Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БАРРАСИИ МАСОИЛИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ


БАРРАСИИ МАСОИЛИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ




Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон бо гурӯҳи васеи роҳбарони ташкилоту идораҳои низоми тартиботи ҷамъиятӣ ва сохторҳои кишоварзию замин ва дигар соҳаҳои дахлдори минтақавию шаҳрӣ ҷаласаи сайёри Комиссияи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении шаҳру минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Нахуст, муовини раиси вилоят Қурбонзода Амирхон, роҳбари гурӯҳи кории шаҳри Кӯлоб дастуру супоришоти раиси вилоятро оид ба ҳолатҳои аз сели ба вуҷудомада дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб дар рӯзҳои аз 22- юм то 28-уми моҳи апрелро ба ҳозирин шинос намуд. 
Сипас, Ҳалимзода Шералӣ, оид ба ҳолатҳои бавуҷудомада ва хисороти дар натиҷаи сели дар деҳаҳои Гулистони Ҷамоати Гулистон, Абди Авазови ноҳияи Восеъ, мавзеҳои Чилчаҳ ва Боғи Темури ноҳияи Темурмалик, рахнаи сади дарёи Оби мазори ноҳияи Балҷувон, рахнаи садди канали Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, вазъи сойи Саричашмаи ноҳияи Ш.Шоҳин ахборот дод.

Баъдан, муовинони сардорони бахши шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияи Кӯлоб оид ба ҳолатҳои омодабош ва корҳои анҷомшуда дар рӯзҳои ҳодисаҳои ба амаломада ахбороти мухтасар ироа намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки барои таъмини бехатарӣ 200 тахтасанг ва маводи сӯхт барои корҳои омодагӣ ҷудо карда шудааст ва онҳо ба ҷойҳои зарардида дастрас шуда истодаанд.

Инчунин, қайд гардид, ки маводҳои хӯрока ва дигар лавозимоти зарурӣ барои зарардидагони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик расонида шудааст.

Зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон 315 мавзеи хавфнок мавҷуд аст, ки аз ин 192 мавзеъ дар минтақаи Кӯлоб ҷойгир аст. 

Аз ин рӯ, ба аъзоёни Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба тамоми ташкилоту идораҳои ба замину сохтмон ва обёрӣ вобастабуда дастур дода шуд, ки дар рӯзҳои фавқулода дар омодабош қарор дошшта бошанд ва ниҳодҳои дахлдор вобаста ба замин ва лоиҳакаши замини шаҳру минтақа бо якҷоя бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минбаъд дар мавзеҳои хавфнок иҷозати сохтмони манзили истиқоматӣ дода нашавад ва тибқи нақшаи генералӣ амал намоянд. 

Инчунин, тибқи протоколи ҷаласа аъзоёни он вазифадор гардиданд, ки то муътадил гардидани вазъи боду ҳавои кишвар, навбатдории шабонарӯзӣ идома дода шавад.  

Ҳадаф аз баргузоррии ҷаласаи мазкур, ин пеш аз ҳама омодагии ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода