Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ


ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ



Имрӯз, 7 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар канори шоҳроҳи Дӯстӣ-Қубодиён иштирок намуданд.

Ин тадбири муҳими экологӣ бо мақсади сабзу назаррабо гардонидани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа ва зебо намудани яке аз роҳҳои муҳими нақлиётии ноҳия роҳандозӣ гардид. Дар доираи маърака беш аз 1000 бех арча шинонида шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки ниҳолшинонӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи муҳити зист буда, дар пешгирии эрозияи хок, беҳтар шудани сифати ҳаво ва фароҳам овардани муҳити солими зист барои аҳолӣ нақши муҳим дорад. Раиси вилоят зарурати нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда, обёрии саривақтӣ ва ҳифзи онҳо аз омилҳои берунаро махсус таъкид намуданд.

Дар маъракаи сабзгардонӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва сохторҳои зертобеи он дар ноҳияи Дӯстӣ, инчунин фаъолони маҳаллӣ иштирок намуда, саҳми худро дар ободонии муҳит гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки чунин тадбирҳои экологӣ дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба беҳтар гардидани фазои экологӣ, боло рафтани маърифати экологии аҳолӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат менамоянд.

Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода