Симои Пешвои миллат дар асари “Меъмори ваҳдат”- и Ш. Ҳаниф ва С. Мирзошоҳ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 401
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин ташаббускор дар масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Аввалин сухане, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ гуфта буданд, масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани гурезагони тоҷик буд. Савганд ёд намуд: «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!». Дар ҳақиқат, роҳбари муаззами мо барои амалӣ намудани ин ормонҳои беназир ҷонбозиҳои зиёд намудаанд. Ҷони худро ба хатар гузошта, барои баргардондан ва истиқрори сулҳу осоиштагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои беназир намуда, ба савганди додаи худ содиқ монданд.
Рафтори шоистаи Роҳбари муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрати натанҳо мардуми тоҷик, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин фарзонафарзанди миллати тоҷик аҳли зиё, аз ҷумлаи шоирону нависандагони номӣ, публитсистону рӯзноманигорони машҳур, олимону таърихшиносони шинохта асарҳои бадеӣ, публитсистӣ, илмӣ ва таърихӣ эҷод намудаанд, махсусан дар соҳаи публитсистика барои муаррифии симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои арзишманд эҷод шудааст.
Яке аз адибони барҷаста ва публитсистони шинохтаи тоҷик, ки вобаста ба ин мавзуъ асар эҷод намудааст, Шодон Ҳаниф мебошад. Шодон Ҳаниф бо ҳаммуаллифии ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Султони Мирзошоҳ китоберо дар жанри публитсистика бо номи “Меъмори Ваҳдат”, ки соли 2004 дар нашриёти “Сарпараст” ба табъ расидааст, таълиф намудаанд. Дар ин қисса муаллифон симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои хонанда мекушоянд. Ин қисса саропо ба воқеият такя карда, аз факту далелҳо иборат аст. Бояд гуфт, ки асари номбурда то андозае ба талаботи ҳам қисса ва ҳам очерк ҷавобгӯ мебошад.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои он вобаста ба талаботи сиёсӣ соҳибистиқлол шуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор намонд. Ҷумҳурии мо истиқлол ба даст овард. Аммо дар ибтидои истиқлол мо натавонистем ба қадри ин неъмат расем ва гирифтори фоҷеа гардидем. Сарнавишти давлат ва давлатдории миллӣ зери хатар монд. Яке аз сабабҳои ин даргирӣ надоштани Раҳбари сиёсӣ буд. Хушбахтона, дар ибтидои ин даргириҳои сиёсӣ ва фоҷеа чунин шахсияти сиёсӣ дар симои фарзанди баруманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кард ва пеши хатари шикасти давлатдории миллиро гирифт. Маҳз ҳамин шахс тавонист, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ давлату миллатро аз нобудшавӣ наҷот диҳад ва сулҳу ваҳдати миллиро пойдору устувор созад, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш созад.
Вақте қиссаи “Меъмори Ваҳдат”-ро мутолиа месозем, хулоса менамоем, ки муаллифон тавонистанд симои мондагори Пешвои миллатро офаранд. Хидматҳои таърихии ин шахсият дар таъмини ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдорӣ ва рушди тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа дар асари мазкур беназир ба қалам дода шудааст. Ин асар барои муаррифии шахсияти Сарвари давлат ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хизмат намудааст.
Китоби “Меъмори Ваҳдат” аз 13 фасл иборат аст. Дар ин асар мо пайванди мантиқии воқеият ва бадеиятро хеле хуб дарк мекунем. Ҳар як боб ба як мавзуъ, ба як ҷанбаи таърихии фаъолияти Сарвари давлат бахшида шудааст. Фаслҳои «Ҷони оча», «Себи тиллоӣ», «Ҷасорат», «Лаззати зардолуҳои Ишкошим», «Паёми хосдеҳ», «Сӯиқасд» ва ғайра хонандаро ба як дунёи рангини хаёлот мебаранд.
Масалан, дар пиндори мардуми мо себи тиллоӣ насиби касе мегардад, ки ӯ инсони комил аст ва ӯро ба пирӯзӣ ва хушбахтӣ мерасонад. Чунин андешаҳо дар осори бадеию хаттии мардум фаровон истифода гардидааст. Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки дар симои шахси себи тиллоӣ насибашгашта Роҳбари давлатро нишон диҳанд.
Вақте ки муаллифон мегӯянд: “Пешвои миллат будан кори саҳл нест”, воқеияти сиёсӣ дорад. Маҳз фаъолияти пайваставу доимии Сарвари давлатамон гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки симо ва иродаи қавии Роҳбари муаззами миллатамонро ба риштаи тасвир кашанд. Ин образи дарасаромада комилан мантиқист ва воқеиятро фаро мегирад. Масалан, дар хусуси ҷасорати Ҷаноби Олӣ дар очерк чунин омадааст: “Тайёра дар тӯли роҳи ҳавоӣ гоҳ аз паҳлуи кӯҳҳои сиёҳфом ва гоҳо андаруни абрҳои қандбарин сафед гузашта парвоз мекард, вай дар интиҳои роҳи парвози худ дар қарибии шаҳри Хоруғ аз тангие, ки гӯё табиат онро ҳамчун дарвозаи сарзамини Помир устувор кардааст, бо сад эҳтиёт гузашта, ба майдони ҳавоии соҳили Панҷи ноором фуруд омад”. Дар ин тасвир муаллифон дар интихобу таносуби ҷузъиёт, рамзу маъноҳои маҷозӣ ва робитаи онҳо дар таҷлили мақсаду пинори қаҳрамони марказӣ маҳорат зоҳир намуда, ба инъикоси бадеии андешаҳои хеш муваффақ гардидаанд: тайёра, роҳи ҳавоӣ, кӯҳҳои сиёҳфом, абрҳои сафед, тангии роҳ, эҳтиёткорӣ, майдони ҳавоӣ, Панҷи ноором ва ғайра тозакории мушоҳидаҳои муаллифон дар ин фасл аз иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин пешниҳод мегардад: “Ба минтақае нияти рафтан дошт, ки дар тамоми даврони давлати Шӯравӣ касе аз роҳбарони олимақоми ҷумҳурӣ пой бар он нагузошта буданд”.
Суҳбат бо Роҳбари давлат барои мардумони меҳнатқарин қувваю неруи тоза мебахшид ва умед ба ояндаи мамлакатро қавӣ менамояд. Ҳамчунин, Сарвари давлат аз тарзи қабули мардум хеле хурсанд буд. Ин сафар умеди Роҳбари давлатро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон садчанд намуд, он кас боварӣ ҳосил намуданд, ки мардуми тоҷик ба ваҳдату якпорчагӣ ва ғалабаҳои нав ба нави меҳнатӣ мерасад.
Дар фасли “Боғи зоғон” хонанда ба шахсияти сиёсиву таърихии миллат Эмомалӣ Раҳмон шинос гардида, фурӯтанӣ, хоксорӣ ва самимияти ӯро эҳсос мекунад. Тасвири муносибати самимонаи Сарвари давлат ба мардумони одии деҳот аз ташаккул ва таҳаввули камолоти маънавии Роҳбари муаззами миллат ҳамчун абармарди арсаи сиёсат гувоҳӣ медиҳад. Дар ин фасл хонанда хеле хуб пай мебарад, ки ба сулҳу ифоқа овардани мардуми минтақаҳои кишвар кори осон нест ва касоне ин корро карда метавонанд, аз ҷони худ гузашта барои сарнавишти давлату миллат масъулият эҳсос мекунанд. Маҳз ҳамин ҷонфидоист, ки мардум аз Сарвари давлат ҳамчун як шахсияти фавқулода ном мебаранд ва барҳақ ӯро меъмори сулҳу ваҳдат мешуморанд ва эътироф менамоянд.
Дар фасли «Сӯиқасд» дар хусуси ҷасорату ҷонбозиҳои Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бавижа матонату истодагарии он кас сухан меравад. Бо тасвири ҳолати сӯиқасд ба ҷони Президент муаллифон гуфтан мехоҳанд, ки ҳеҷ гоҳ душманон ба ин ниятҳои нопоки худ намерасанд. Зеро халқ бо Президент ҳасту Президент бо халқ.
Дар қиссаи минбаъда ҷузъиёти тасвир, лаҳзаҳои лирикӣ ва манзаранигориҳо хеле ҷолибу дилкашанд. Дар боби аввали асар, ки «Ҷони оча» ном дорад, роҳи сиёсии Сарвари давлат бо дуои Модар оғоз меёбад ва ин дуо барои бақои халқу миллат ва давлату Истиқлол низ дуои муқаддас аст.
Аҳамияти дигари қиссаи “Меъмори Ваҳдат” дар он аст, ки барои наслҳои имрӯзу фардои миллат ҳамчун роҳи раҳоӣ аз буҳрон нақши чеҳраи сиёсӣ дар ғановати маънавию хиради сиёсии ин шахсияти фавқулода басо воқеӣ тасвир ёфтааст.
Дар асар истифода шудани хотира, мушоҳида, санаду далел, ҳуҷҷатҳо, асноди расмӣ ва воқеӣ ҳамчун манбаи боэътимоди таърихӣ барои омӯзиши як давраи сарнавиштсози миллат бисёр муҳим аст.
Алишери Абдулмаҷид,
устоди ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...