ӯ мебошад. Дар ҳақиқат, муаллима Назокат Қосимова бо меҳнати софдилонаву содиқона, саҳми муносиб доштанаш дар рушди ҷомеа ва бунё-ди оилаҳои солим шоистаи таҳсину маҳбуби дилҳо, соҳибэҳтиром ва муқбили хосу ом мебошад.
Имрӯз муаллима ифтихор аз он мекунад, ки ба халқу Ватан содиқона, самимона ва поквиҷдодона хизмат намуда, барои рушду нумӯи ин гӯшаи мамлакат саҳми худро гузоштааст.
Муҳаммадҷон ЗУЛФОВ,
мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...