Достони Пешво
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 395
Заҳмату талошҳои хастагинопазир, корномаву ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осори адибон ба таври густарда таҷассум ёфта, барои насли наврасу ҷавони меҳан боиси омӯзишу пайравӣ мебошад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат омадан ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсӣ аз худ қаҳрамонии зиёд нишон дода, дар лаҳзаҳои мушкилу ҳассос барои халқу миллати тоҷик аз роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид дурусту саривақтӣ истифода намуданд.
Маҳз бо худгузаштанҳо Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо ҷониби мухолифин дар вазъияти хавфнок вохӯрда қарордоду санадҳои оташбастро ба имзо расониданд, ки чунин амалро на ҳамаи сиёсатмадорону роҳбарон иҷро карда метавонанд.
Азму иродаи қавӣ, донишу ҷаҳонбинии фарох, ватандӯстиву хештаншиносии Сарвари давлатамон буд, ки ҳамаи он монеаҳои бавуҷудомадаро маҳз дар такя бо халқ бартараф намуда, чунин фазои осоиштаро барои ҳар фарди ҷомеа таъмин намуданд.
Адибону публитсистон, журналистону ҳунармандон ва мардуми азизамон азму талошҳои бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар осору зеҳни худ ҷой намуда, онро бо муҳаббати хосса ифода кардаанд. Яке аз адибони ваҳдатсаро, ки дарунмояи осори ӯро раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати суботкоронаи мардуми шарафманди кишвар, бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад, Муҳаммад Ғоиб мебошад. Адиб қариб дар тамоми маҷмуаҳои шеърии худ, аз ҷумла “Фарёди ёдҳо” (1998), “Поси ошноӣ” (2008), “Ифтихор” (2011), “Достони Пешво” (2018) ва ғайра инсонҳоро ба дӯстиву рафоқат, эҳтирому муҳаббат, дӯстдории марзу буми Ватан даъват намуда, дар ин масир кору фаъолияти Сарвари давлатамонро намунаи ибрати дигарон ба қалам медиҳад.
Адиби боистеъдод Муҳаммад Ғоиб дар маҷмуаи худ «Достони Пешво» корнамоиҳои ибратомӯз ва хислати инсондӯстии Пешвои миллатамонро хеле воқеъбинонаву таъсирнок ба қалам додааст. Мардуми кишварамон ба Сарвари давлат муҳаббату эҳтироми баланд доранд, ки ин аз инсондӯстиву хирадмандии Ӯ дарак медиҳад. Ҳамин ҷиҳатро адиб Муҳаммад Ғоиб мушоҳида намуда, чунин ба қалам додааст:
Беғубории дилатро карда ҳис оинаҳо,
Ҷо туро доданд дар кохи бузурги синаҳо.
Ҳар куҷо, ки лашкари меҳри туро медидаанд,
Мекашиданд оҳи ҳасрат даста-даста кинаҳо.
Дар давоми 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон садҳо иншооти хурду бузург бо роҳнамоиву дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуданд, ки ба беҳтар гаштани симои кишвар ва сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат намуданд. Раванди чунин корҳои созандагиву бунёдкориро адибон, бахусус Муҳаммад Ғоиб низ баён намудаанд. Яке аз иншоотҳои азими аср, ки симои миллат дар он таҷассум меёбад, бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Сарвари давлат бо азму иродаи қавӣ дар марҳалаи басо мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ба сохтмони он шуруъ намуданд.
Хушбахтона, мо шоҳиди ба истифода додани ду агрегати он гаштем. Ин ҳамаро адиби ваҳдатсаро Муҳаммад Ғоиб дар “Шеъри Роғун”, ки ҳамовозӣ ба Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, басо ҷолибу муассир ифода намудааст:
Хуфтаро бедор кардӣ бо сухан,
Шуд ҳамовозат ҳама халқи Ватан.
Баъд аз ин аз боби Роғун гап равад,
Дар раҳу дар раставу дар анҷуман.
Навҷавон гӯяд: - Ба Роғун меравам,
Дав-давон гӯяд ба Роғун меравам.
Пири аз по монда ҳам дар ин хаёл,
Нотавон гӯяд ба Роғун меравам...
Миллати ориёӣ, ки асосан ба халқи тоҷик нисбат медиҳанд, ҳамчун мардуми сарафрозу ватандӯст ифода ёфтаанд. Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбату мулоқот ва баромадҳои худ аз хислати мардуми ориёӣ ёдовар шуда, моро барои омӯхтани таъриху фарҳанги пурғановатамон роҳнамоӣ мекунанд. Муҳаммад Ғоиб дар “Достони Пешво” ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намуда, он ҳамаро дар шеъри “Ориёӣ” басо воқеӣ ва дилнишин ба қалам додааст:
Гарди Ватан ба хирмани гавҳар намедиҳам,
Реги раҳи диёр ба мармар намедиҳам.
Як зарра нангро ба ҳама зар намедиҳам,
Дунёи нангу ор манам, ориёиям,
Ман ориёиям, асари сарбаландиям,
Осудагии ман бувад аз бегазандиям.
Ман мардумам ба дида зи мардумписандиям,
Дунёи нангу ор манам, ориёиям…
Мутоилаи манзумаи “Достони Пешво”-и Муҳаммад Ғоиб ба руҳияи хонанда бетаъсир набуда, моро ба дунёи зебоӣ мебарад. Ба таъкиди адиб ҳар фарде, ки дар суҳбати Пешвои миллат менишинаду баромадҳояшро бо диққат гӯш мекунад, дармеёбад, ки ӯ дарвоқеъ фарди ватандӯсту хештаншинос аст. Дар шеъри “Ибратомӯз” ин ҳамаро шоир таъсирбахш ба қалам додааст:
Чи хушбахт аст инсоне, ки бо ту ҳамсафар гардад,
Зи роҳи ҳастию маънии умраш бохабар гардад.
Зи хотиррафтаро бар хотир орад, ӯ дигар гардад,
Зи ту ибрат бигирад, хуб бошад, хубтар гардад.
Ба таъкиди Муҳаммад Ғоиб, ватандор он нафарест, ки барои ободиву пешрафти он ҷаҳду талошҳои хастагинопазир намуда, ба ин васила қарзи фарзандии худро дар назди халқу миллат иҷро мекунад. Дар манзумаи “Достони Пешво” адиб Муҳаммад Ғоиб шеъреро таҳти унвони “Азми Пешво” овардааст, ки дар он кӯшишҳои бунёдкоронаи Сарвари давлатамонро таҷассум мекунад.
Чароғи равшани ҳар анҷуман ҳастед,
Фурӯғи субҳи пурнури Ватан ҳастед.
Макони рӯшноӣ мешавад меҳан,
Ба нури ақли худ зулматшикан ҳастед.
Забон номи Шуморо ҳар замон гирад,
Ба ҳар гуфтори мардум сарсухан ҳастед.
Агар сарсабзии мулк аз Шумо дорад,
Ба лавҳи сабзи ҳар боғу чаман ҳастед.
Сухан гӯед аз обу зи ободӣ,
Ба ҷойи сад ҳазорон Кӯҳкан ҳастед.
Ба дарди ноумедӣ ҳам даво ёбед,
Табиби беназири ҷону тан ҳастед.
Шумо меъмору Сомонии давронед,
Шумо навсози даргоҳи куҳан ҳастед.
Умуман, дар манзумаи “Достони Пешво”-и Муҳаммад Ғоиб фаъолияту талошҳои ватандӯстонаву самаровари Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври воқеӣ ва муассир ифода ёфтаанд, ки онҳо ба руҳияи хонанда таъсири амиқ мерасонанд. Тасвири чунин корнамоиҳо ба руҳияи насли наврасу ҷавони кишварамон таъсири мусбат расонида, онҳоро барои иҷрои қарзи фарзандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа роҳнамоӣ мекунад.
Сангимурод Шарипов,
номзади илмҳои филология
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...