ФАРҲАНГ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 207
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бамайлони фарҳангӣ дар мамлакат фазои мусоид фароҳам омад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз, пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳими ояндасоз хизмат намудааст”.
Дар ин марҳила Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва тақвияти худогоҳию худшиносии миллӣ ва дар ин замина таҳким бахшидан ба ҳамгироии минтақаҳо ва ваҳдати миллӣ корҳои зиёдеро анҷом дод.
Аз ҷумла, барои эҳё ва тақвияти фарҳанги миллӣ, инчунин бо мақсади ваҳдату ягонагии халқамон дар кишвар якчанд ҷашнҳои умумимиллӣ таҷлили 1000-солгарди “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, 1100-солагии давлати нахустини миллии тоҷикон Сомониён, 2500-со-лагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри босто-нии Кӯлоб, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500-солагии қадимаи шаҳри Саразм, 2700-солагии нахусткитоб “Авесто”, ҷашнҳои бузургдошти фарзонафарзандони миллат-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Ҳуҷандӣ, Умари Хайём, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Имоми Аъзам ва ғайра гузаронида шуданд, ки дар баргузории ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии зикршуда саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифта, идҳои Тиргон, Меҳргон ва Сада аз нав эҳё гардиданд.
Ба феҳристи меъроси ғайримодии ЮНЕСКО шомил шудани ҳунари зарҳалкорӣ, атласу адрас, чакан ва ғайра нишонаи эҳтирому эътирофи ҷаҳониён аз тамаддун ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷик мебошад.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон 886 муассисаи фарҳангӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 492 китобхона, 286 муассисаҳои клубӣ, 3 филармонияи халқӣ, 5 театри халқӣ, 3 театри касбӣ, 35 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 18 осорхона, 29 мактаби бачагонаи санъат, 11 ансамбли тарона ва рақс, 3 ансамбли касбии вилоят ва 1 ансамбли рақсии “Ситора”-и шаҳри Бохтар ташкил медиҳад.
Таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани ман”, «“Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат», “Илм – фурӯғи маърифат” дар сатҳи баланд баргузор гардида истодаанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва саводнокии сокинон мусоидат намуда истодааст.
Дар доираи баргузории озмунҳо ва ғанӣ намудани фонди захиравии китобхонаҳои ҳудуди вилоят барои харидорӣ намудани китобҳои тозанашр аз ҳисоби буҷаи маҳал 41 906 сомонӣ ҷудо гардида, ба ин маблағ 948 нусха китобҳои тозанашр харидорӣ шуда, ҳамзамон китобҳои туҳфашуда аз муассисаҳои давлатӣ 1630 нусха ва аз муаллифон 65 нусха мебошад.
Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва муассисаҳои зертобеи он дар оянда низ ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришу дастурҳои мақомоти болоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, баҳри баланд бардоштани камолоти маънавии мардум, рушди соҳа, таҳким бахшидани фаъолият ва дар сатҳи муносиб гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ тамоми чораҳоро амалӣ менамояд.
Раҳмон ЗОКИРОВ,
сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...