Китоби «Тоҷикон» -хазинаи тиллоии илми тоҷик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 357
Академик Бобоҷон Ғафуров зиндагии наҷибу дурахшон ва ибратомӯз ба cap бурда, номи ӯ дар таърихи илми ҷаҳон абадӣ сабт ёфтааст. Бояд гуфт, ки фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятию сиёсии Бобоҷон Ғафуров ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи навини Тоҷикистон, ташаккули инсони даврони нав, инкишофи илму фарҳанги тоҷик, таърихи ховаршиносии шуравӣ ва ҷаҳонӣ аст.
Фаъолияти гуногунсоҳа ва доманадори Бобоҷон Ғафуров ҳамчун сарвари сиёсӣ, муаррих, созмондеҳи моҳири илм ба замони таҳаввулот ва дагаргунсозиҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ рост меояд. Бобоҷон Ғафуров шоҳид ва иштирокчии бевоситаи дигаргунсозиҳо буд, ки ӯро чун шахсият ташаккул дода, дар сарнавишт ва осори ӯ нақшу таҷассуми барҷаста ёфтаанд. Бобоҷон Ғафуров дар таҷаммӯи неруҳои созандаю ақлонӣ, эҷод ва истеҳсоли бунёди иқтисодӣ ва маънавии Тоҷикистон нақши басо бориз бозида, солҳои сарвари аввали ҷумҳурӣ буданаш (1946- 1956) талош варзид, ки Тоҷикистон ба як кишвари шукуфон, пешрафта, мутараққӣ ва мутамаддин табдил ёбад.
Дар даврони сарвари Тоҷикистон буданаш Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва дигар марказҳои муҳими илмию фарҳангӣ, саноатӣ, кишоварзӣ арзи вуҷуд намуданд, ки дар амри бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон, эҳёи тамаддуни сарзамини фарҳангсоз ва фарҳангхези тоҷик нақши муассир бозиданд.
Б. Ғафуров бо кору пайкораш, ҷонфидоӣ ва ҷасорат, корномаи илмӣ ва тамоми осори пурарзиши илмии худ воқеан яке аз бунёдгузорони асили ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва истиқлоли миллии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Барои қадршиносии чунин хизматҳои арзанда Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 1997 ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.
Ба қалами ин донишманд ва муҳаққиқи сермаҳсул баштар аз 500 рисолаву мақола тааллуқ доранд, ки онҳо ба таърих ва фарҳанги тоҷикон, масъалаҳои ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии мардуми Шарқ, нақшу мақоми фарҳанги қадими халқҳои Осиёи Марказӣ дар ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ, равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сиёсӣ ва фарҳангии халқҳои Ховар бахшида шудаанд.
Бо чунин ҳама гуногунии мавзуъ ва серпаҳлӯ будани мундариҷаи эҷодиёт барои Б. Ғафуров як мавзуи асосӣ вуҷуд дошт, ки ба таҳқиқу омӯзиши ин олим тамоми фаъолияти илмӣ ва умри бобаракати хешро бахшидааст. Ин мавзуъ таҳқиқи таърих ва фарҳанги тоҷикон аст, ки чун хати сурх ва шаддаи марворид дар ганҷи мероси илмии ӯ ҷило медиҳад. Олим таърихи халқи тоҷикро бо як муҳаббати бузург омӯхтааст. Шоҳасари безаволи Б. Ғафуров «Тоҷикон» ҳамчун тадқиқоти бунёдӣ ва асил бо тавсеабахшию таҷассуми амиқ ва вусъати мавзуот ва масъалагузорӣ дар пояҳои муътамади илмию таърихӣ пажуҳиш ёфта, воқеан шиносномаи миллат, китоби рӯимизии ҳар фарди худогоҳу худшиноси тоҷик, меҳрнома ва сипосномаи ин фарзанди фарзонаи миллат ба Ватан ва халқи азизаш мебошад.
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саршори пояҳои муҳаббат ба Ватан, марзу буми аҷдодӣ, ваҳдат, озодӣ, ва истиқлоли миллӣ буда, танҳо чунин шахсиятҳое, мисли Б.Ғафуров, ки замирашон аз далериву матонат, мардиву адолат ва қалбашон аз меҳри Ватан- модар саршор аст, ҷасорат ва қудрату тавони офаридани чунин асарро доранд. Офаридани шоҳасаре мисли «Тоҷикон» ва чунин номгузории он дар замони ҳизби яккатоз худ як ҷасорат, корномаи илмӣ буд. Дар замони шуравӣ, ки мафҳуми «бародари бузург» ба мафкураи шаҳрвандони собиқ ИҶШС зӯран ҷойгир карда мешуд, хоҳу нохоҳ ҳамон ғояеро талқин менамуд, ки «бародари бузург» аз лиҳози таърих, дину фарҳанг ва тамаддун дар муқоиса бо бародарони “кӯчак” бузург, муқаддам ва пешсаф ҳастанд.
Б.Ғафуров бо ҷасорат ва фидокории худ ба ин ақидаи ботил зарба зада, исбот намуд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои бостонӣ, соҳибфарҳанг ва мутамаддин на танҳо дар қаламрави собиқ ИҶШС, балки дар тамоми ҷаҳон мебошанд. Б.Ғафуров бо ин асари худ ба шовинизми бузургдавлатӣ, даъвоҳои беасоси пантуркистон зарба зада, истиқлоли сиёсӣ, давлатӣ, фарҳангӣ, динӣ ва маънавии моро ҳимоя намуда, пояи истиқлоли миллии моро гузошта буд. «Тоҷикон» шиносномаи миллат, қомуси таъриху фарҳанги мо мебошад.
Дар илм як усули бунёдие мавҷуд аст, ки мувофиқи он ҳар як насли нав ақида ва афкори насли гузаштаро аз нигоҳи нав зери таҳлил қарор медиҳад. Албатта, он хулоса, андеша ва фарзияҳо низ, ки ба озмоиши замон тоб намеоранд, бояд аз мавқеъ ва дидгоҳи тоза арзёбӣ, маънидод ва ҳаллу фасл шаванд.
Аз нашри нахустини «Тоҷикон» беш аз ним аср сипарӣ шуд. Дар ин давра дар илми таърихнигорӣ ва ховаршиносӣ комёбиҳои нав ба даст омадаанд. Аммо як чиз мусаллам аст, ки «Тоҷикон» нақш ва осори илми таърихни гории замони худро баръало ҳувайдо месозад. Ин китоб ба хазинаи тиллоии илми тоҷик ворид гардида, дар он тамоми мазмун, моҳияти таърих ва фарҳанги тоҷикон таҷассуми худро ёфтааст. Аз ин лиҳоз Б.Ғафуровро поягузори илми таърихнигории тоҷик дар асри XX шуморидан комилан дуруст аст.
«Тоҷикон» шоҳкории безаволест, ки олим дар тӯли меҳнати 30-солаи худ эҷод намуд ва он таҳқиқоти бунёдӣ фарогири таъриху фарҳанги натанҳо тоҷикон, балки тамоми мардуми Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
Асари муҳташам, таҳлилӣ ва ҷамъбастии ин донишманди маъруф - «Тоҷикон» намунаи барҷастаи чунин тадқиқот аст. Олим таърихи халқи тоҷикро дар робита ва пайванди ногусастанӣ ва чун ҷузъи таркибии ҷараёни таърих ва тамаддуни ховарзамин ва умумибашарӣ тадқиқ намуда, дар айни замон ҷиҳатҳои махсус ва фарҳанги ба худ хоси тоҷикон ва саҳми арзандаи онҳоро ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ нишон додааст. Ончунон, ки ховаршиносони номии рус академик М.А. Коростовсев ва доктори илми таърих, профессор С.А. Утченко дар тақризашон ба китоби «Тоҷикон» нигоштаанд: «Б.Ғафуров манзараи доманадори равобити таърихӣ ва фарҳангии тоҷиконро бо дигар халқҳо инъикос намуда, таърихи бостонии тоҷиконро чун узви таркибӣ ва қисмати муҳими таърихи Шарқ ва дар айни ҳол тамоми башарият баррасӣ менамояд».
Таваҷҷуҳи Б.Ғафуровро бештар масъалаҳои аз ҳама мураккабу пурихтилоф ва печида ба худ ҷалб сохтаанд. Ӯ ҳаргиз аз масъалаҳои баҳсталаб ва сарпеч рӯй наметофт, баръакс онҳоро мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор дода, мекӯшид, шарҳу тавзеҳ диҳад ва дигаронро низ ба мубоҳисаи илмӣ даъват менамуд.
Арзиш ва аҳамияти илмии асари ҷамъбастии Б. Ғафуров танҳо бо он, ки вай яке аз тадқиқотҳои бунёдӣ ва муҳташам доир ба таъриху фарҳанги тоҷикону халқҳои Осиёи Марказӣ аст, маҳдуд намегардад. Асари мазкур дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Шарқ ба куллӣ саҳми арзанда гардид. Далели он аз тарафи аҳли илм баланд арзёбӣ ва эътироф шудани маҳсули меҳнати донишманди тоҷик ва т а р ҷ у м а ю нашри «Тоҷикон» ба забонҳои гуногуни ҷаҳон аст. Ба китоби «Тоҷикон» бостоншиносон, муаррихон, ховаршиносони номии рус ва хориҷӣ аз қабили академикҳо Б . Б . Пиотровский, А . П . Окладников, И . И . Минс, А.А.Коростовсев, А.Л.Нарочнитский, С.Л.Утченко, Р. Фрай, И. Бечка ва дигарон тақриз навишта, ба он баҳои баланд додаанд.
Китоби «Тоҷикон» дар хориҷи кишвар низ шуҳрат ёфта, дар байни ховаршиносони маъруфи хориҷа гарм пазируфта шуд. Масалан, яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ, муаллифи китобҳои «Мероси Эрон», «Бухоро» профессори донишгоҳи Гарварди Амрико Р. Фрай дар маҷаллаи «Ахбори муаррихони Амрико» зери унвони «Академик Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон»» мақолае навишта ба китоб ва муаллифи он чунин баҳо дода буд: «Беназирии академик Б.Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё на танҳо fз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ раиси Пажуҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС - бузургтарин маркази ховаршиносии ҷаҳонӣ мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кутоҳтарин муддат комёбиҳои гӯшношунидро ноил гашт. Агар зарурияти тарҷумаи англисии ягон асар оид ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон» аст».
Соли 1977 фаслҳои алоҳидаи «Тоҷикон» ба забони ҷопонӣ дар яке аз маҷаллаи Ҷопон «Шоҳроҳи абрешим», соли 1978 тарҷумаи пурраи он ба забони полякӣ дар Варшава аз чоп баромад. Соли 1984 дар Кобул «Тоҷикон»-и Б. Ғафуровро муаррихи маъруфи Афғонистон, профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ аз рӯи чопи Душанбе дар ду ҷилд ба забони дарӣ нашр намуд. Соли 2006 дар Ҳиндустон «Тоҷикон» дар ду ҷилд ба забони англисӣ аз чоп баромад.
Соли 1998 ба муносибати 90-солагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров китоби «Тоҷикон» бо пешгуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз ду ҷилд, дар як китоб гирд оварда шудааст, бо ҳуруфоти имрӯзаи тоҷикӣ ва ҳуруфоти арабиасоси тоҷикӣ бо теъдоди 5000 нусха бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар Теҳрон дар коғази аълосифат ба табъ расид.
Соли 2008 бахшида ба 100-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» бори дигар аз чоп баромад.
Соли 2011 ба исти қболи 20-солагии Исти қлоли давлатии Тоҷикист он «Тоҷик он» ба забони англис ӣ дар тарҷ умаи олими намоёни тоҷик пр офесс ор Парвона Ҷамшедов дар нашриёти «Ирф он» аз рӯи матни русии ин кит об ба табъ расид .
Ҳамин тавр, шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дар давоми қариб ним аср беш аз 10 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, полякӣ, дарӣ, ҷопонӣ, англисӣ бо теъдоди умумии қариб 130 ҳазор нусха ба табъ расидааст, ки он далели маҳбубтарин ва серхонандатарин будани ин асари нодир маҳсуб меёбад.
Шоҳасари безаволи Б.Ғафуров «Тоҷикон» меҳрномаи ӯ ба халқи азизаш, китоби ваҳдат, худшиносӣ ва худогоҳии миллат, китоби ҳикмат ва ҳидоят ба фардои дурахшони тоҷикон аст.
Садбарги Исо
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...