ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 7 феврал, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории қабули сайёр баррасии муроҷиату дархостҳои шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии онҳо арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни қабул 14 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун ба раиси вилоят муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, сокинон вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, бартараф намудани ҳолати садамавии канали обгузар, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, бунёди бинои нави беморхона, таъмири хатти барқ, рафъи танқисии оби ошомиданӣ ва полезӣ, таъмири варзишгоҳ, гирифтани гранти раиси вилоят барои дастгирии соҳибкорзанон ва расонидани кӯмаки молиявӣ дархост пешниҳод намуданд.
![]()
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳар як муроҷиати шаҳрвандонро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, ба масъулини идораҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати омӯзиш, баррасии ҳамаҷониба ва ҳалли саривақтии масъалаҳои пешниҳодшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки муроҷиати шаҳрвандон бояд дар муҳлатҳои муайяншуда ҳаллу фасл гардад.
Зимни суҳбат бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раиси вилоят оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2025, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва хизматрасонии тиббӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, кишти зироатҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
![]()
Дар баробари ин, оид ба таҳкими корҳои идеологӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба хона», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ таъкид карда шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Иброз гардид, ки ҳамаи масъалаҳои бардошташуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...