Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ БАРГУЗОР ГАРДИД


ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ БАРГУЗОР ГАРДИД




9 феврал дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони сохторҳои дахлдор ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ситод таъкид гардид, ки бо дарназардошти мушоҳида шудани паҳншавии малахи марокашӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон, аз имрӯз сар карда бояд тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва нест намудани ин ҳашароти зараррасон андешида шаванд. Зеро малах метавонад ба майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо зарари ҷиддӣ расонад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ масъулонро вазифадор намуд, ки омодагиро ба мавсими мубориза бар зидди малах пурзӯр намуда, иҷрои саривақтии чорабиниҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир Ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ фаъолияти худро ҷиддӣ ба роҳ монанд ва ҳамоҳангсозии корҳоро таъмин кунанд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногун таҳлил шуданд ва барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо вазифаҳои мушаххас муайян гардиданд.

Раиси вилоят зимни суханронӣ ба вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти корҳои саҳроӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Таъкид шуд, ки бо назардошти оғози мавсими киштукор масъулон уҳдадоранд шудгор, кишти барвақтӣ ва омодасозии заминҳоро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Зикр гардид, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз омилҳои калидии таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.



Ҳамзамон, масъалаи рушди соҳаи саноат таҳлил гардида, ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоя ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷаласа ба рафти даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Масъулон вазифадор карда шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳангсозиро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида, иҷрои нақшаи даъватро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

Масъалаи омодагии иншооти обрасонӣ низ баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки таъмини саривақтии оби полезӣ барои пешбурди корҳои кишоварзӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ба сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёриро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Дар идома мавсими ниҳолшинонӣ ва корҳои ободониву сабзкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, зарурати вусъат бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда таъкид шуд.

Ҳамчунин, тақвияти корҳои идеологӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ гардида, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таъмин намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода