Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 270
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти аҳолӣ мерасонад, ки дар мамлакат бар асари бориши шадид хатари фаромадани сел, ярч, сангрезӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар ин ҳолат Кумита ба аҳолӣ тавсия додааст, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои сел каналҳо, обанборҳо ва заҳбурҳоро тоза кунанд.
Гуфта шуд, ки давоми 24 соати охир дар шаш минтақаи мамлакат сел сабт шудааст. Ба иттилои манбаъ, 28 апрел, соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ бар асари бориш сел аз теппаҳои атроф ба ҳудуди деҳоти Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ фаромад. Инчунин роҳҳоро об зер кард.
28 апрел, соати 15:40 аз теппаҳои атроф ба деҳаҳои Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел фаромада, об роҳҳоро баст. Соати 20:45 дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел 18 қитъаи заминро зери об монд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад. Зарари расида муайян карда шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кор давом дорад.
Худи ҳамон рӯз, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ бориши шадид боиси боло рафтани сатҳи оби канали Хоҷқалъаи деҳаи Зафарободи Ҷамоати деҳоти ба номи Қ.Ғиёсови ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон гардид. Дар натиҷаи сел 13 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон ва роҳҳои ин деҳа зери об монд. Ҳамчунин комиссияи фавқулодаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса кор карда, барои бартараф намудани оқибатҳои он кор идома дорад.
28 апрел дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, дар наздикии шаҳраки Нобиноиёни (Лағмон-2)-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар натиҷаи бориши шадид сатҳи оби дарё боло рафта, хатари шуста шуданро ба вуҷуд овард. Барои бартараф намудани вазъият маҷрои дарё бо ёрии техника ба масофаи 150 метр дигар карда шуд.
Инчунин дар махаллаи «Хати роҳ» сатҳи оби Девонасой баланд шуда, дар натиҷа сой пур аз лой ва сангреза шудааст. Бо ҷалби техникаи махсуси Раёсати мелиоративии шаҳри Кӯлоб сой тоза карда шуд.
28 апрел болоравии сатҳи оби дарёи Ёхсу ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа садди муҳофизатии дарёро дар қитъаи Кӯчабоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шуста бурд. Бо ёрии 4 агрегати махсуси Раёсати мелиоративии ноҳияи Восеъ ба масофаи 120 метр хандақ кофта, дар майдони муайяншуда 14 садди оҳану бетонӣ гузошта шуд.
28 апрел болоравии сатҳи оби дарёи Сурхоб низ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Баҳманрӯд ва деҳаи Шибанаи Ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сарбандҳои муҳофизатӣ қисман шуста шуданд. Бар асари омадани сел дар ин манотиқ талафот ва харобиҳо ба мушоҳида нарасидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз теппаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, хатари фаромадани сел, ярч, сангрезӣ ва болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...