Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ПУЛОД” ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ПУЛОД” ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ



Имрӯз, 7 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ аз хоҷагии деҳқонии “Пулод”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Нури Вахш, деҳаи Навобод боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Пулод” дар масоҳати 3 гектар замин ташкил гардида, аз 6 нафар саҳмгузор иборат мебошад. Аъзои хоҷагӣ заминро самараноку сарфакорона истифода бурда, бо роҳандозии кишти барвақтӣ ва такрорӣ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд.

Айни замон дар 1,20 гектар картошкаи зери плёнка, дар 0,5 гектар лаблабуи сурхи зери плёнка ва дар 0,5 гектар карам зери плёнка кишт гардидааст. Ҳамчунин, дар 0,8 гектар карам аз ҳисоби кишти такрорӣ парвариш меёбад, ки барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 дар заминҳои хоҷагӣ 1 гектар картошка, 0,5 гектар гандум, 0,5 гектар гулкарам, 0,5 гектар лаблабуи сурх ва 0,5 гектар сабзавотҳои полезӣ кишт карда шудааст. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини амнияти озуқавории минтақа равона гардидаанд.

Раиси вилояти Хатлон зимни боздид аз фаъолияти хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, истифодаи оқилонаи замин, татбиқи кишти зери плёнка ва кишти такрориро намунаи хуби таҷрибаи пешқадам арзёбӣ карданд. Ба масъулин ва кишоварзон ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи тухмиҳои хушсифат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи устувори таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Мунавваршои ЗАФАР,"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода