Усули «Хона ба хона» - василаи муассири таҳкими корҳои идеологӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода бо фаъолони ноҳия мулоқоти судманд баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими корҳои идеологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона», пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ таъкид кард, ки истифодаи усули «хона ба хона» яке аз роҳҳои муассири расонидани паёму ҳадафҳои давлату Ҳукумат ба ҳар як оила мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин равиш метавонад дар таҳкими суботи ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб нақши муҳим бозад.
![]()
Дар анҷоми мулоқот аз масъулон ва фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки барои тақвияти корҳои идеологӣ, боло бурдани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти кишвар фаъолона иқдом намоянд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...