Дар соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳияи Хуросон ба 1 миллиарду 867 миллиону 340 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 65 миллиону 623 ҳазору 800 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Носир Суризода, раиси ноҳияи Хуросон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки қисми даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 119,2 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 66 миллиону 489 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 10 миллиону 730 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
- Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои калидии иқтисоди ноҳия буда, ҳаҷми умумии маҳсулоти он ба 1 миллиарду 373 миллиону 402 ҳазору 200 сомонӣ расид ва суръати афзоиш 101,6 фоизро ташкил дод, - идома дод раиси ноҳия. - Дар баробари ин, дар майдони 3527 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуда, истеҳсоли пилла ба 5,4 тонна ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 1702 тонна баробар гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи саноат ҳаҷми истеҳсолот ба 404 миллиону 594 ҳазору 100 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 20 миллиону 490 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар соли 2025 чаҳор коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 12 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ба қавли Н. Суризода, бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтор ва истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 239 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 201 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 84,1 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Набиҷони Саидаброр,
"Хатлон"