ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №23 ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 7 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ дар ҷамоати деҳоти Нури Вахш, деҳаи Навобод бо рафти корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 шинос шуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои иловагии муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои аҳолии деҳа амалӣ гардида, баъди анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин иқдом намунаи ҳамкории фаъоли сокинон дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.
Бинои иловагӣ аз 14 синфхона иборат буда, барои 330 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст. Иншоот якқабата буда, бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд мегардад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 80 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 68 нафар занон ва 12 нафар мардон мебошанд. 66 нафар омӯзгорон дорои маълумоти олӣ буда, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим саҳми назаррас мегузоранд.
Корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2024 оғоз гардида, то имрӯз беш аз 60 фоизи корҳои пешбинишуда ба анҷом расидаанд. Масъулин иброз доштанд, ки бо ҷалби қувваи корӣ ва таъмини саривақтии масолеҳи сохтмонӣ корҳои боқимонда дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонида мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва ба муҳлати муқарраргардида ба истифода супоридани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои хонандагон, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Мунавваршои ЗАФАР,"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...