Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Дар асл чунин ҳам ҳаст. Мо ба нон эҳтироми зиёд дорем. Зеро мардуми мо онро нисбати дигар ғизоҳо бештар истеъмол мекунанд. Баробари густурдани дастурхон нахуст болои он нон мегузоранд. Нонро аввал шахси калонсоли хонадон мешиканад. Ин ишора ба он аст, ки нон дар ин оила эҳтиром дорад. Мавзуи имрӯзаи мо низ нон ва эҳтиром ба он аст.
РИВОЯТИ МАРДУМӢ
Марде ба сафари роҳи дур баромад. Завҷааш нонеро ба рӯймоли миёни ӯ баста, “Ин тӯшаи роҳат”, гуфт. Мард пойи пиёда деҳаю маҳалла ва роҳҳои кӯҳиро тай намуда, пеш мерафт. Нисфирӯзӣ ба як дашти сӯзон расид. Сари роҳаш дарахте баромад. Бисёр хаста шуда буд, қарор дод, ки дар сояи дарахт кӯфти роҳро барорад. Ҳамин тавр ҳам кард.
Аз гирду атроф хаси хушк ҷамъ намуда, зери дарахт гузошт ва болои он нишаст. Рӯймоли миёнро пешаш густурда, нонро болояш монд. Вақти шикастани нон банохост як резаи нон байни хас афтод. Мард ҳарчанд хасро тагурӯ намуд, вале резаи нонро дарёфт накард. Пас, ба хотири зери пойи чорво ва ё роҳгузаре намондани нонреза, он ҷоро қӯрғон гирифт ва роҳашро идома дод. Яъне, ин ба он маънӣ ки нон ҳам нону нонреза ҳам нон аст.
«НОН БОШАД,СУРУД ҲАМ МЕШАВАД»
Дар солҳои Иттиҳоди Шуравӣ ин ибора шиори мардумӣ шуда монд. Бештар ғаллакорӣ рушд ёфта буд. Дар анборҳо ҳазорҳо тонна гандум захира мешуд. Дар мағозаҳо бошад, орди навъҳои якуму дуюму сеюм бо арзиши аз 12 то 18 сӯм (асъо-ри ҳимон давра) фаровон ба фурӯш мебаромад. Аҳолӣ бештар орди навъи сеюмро истифода мекарданд. Он гандумранг буду хушмаза...
Дар ҳамин ҷо андаке таваққуф мекунем. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1940-1945 ва баъди онро ёдовар мешавем. Бар асари ин ҷанги хонумонсӯз дар ҳар як хонадон қашшоқию гуруснагӣ мушоҳида мешуд. Мардум аз гуруснагӣ алафи кӯҳии так-так (он мисли гандум хӯша дошту донаҳои кӯчаки сиёҳ), решаи дарахт ва ғайраро истеъмол карда, ба беморӣ гирифтор мешуданд. Аз хушксолию беобӣ гандум ҳосили кам медод. Мардуми кӯҳистону таҳҷоӣ ба дашт баромада, хонаи мушро мекофтанд. Зеро муш ҷондори захиракор буд ва дар хонааш (чуқуриҳои бетагу печ дар печ) гандум дуздида, тозаю батартиб нигоҳ медошт. Аҳолӣ захираи мушро ёфта, “мусодира” мекарданд ва ҷони худро ба саломат мебурданд...
Бармегардем ба идомаи мавзуъ. Насли калонсол гуруснагиро аз сар гузаронида нонро эҳтиёт мекарданд. Намегузоштанд, ки як резаи он исроф ё зери пой монад. Нони аз дастархонашон зиёдатӣ мондаро хушк намуда, ба халтаҳо ҷой мекарданд. Даҳани онро баста, дар боми хона, дар равҳои он овезон карда, нигоҳ медоштанд. Дар рӯзҳои қаҳтӣ онро истеъмол мена-муданд. Бо гузашти вақт зиндагӣ ба низом даромад. Гандумкорӣ дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ рушд ёфт.
Махсусан дар саҳрои беканори Қазоқистон ҳосили рекордии гандум рӯёнида мешуд. Барои сари вақту бета-лаф ғундоштани ҳосил ҳашари умумииттиҳодӣ эълон мегардид. Садҳо комбайн ба дараву ҳосилғундорӣ сафарбар мешуд, ҳазорҳо мошинҳои ЗИЛ-и навакак аз хатти истеҳсолии завод баромада ба кори саҳро вобаста мешуданд. Онҳо қатори турнаҳоро мемонданд ва гандумро ба анбор барои захира кардан мекашониданд.
Маҳз дар ҳамин фронти зарбдори ҳосилғундорӣ шиори “Нон бошад, суруд ҳам мешавад” тавлид шуд...
БЕЭҲТИРОМӢ БА НОН УБОЛ АСТ
Насли миёнасоли солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки гуруснагиро аз сар нагузаронида бу-данд, ношукрии фаровониро карданд. Онҳо нони сиёҳро намехӯрдагӣ шуданд. Танҳо аз орди навъи якум (орди сафед) нон мепухтанд. Ордҳои навъи дуюму сеюмро ба чорво ордоб карда медоданд. Исрофи нон зиёд буд.
Вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ доман паҳн кард, таъмини аҳолӣ бо нон ҳам коҳиш ёфт. Мардум барои ҷон ба саломат бурдан фирорӣ шуданд: як қисм ба хоки Афғонистону қисми дигар ба минтақаи Кӯлоб.
Дар ҳамон шабу рӯз минтақаи Кӯлоб ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтор шуд. Мардуми таҳҷоӣ гуруснагӣ ба сар мебурданд. Ба замми ин, гурезаҳои иҷборӣ вазъро боз ҳам вазнинтар намуд. Гандум камтар кишт ме-шуд. Дар ноомади кор дар байни гандумзор инчунин зироати ба ғалладона монанд рӯид. Он тухмҳои сиёҳи заҳрдор дошт. Вақти дарав он бо гандум омехта шуда, якҷо орд карда мешуд. Мардуми гурусна ҳатто гумон ҳам намекард, ки он заҳрогин асту боиси марг мешавад. Аз истеъмоли он аҳолӣ, бештар кӯдаконро дар ноҳияи Фархор ба бемории фалаҷӣ ва дамиши шикам гирифтор шуда, мефавтиданд.
Он солҳо бо ҳама хушию нохушиҳояш паси сар шуда, танҳо дар саҳифаи таърихи кишвар сабт гардид. Азоби бенонӣ ба кунҷи фаровонӣ рафт. Насли ҷавони имрӯза дар ин бора ҳатто маълумоте надоранд.
САМБӮСА НОН АСТ?
Мӯйсафеди нуроние дар истгоҳи нақлиёти мусофирбарии хатсайри Кӯшониён, Вахш, воқеъ дар шаҳри Бохтар, омадани автобуси навбаромадро интизорӣ мекашид. Дар қиёми рӯз ин мавзеъ серодам мешавад. Хурду бузург ба коре ба бозор омадаю ҳатто ба якдигар китф ба китф зада, бо душворӣ ҳаракат мекарданд.
Дар беруни истгоҳ, дуртар аз мӯйсафед, зане бо ду фарзанди кӯчакаш, бо дастархони калон дар даст меистод. Ӯ ё ба маърака мерафт ё аз тӯйхона бармегашт. Кӯдаки кӯчакашро сари даст бардоштаю дуюмӣ дар паҳлуяш истода. Иттифоқан чашми кӯдаки 4-5-солаи зан ба писарчаи дигаре, ки дар даст самбӯса дошт, афтод. Духтарча якбора аз модар талаб намуд, ки барояш самбӯса гирифта диҳад. Зан ғурғуркунон ва бо дили нохоҳам хоҳиши фарзандро иҷро кард.
Духтарча самбӯсаро ба даст гирифта, ба даҳон бурд. Он гарм буд, ки лабони ӯ сӯхт ва самбӯсаро ба замин партофт. Мӯйсафед, ки ҳолатро “мушоҳида” мекард, зуд самбӯсаро аз замин бардошта, ба “соҳибаш” дод.
Кӯдак онро гирифта, ба даҳон бурданӣ шуд. Дар ин вақт модар самбӯсаро аз даҳони духтарча канда гирифт ва онро ба замин партофт. Мӯйсафед самбӯсаро дубора аз замин бардошта, “Духтарам, нонро ба замин, зери пой партофтан гуноҳ аст”,-гуфт.
-Самбӯса ҳам нон аст? Не, самбӯса самбӯса аст, аз гӯшт тайёр шудааст,- бо дағалӣ ҷавоб гардонд зан. Мӯйсафед самбӯсаро такида, се маротиба ба дида молиду онро бӯсид ва ба даҳон бурд. Зан инро дида, шерак шуд.
-Ҳой, мӯйсафед! Худат гурусна будаиву ба мо “афсона” мехонӣ,-гуфт бо ситеза зан. Вале мӯйсафед ба ӯ эътибор надода, самбӯсаро хӯрд. Атрофиён низ ба ҳоли мӯйсафеди “гурусна” механдиданд.
-Шумо рӯзҳои сангини гуруснагиро надидаед. Шукри Пешвои миллату соҳибистиқлолӣ, ки имрӯз шика-матон серу зиндагиатон хуш ва дар Тоҷикистонамон сулҳу ваҳдат аст. Ба қадри ин ҳама неъматҳо бояд расид. Вагарна, уболаш мегирад...-фаҳмонд мӯйсафед.
ДАР ОМАДИ ГАП:
-Нон дорӣ-ном дорӣ;
-Зери болини тифли навзоди дар гаҳвора хоб нон мегузоранд;
-Нони меҳнатӣ бомаза аст;
-Нони ба замин афтодаро бардошта, се маротиба ба дида мемоланду мебӯсанд;
-Меҳмонони олиқадри аз хориҷи кишвар омадаро бо нон истиқбол мегиранд;
-Модар писари ба аскарӣ мерафтаашро нон мегазонад;
-Агар ба хонаи ҳамсоя меҳмон ояд, ҳамсояи паҳлуяш бо як дона нону як коса ҷурғот ба хонаи ӯ медарояд;
-Шахси маъракадорро “фалонӣ нон дорад”, мегӯянд;
-Исрофи нон гуноҳ аст;
-Нонро зери по кунӣ, уболаш мегирад.
С. АТТОР, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.