Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ОИЛАИ ЧОРВОПАРВАР ШИНОС ШУДАНД


РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ОИЛАИ ЧОРВОПАРВАР ШИНОС ШУДАНД




Имрӯз, 7 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ дар ҷамоати деҳоти Нури Вахш бо фаъолияти оилаи чорвопарвар шинос шуданд.

Раиси вилоят ҳангоми суҳбат бо хоҷагидор таъкид карданд, ки дар шароити имрӯза танҳо парвариши чорвои зотӣ имкон фароҳам меорад, ки бозори истеъсолӣ бо гӯшту шири босифати аз лиҳози экологӣ тоза таъмин бошад. 

Аксари сокинони ҷамоати деҳоти Нури Вахш ба соҳаи чорводорӣ рӯ оварда, ҳар оила солона ба ҳисоби миёна аз 1 то 1,5 тонна гӯшт истеҳсол мекунанд.

Таъкид гардид, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши чорводорӣ, омӯзиши таҷрибаи муосир дар ин самт, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла беҳтарсозии зоти чорво ва афзоиш додани маҳсулнокӣ, беҳсозии фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, пешгирии коҳишёбии саршумори чорвои зотӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини пешрафти ин бахши соҳаи кишоварзӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад.

Бояд зикр намуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 1,2 миллион сар чорвои калон, аз ҷумла 657,3 ҳазор сар модагов, 3,1 миллион сар гӯсфанду буз, 67 ҳазор сар асп, 2,7 миллион сар парранда, 70 ҳазор оилаи занбӯри асал ва 74 ҳазор сар харгӯш парвариш ёфта истодаанд, ки дар ин давра саршумори чорвои калон 45,2 ҳазор сар аз ҷумла гови ширдеҳ 29,4 ҳазор сар, гӯсфанду буз 155 ҳазор сар, парранда 148 ҳазор сар, харгӯш 18 ҳазор сар, асп 3,3 ҳазор сар ва занбӯри асал 2023 оила зиёд шудааст.

Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода