Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ИДЕОЛОГӢ ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ БОХТАР


БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ИДЕОЛОГӢ ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ БОХТАР




Дар шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода мулоқоти васеъ бо фаъолон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр доир гардид. Чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор шуда, фазои ошкорои муколама ва ҳамкории судмандро фароҳам овард.

Вохӯрии мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами иҷтимоиву маърифатии ҷомеа бахшида шуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас, эҳтирому риояи расму оин ва анъанаҳои миллӣ, ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими арзишҳои оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва никоҳи хешутаборӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки тарбияи дурусти ҷавонон ва боло бурдани маърифати ҳуқуқиву фарҳангии онҳо аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа маҳсуб меёбанд.



Ҳамзамон зикр шуд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ истифодаи усулҳои таъсирбахши «Хона ба хона», «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» бояд густариш дода шавад. Бо ҷалби фаъолон, омӯзгорон, занони обрӯманд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозии корҳои тарғиботиву маърифатӣ зарур шумурда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ масъулин вазифадор гардиданд, ки барои татбиқи амалии масъалаҳои баррасишуда тадбирҳои мушаххас андешида, ҷиҳати таҳкими пояҳои маънавию иҷтимоии ҷомеа ва таъмини тарбияи шоистаи насли ҷавон фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намоянд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода