Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар корзори Роғун


Дар корзори Роғун



Рӯзҳои дар сохтмони аср, пайкари нуру зиё - Роғун будан аҷаб нашъае дорад. Дар миёни кӯҳҳои осмонбӯс дар синаи зартеғ, ки чор тарафро муъҷизаҳои табиати афсонавӣ пӯшондааст, бо кормандони неругоҳ ва мутахассисон ошноӣ пайдо намудам. Он лаҳзаҳо ҳамсуҳбатам муҳандиси хушсалиқа Нуриддин буданд. 

Нуриддин хатмкардаи Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ буда, дар ҷодаи хеш собиқаи калони корӣ дорад. Ӯ дар бунёди неругоҳи овозадори Сангтӯда саҳм гузоштааст. Инак, чанд сол аст, ки чун мутахассиси варзидаи тоҷик дар эҳёи Роғун заҳмат мекашад. Вай бо шодмонӣ ва ҳисси ифтихор дар бораи созандагони ин кохи бузурги ҷаҳон ҳарф мезанад ва аз кору пайкори коргарони сарбанд, нақб, обпарто ва садди обгузар маълумот медиҳад. Мо бо ҳидояти ин марди наҷиб бо рафти корҳои созандагии зеризаминии нақб, шахтаю шаҳре, ки дар зери кӯҳҳо, дар синаи сангарҳо бунёд шуда истодааст, ошно гардидем ва дидем, ки дар зери замин, дар масофаи садҳо метр корномаи қаҳрамонӣ, диловарӣ, шуҷоат бо чӣ шукуҳе ҷараён дорад. Бо дидани ин манзара дарк менамоӣ, ки тамаддуну фарҳанги муҳандисии тоҷикон назир надорад ва чунин бунёдкориро дунё то ин дам надидааст. Охир дар ин қалби кӯҳҳо беш аз 15 ҳазор коргар ва садҳо нақлиёту таҷҳизоти пурқудрат дар майдони ҳарбу зарб қарор доранд. Барҳақ, Пешвои миллат, эҳёгари Роғун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавлидсозандаи ин неругоҳ ва илҳомбахши созандагони неругоҳ мебошад. Зеро маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯз Роғун ба майдони корзор табдил ёфтааст. Дар атроф фасли пойиз, ҳукмронӣ дорад ва табиат ғарқи баргҳои тиллоӣ гаштааст, аммо дар ин гӯшаи Ватан- Роғуни тоҷикон бунёд меёбад ва шуҳрати он мисли мусиқии гуворое ба саросари олам танинандоз мегардад.

Аз бародари муҳандис ҷудо шуда ба баландӣ мебароям. Аз ин ҷо атроф чун дар кафи даст менамояд. Дар пошнаи кӯҳҳои пурасрор оби дарёи Вахш ором равон аст. Дарё кабудфом метобад. Дар қалби кӯҳҳо техникаҳои пуриқтидор равуо доранд ва садои беисти ғурриши трактору таҷҳизотҳои пармакунӣ ба гӯш мерасад. Аз ин ҷо манзараи сохтмонӣ майдони бузурги корзорро мемонад. Муъҷизаи муборизаи инсон бо табиат ва сукути кӯҳҳо.

Дар гӯшае коргарон садди обгузар месозанду дар гӯшаи дигар бо ҷадал лӯлаеро кафшер доранд. Корҳои бетонрезӣ лаҳза ба лаҳза авҷ мегирад ва касе монда намешавад. Мошинҳои пуриқтидор шағалу хок мекашонанд ва дар канори хамгашт роҳро убур карда поён мехазанд. Мехоҳам толори мошинҳою трасформаторҳоро бинам, аммо ҳушу ёдам ҳамоно ба садои ғурриши нақлиёт ва девораҳои Роғун банд аст. Ин дам беихтиёр шеъри устод Бозор Собирро зери лаб такрор кардам:
Девораи кӯҳ- бинои Роғун,
Сад ҷо намоён аз ҷойи Роғун.
Занҷири дарё дар пойи Роғун,
Оташ шавад об дар пойи Роғун.

Толори мошинҳо барҳақ коргоҳи бузургеро мемонад. Иншоот мисли қафасоб аст, ки техникаҳои боазаматаш хазидаю тапида дар ҳаракатанд, садои таҷҳизот бошад, овозҳои дигарро пахш  мекунад. Онҳо дар қаъри замин, гӯё қалби иншооти аср мебошанд, ки пайваста дар такопӯянд. Толори мошинҳо дар дарозии беш аз 200 метр ҷойгир буда, бо чуқурии 400 метр аз сатҳи замин сохта шудааст.Таҷҳизоти насбшуда, беназиранду тобовар. Толори мошинҳо яке аз нодиртарин кашфиёти муҳандисӣ буда,барои омӯзиши геологӣ сейсмология имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Бешубҳа, иншооти бештари неругоҳи Роғун тибқи лоиҳа дар қалби кӯҳҳо ва зери замин бунёд ёфтаанд. Вақте кас ба паҳнои нақбҳо, сақфу фаршҳои бо оҳану бетон бандубастшуда менигарад, пай мебарад, ки тоҷикон нахустин шуда, дар зери кӯҳҳо як шаҳри азими барқӣ бунёд кардаанд. 

Дар Роғун табиат ҳазору як ранг дорад. Атрофи нерӯгоҳи азими асрро шоҳкориҳои табиати афсонавӣ гӯиё гулкорӣ кардааст.

Аз нишебу фарози кӯҳсорон ҳавои мушкбезе ҳамоно сайр дорад. Дар ин ҳавои хунуки тирамоҳӣ дар қалби кӯҳсорон корзори мардони баору номус дар ҷӯш аст. Хаёле ин дам дар синаи кӯҳ нақши тешаи Фарҳоди кӯҳкан пойбарҷост. Дар Роғун барҳақ табиат барои эҳёи ин марзу бум дари файзу нусраташро кушодааст. Иқлим, боду ҳавои мусоид, дарёи равон маъвои писандидаи мардум гаштааст. Ин дам гӯё дарё мавҷ мезанад, кафк мекунад ва суруди он тавлид мешаваду розҳояш ифшо мегардад. Ин ҷо ҳар қатраи об ба нур табдил ёфтааст. Нурҳо аз синаи оби соф манша гирифта, ба қисми обпарто мерезанд. Акнун руд чун уди Рӯдакӣ захма ба торҳои қалб мезанад ва аз оҳанги уд суруди дарё замзама дорад. Сояи кӯҳи азим болои нақбу майдони користонро пӯшонда аст. Часпу талош лаҳзае қатъ намегардад, балки равуои беисти нақлиёт дар доманаи кӯҳистон идома дорад. Кӯҳ ва табиати пурасрори Роғун ба сукут рафтаанд. Оре, барои табиат ҳам сохтмони неругоҳ гӯё сабру таҳамул бахшидааст, ки атроф қабои нозуке ба бар кардааст, вале аз ин сардиҳо касеро парво нест, зеро ин ҷо манбаи тавлиди нур аст.

Рӯзи дуюм ҳангоме, ки мо ба макони нурофарон расидем, ҳаво хунук шуд. Равшан гашт, ки сардиҳои рӯзҳои охир дар табиат нақши худро гузаштааст. Аммо дар роҳҳо осоре аз лой нест, балки равуои нақлиёт, набзи меҳнат ба чашм мерасад. Дар ин ҷо мо бо директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун Сафарзода Хайрулло Амиралӣ вохӯрдем. Ин марди қавипайкар, ки лаҳзае оромӣ надорад, бо як таҳаммул, нигоҳи андешамандашро аз атроф намеканад. Ӯ аз нигоҳи кунҷковонаи мо чизеро пай бурд, ки афзуд, Роғун майдони нангу номуси ватандорӣ ва коргоҳи талошу диловарист. Ин хунукию сардӣ ҳам ягон мушкиле эҷод намекунад, балки ҳоло коргарон аз пештара дида зиёдтар фаъоланд. Ва шубу рӯз кор ҷӯш мезанад. Дар ҳақиқат, Хайрулло Сафарзода дилдодаи кору ҳунари хеш аст. Ӯ аз соли 2012 то инҷониб масъулияти баландеро ба дӯш дорад ва чун фарзанди боиродаи тоҷик паи эҳёи Роғун пайваста заҳмат мекашад. Вай зиёда аз даҳ сол аст, ки дар Неругоҳи барқи обии Роғун чун роҳбар фаъолият карда, таҷрибаи бои корӣ пайдо намудааст. Хайрулло Сафарзода иброз дошт, ки маҳз ташаббускорӣ, иқдомҳои неки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди чанд соли таваққуф дар Неругоҳи барқи обии Роғун кор аз нав шуруъ гардид. Ин сохтмони аср бо ҳидояту пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба майдони користон табдил ёфтааст.

Бешубҳа, дар як муддати кӯтоҳ дар худи шаҳри Роғун даҳҳо биноҳои истиқоматӣ, мактабу биноҳои маъмурӣ, гармидиҳӣ аз нав таъмиру тармим шуд ва шароити корҳо беҳтар гаштааст.

Ошноӣ бо корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозӣ ба кас як ҷаҳон ҳаловат мебахшад ва бори дигар ба дастони ганҷофарини коргари тоҷик аҳсану офарин мехонад. Дар ду нақби обпарто, бинои асосии Неругоҳ ва майдони обполоӣ корҳо бо ҷӯшу хурӯш давом доранд. Дар ин ҷо касе бекор нест. Ҳар кас кори худашро нағз медонад ва садои агрегатҳо мисли мусиқии ошное лаҳзае қатъ намегардад. Акнун шӯру валвалаи дарёи Вахши саркаш қатъ шудааст. Дарё мутеи коргарон аст. Дар ҳақиқат, Неругоҳи Роғун бузургтарин иншооти муҳандисӣ дар олам мебошад. Неругоҳи барқи обии Роғун аз шаш агрегати дорои тавоноии ҳар кадомаш 600 мегават иборат аст ва солона дар Неругоҳ 13,4 млрд кВт соат неруи барқ истеҳсол мегардад, баландии сарбанди Неругоҳ 335 метр хоҳад шуд.

Шаҳраки коргарӣ майдони ҳақиқии нангу номусро мемонад. Равуои беисти нақлиёти хурду бузург ба мушоҳида мерасад. Ҳангоме, ки нақлиёти махсус коргаронро аз маҳалли зисташон ба нақби обпарто бурд, қатори навбатии мошинҳои пуриқтидор баргашт. Дар ҳақиқат тамошои техникаҳои гуногунтамға касро ба ҳайрат меорад. Ҳайрату тааҷҷуби моро марди миёнаумре, ки дар тан либоси махсуси сиёҳ дошту беихтиёр наздам омада, худро шинос кард ба худ ҷалб кард: Рустам Саидов ронанда:
-Ман каме даступо гум карда хостам худамро муаррифӣ кунам, ки афзуд.

-Маълум, меҳмонед. Аз шаҳр?

- Бале гуфтам.

-Техника, мошинҳо бисёр шуд.

-Оре, магар ин қадар техника боиси шуҳрату эътибор нест?

-Рост гуфтӣ, - илова кард акаи Рустам.

-Охир ман дар замони Шуравӣ дар бунёди неругоҳи Норак фаъолият доштам. Он вақтҳо бо вуҷуди иқтидори Шуравӣ чунин техникаи пуриқтидор набуд. Ҳоло техникаҳои навро бубинед, ба гуфте кӯҳро талқон мекунанд. Худи ман дар мошини «МАЗ» кор мекунам. Шукр, ки шароитамон нағз, бо хӯроки гарму маош пурра таъмин ҳастем. Акои Рустам ронанда ҳам бошад, дилдодаи касбу ҳунар, номбардори обу хоки аҷдодӣ будааст. Ӯ баробари дар бораи кори нақлиёту техника маълумот доданаш афзуд, ки дар нақб таҷҳизоти муосирро насб кардаанд, ки кори пармагарону муҳандисон ва коргаронро хеле осон намудааст. Ин дастгоҳҳо имконият медиҳад, ки дар баландии кӯҳпораҳо бонизом фаъолият намоянд. Ва ана ҳамаи ҳамин техникаи муосиру пуриқтидорро худи коргарони тоҷик идора мекунанд. Ин дам чеҳраи ӯ мисли гул шукуфт. Дар сардии ҳаво дидам, ки як ронандаи одӣ бо чӣ қадар ифтихору садоқат андешаронӣ дорад. Вай аз шамолу сардӣ, ки торафт шиддат мегирифт, парвое надошт. Ӯ моро ба ошхонаи коргарӣ даъват кард. Аз ошхонаи муҳташам бӯи иштиҳоовари хӯрокҳои болаззат ба машом мерасид. Дар ин ҷо дар як навбат садҳо нафар хӯрок мехӯранд. Ороишу ҷиҳози он ҷавобгӯй ба талабот аст. Дар ошхона барои истироҳату фароғати коргарон тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам овардаанд, берун аз ошхона, биноҳои гуногун ба ҳусни атроф ҳусни дигаре зам намудааст…

Боз шефтаю шайдои иқлим, табиати дилангези Роғун шудам. Хаёлам, насими рӯҳбахши дарёи Вахш моро ноаён сӯи хеш мехонд. Овози пуртуғёни дарёро аз наздик ва қад-қади он равон шудам. Охир дарёи Вахш бузургтарин рӯдест, ки нур меофарад ва дар ҳар километри дарозии худ 12,2 ҳазор кВт. иқтидори энергетикиро маҳфуз медорад. Аз Вахш дар як сол 34 миллиард киловат - соат барқ ҳосил кардан мумкин аст. Дарозии дарёи Вахш 386 километр аст, ки он дар қатори дарёҳои Енисей, Нил, Ангара, Норин бузургтарин тавлидкунандаи барқ дар олам ба шумор меравад.

Албатта, бахти миллати тоҷик аст, ки Худованд барояш чунин муъҷизаи табиатро ато кардааст. Оре, Вахш бемуҳобот муъҷизаи табиат аст. Агар шумо боре ба ҳам пайвасташавии дарёҳои Сурхобу Хингобро мушоҳида карда бошед, баръало пай мебаред, ки Тоҷикистон кишвари афсонавӣ мебошад. Охир маҳз дар ҳамин саргаҳи рӯд-дарёи Вахш тавлид меёбад. Номгузорӣ гардидани Комсомолобод ба Нуробод ҳам аз ҳамин муъҷиза ибтидо гирифтааст.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибони сарватҳои табиӣ, кошифи розҳои кӯҳистон аст. Дар ҳар як баромади худ таъкид намуданд, ки мо бояд ба қадри ин табиати худодод сарватҳои нотакрори диёр бирасем. Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: «Бахти баланди мост, ки ҳарчанд захираҳои бузурги нафту газ надорем, вале табиат сарзамини зебои моро бо сарвати бебаҳову беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои камназири дарёҳо шодоб гардонидааст, ки аз баракати онҳо Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. То шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд».

Бешубҳа, Тоҷикистон диёри обҳои мусаффо аст. Аз рӯи пешниҳоди мутахассисон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор рӯду сой ва обанбару дарёҳои хурду азим ҷойгиранд, ки дарозии умумиашон ба навад ҳазор километр мерасад. Ва ана ҳамин обҳо манбаи адонашавандаи барқ мебошанд. Албатта, баъди бунёди неругоҳи азими Роғун эҳёи неругоҳҳои азими дигар низ дар кишварамон дар назар аст. Зеро дарёҳои кишвари афсонавии мо ба ҳамаи ин шоҳкориҳои аср имконият додаанд. Дар ин миён дарёи Вахш чун манбаи нуру зиё ягонаву беҳамтост. Дар оғӯши Вахш, Роғун чун умеду пирӯзии миллати тоҷик эҳё мегардад… Ин дам аз қалби користони Роғун нидои руҳбахше ба атроф танинадоз аст, ки дар паҳнои дара хонаи об бунёд мешавад ва нури Роғун тавлид меёбад.

Дар ин фасли сол, ки айёми пойиз ҳукм меронад, осмон гӯё бо як ранги муқаррарӣ афтодаву аз ҳоли сардӣ ба танг омадааст. Дар фазои Роғун бошад, абрпораҳо мисли заврақҳои нақшин шино намуда, осмони софу беғуборе аксандозӣ дорад. Табиат ҳам ба корномаи Роғун аз умқи осмонҳо бо ҳавас менигарад. Ва бо навои дарё ҷӯр гашта, ба нурофарон гӯиё таъзим мекунад.

Оре, Роғун армони миллати тоҷик аст. Онро бо ҳар баҳое набошад, бояд сохт! Пешвои маҳбуби миллат, ки устоди зиндаёд Бозор Собир, барҳақ «Бастакори ГЭС-и Роғун» унвонаш карда буд, худ сари чамбараки трактор нишаст ва пеши роҳи рӯди Вахши саркашро баст, чаро мо онро насозем?

Албатта месозем! Ва машҳури дунё мекунем!

… Ҳангоми тамошои иншооти аср- НБО Роғун суханони адиб ва рӯзноманигори рус Александр Проханов ба хотир расид, ки гуфтааст:

“Неругоҳи Роғун сохтмони президентист. Он фарзанди дӯстдоштаи Президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Вай онро чун ёдгории давраи давлатдории хеш бунёд мекунад...”

Оре, Роғун бунёд мешавад ва аз самари об диёрамон ба сарзамини сабз табдил меёбад. Зеро Роғун тавлидгари энергияи сабз мебошад. Ҳоло маҳз дар Тоҷикистон бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон захираҳои обӣ ба таври самаранок истифода бурда мешаванд. Охир аз ҷиҳати захираҳои обӣ Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб мебошад.

Гашти рӯз ба маркази шаҳри Роғун расидем. Ду бари роҳ пур аз ободкорӣ буд. Тайи солҳои Истиқлолият бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Роғун симояшро тамоман дигар намудааст. Ҳоло роҳраву хиёбон ва кӯчаҳои мумфарш маркази шаҳрро оро додаанд. Биноҳои ҳозиразамони баландошёна, кохи фарҳангу китобхонаи муҳташам ва макотиби миёнаву литсейҳои навбунёд диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозанд.

Дар ин ҷо бо иқдоми Сарвари давлат аввалин маротиба озмоишгоҳи муосир ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки дар он беҳтарин муҳаққиқону муҳандисон корҳои илмӣ- тадқиқотӣ мебаранд. Дар ин озмоишгоҳ таркиби обу хок ва дигар маҳсулоти неругоҳи Роғун ҳамаҷониба аз ташхис мегузарад.

Рӯзи сеюм, мо боз тариқи гузаргоҳ, вориди маркази маъмурии неругоҳ шудем. Неругоҳи азим, биноҳои коргар, нақбу гузаргоҳҳои муҳташам дар ҳалқаи кӯҳҳо шаҳри бузургеро мемонад.

Аҳмияти муҳими минтақавии стратегӣ ва ҳаматарафаи иқтисодӣ доштан ва мақсаднок будани сохтмони неругоҳи Роғун ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта аз ҷониби мутахассисони шуъбаи Осиёимиёнагии Пажуҳишгоҳи «Гидропроект»-и шаҳри Тошкант исбот шуда буданд. Ҳамон давра шуҳрати ҷаҳонӣ доштани неругоҳи Роғун маълум гашт ва нахустин пойдевори неругоҳ гузошта шуда буд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ сохтмони он тамоман қатъ гардид….

Танҳо замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони неругоҳи Роғун аз нав шурӯъ гардид. Ҳанӯз моҳи майи соли 2002 Сарвари давлат аз диёри Роғун дидан намуд ва дар ин сафар як гурӯҳ адибону рӯзноманигорон ҳузур доштанд. Сарвари давлат ба сохтмони неругоҳ аз наздик шинос шуда, ҳангоми мулоқот бо аҳолии Роғун чунин изҳор намуда буд: «Ба шарофати неругоҳи Роғун шаҳри шумо дар тамоми дунё машҳур аст. Бисёр шаҳрҳои калон ва ҳатто қадимаро дар хориҷа намешиносанд. Ба сохтмони ин неругоҳ кишварҳои бузурги ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Хитой таваҷҷуҳ доранд. Роғун ба як минтақаи бузург қувваи барқ медиҳад. Аҳолӣ соҳиби касб ва кор мешавад. Нури барқи он Шарқро мунаввар мекунад».

Инак, баъди чанд сол ман боз ба ин ҷо омада бо чашмони худ мебинам, ки чӣ қадар шоҳкориҳои азиме ба вуқуъ омадаанд. Сарбанди обанбор бо масолеҳи худӣ - сангу шағал бунёд мегардад ва бинои агрегатҳои он зери кӯҳ ҷой гирифтаанд. Мо дар канори дарёи Вахш дар паҳлуи нақби обпарто бо марди қавипайкар, ки дар бар либоси корӣ дошт, вохӯрдем. Ӯ худро муаррифӣ намуд: Муҳандиси неругоҳи Роғун Аҳмад Шукуров.

Ӯ дар бораи корҳои созандагӣ нақл карда, гуфт, ки Роғун муҳташамтарин неругоҳи барқӣ мебошад ва самараи кори бинокорону лоиҳакашони гулдаст аллакай ҳосил додааст ва бештар аз 30 километр нақбҳои обгузару мошингард сохта ба итмом расидаанд.

Аз дуриҳо садои раъдосои агрегатҳои муқтадир ва нидои коргарон ба атроф паҳн мешуд. Ҳар коргар аз пайи кору бораш шитоб дошт. Ва рафтуои мошинҳои пурбори сангу шағал идома дошт.

Ин ҷо боз дуртар коргаре мисраъҳои шоири тоҷик Бозор Собиро замзама дошт:
Аз шом то субҳ, аз субҳ то шом,
Бо ҳам гудозад сад пухтаю хом,
Оҳангари нанг, оҳангари ном,
Оҳангари рӯҳ-устои Роғун…

Майдони ин иншооти бузург корзори ҳақиқии мардонро мемонд. Дидем, ки ҷавонон низ паҳлуи ҳам истода кору пайкор доранд. Онҳо шабонарӯз заҳмат мекашанд, то Роғун-манбаи нуру рушноӣ бо тамоми шукуҳу ҷалолаш бунёд гардад. 

Тамошои теғаи кӯҳҳо, гузаргоҳи болои дарёи пуртуғёни Вахш, қитъаи ҷойгиршавии техникаю таҷҳизоти муосир, соҳилбандӣ, тангнои дарё - ҷое, ки сарбанд бунёд мегардад, устокорона сохта мешавад.

Бардошт аз ин сафари зебо бароям хеле мондагору азиз гашт. Охир ман боз аз Роғун дидан кардам. Ва афсонаи кӯҳи Роғро шунидаму дидам, ки чӣ гуна он ба ҳақиқат табдил ёфтааст.

Медидам, ки чӣ тавр кӯҳҳои домангустурдаи Роғун паси сар мемонданд. Кӯҳҳое, ки дар худ ҳазорон ганҷро ниҳон доранд ва аз синаи ин кӯҳҳпораҳо, аз қалби Вахш нуристон тавлид меёбад, нуре, ки оламро мунаввар месозад.
Симои ваҳдат, симои миллат,
Оғӯши гармаш-оғӯши давлат,
Чашми чароғаш-чашми ҳақиқат,
Набзи замонаш-маҷрои Роғун…

Имрӯз шаҳри Роғун аҷаб симои зебое дорад. Биноҳои бисёрошёна, кӯчаву хиёбонҳои васеъ ва дӯкону мағозаҳои қатор ҳусни шаҳрро афзудаанд. Шамолу боди кӯҳӣ дар атроф сайркунон, қади роҳро мерӯфт.

Аз хонаи фарҳанг дидан намудему хостам поёнтар, ки хаёлам нишеброҳро мемонду манзараҳои кӯҳистон хубтар ба назар мерасид, роҳсипар гардам, ки нохост аз рӯ ба рӯям мӯйсафеди нуроние пайдо шуд.

-Салом, бобо…

- Ассалому алейкум бачам, Ҳа, тамошо дорӣ, бачам?

-Бале, бобо, мехоҳам боз сохтмон равам. Пеш аз рафтан хостам шаҳрро бинам.

- Ман аз Обигармам, писарам. Он вақтҳо ба ҷои Обигарм ноҳия буду қариб 25 ҳазор хоҷагӣ дошт. Пасон чизе ба хотираш расид, ки бо қаноатмандӣ гуфт:

- Сад шукр, ки имрӯз Роғун обод мешавад. Ҳазор раҳмат ба сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, ки Роғун дубора эҳё гашт. Набошад, ба бунёди Роғун дар давраи Шуравӣ ҳам зӯрашон нарасида буд. Охир Роғун калонтарин Неругоҳи мамлакат аст. Бубин, чӣ қадар бунёдкорӣ дар ҷӯш аст, писарам.

Ман ба мӯйсафед нигоҳ кардам, хуб зеҳн мондам. Мӯйсафед бо ҳаяҷон гап мезад, ифтихор дошт аз имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз! Охир дар гузашта ин ҷойҳо харобу қафомонда буд. Кӣ медонист, ки дар ин гӯшаи кӯҳистон-шаҳр бунёд мешавад.

-Бачагию ҷавонии ман, бачам, дар деҳаҳои Лаби дараю Хӯҷавалишоҳ гузаштааст. Он айём ҳаёти мардуми оддии кӯҳистон вазнин буд. Қариб ҳамаи корҳоро дастӣ иҷро мекардем. Роҳҳо обод набуданд. Барои то шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) рафтан, даҳҳо талу теппаҳоро гузаштан лозим буд.

Мӯйсафед каме хомӯш монд, ба рӯяш ғамҳои гузашта, ёди ҷавонӣ соя андохт. Хостам мавзуи суҳбатро дигар кунам.

-Бобо, дар бораи табиати ин диёри афсонавӣ нақл кунед ё…

-Бале, бачам, хурсандона нидо кард ӯ ва суханашро идома дод. Кӯҳҳои ин мавзеъ барҳақ афсонавианд. Кӯҳи Палангон, болотари Сарипулак кӯҳи Ғуриён, кӯҳҳои Афзалӣ, Уқобон ва рӯди Вахш. Ин ҷо Вахш аз қаъри кӯҳу дамон берун мешавад. Кӯҳу дамане, ки дар қади дарёи Вахш доман паҳн кардааст, ҳамеша сабзу хуррам, пурфайзу баракат аст. Худо, бачам ба Тоҷикистон чунин обу ҳаво, табиати нотакрору афсонавӣ додааст. Ана ҳамин оби поку зулоли Вахш аст, ки имрӯз Роғун обод гашта машҳури олам мегардад.

Баъди хайрухуш бо мӯйсафеди таҳҷоӣ боз роҳи сохтмонро пеш гирифтам. Аз баландӣ ҳамоно шаҳраки коргарон чун дар кафи даст метофт. Дар осмони нилгун дар дуриҳо ҷуфти уқобе баланд парвоз дошт. Шояд онҳо сӯи кӯҳи уқобон болафшонӣ доранд. Паррандаҳо бо як маром дар баландӣ парвоз доштанд.

Шаҳраки бинокорон, биноҳои муҳташам ва нақбу таҷҳизотҳои азим бо шукӯҳ ва ҷалоли аҷибе ба назар расид. Атроф пур аз техникаю садои ғурриши механизмҳои муқтадир аст. Инҷо касе бекор нест. Аз ҳар ҷониб ба ҳам бархӯрдани муҳаррикҳо ё садои кафшергару овози беисти матор ба гӯш мерасад. Бо ҳам бархӯрдани оҳан, ғичирроси чархи нақлиёт, нидоҳои пурғулғула оромии атрофро ба коми худ кашидааст. Роҳбалад - дӯстам Нуриддин нигоҳи андешамандонаро ба атроф дӯхта афзуд:

- Медонед, қариб фаромӯш кунам, акнун тоскулоҳ пӯшидан лозим меояд. Ман тоскулоҳро пӯшидам, ва ҳис кардам, ки Нуриддин маро назора дорад.

- Ӯ каме табассум карда бо чеҳраи кушод гуфт:

- Шумо аллакай одат кардед. Бе ин тоскулоҳ дар маҳалли сохтмонӣ гаштан мумкин нест. Дар воқеъ ҳам неругоҳ дар ҳалқаи кӯҳҳо, маҷрои Вахши саркаш бунёд меёбад ва ҳоло инҷо ба коргоҳи азим, ба набардгоҳи одаму табиат табдил ёфтааст. Коргарони тоскулоҳдор дар нақби об машғули корҳои ҳаррӯзаи хеш буданд. Нақлиёти вазнин бо маром ҳаракат мекарданд. Мошинҳо дуртар бонавбат ба назди экскаватор омада меистоданд. Техникаи муқтадир бо кафши пӯлодини худ сангу шағали аз нақбҳо баровардашударо ба мошинҳо бор мекард. Техникаи пармакунӣ бо дандонҳои тези худ синаи кӯҳро мешикофт ва гурӯҳи кафшергарон, бетонрезон сақфу деворҳоро бо арматура мустаҳкам мекарданд.

Боиси хушҳолист, ки муҳандисону лоиҳакашон пештар аз дигар миллатҳо буданд. Ҳоло қариб ҳамаи мутахассисон тоҷикону ҷавонони маҳаллӣ мебошанд. Он айём баъзеҳо гумон надоштанд, ки мо тоҷикон аз уҳдаи сохтмонҳои бузург мебароем. Лекин айём, таърих исбот кард, ки миллати мо созанда ва бунёдкор аст. Худованд ба мо чунин сарвари оқилу доно доду маҳз бо ибтикори Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз нав бо иқтидори пурра оғоз ёфт. Ин дафъа бе кӯмаку мадади бегонагон худи хақли тоҷик Роғунро месозад, бо маблағи худӣ, бо қувваи худӣ.

- Дар ҳалқаи кору заҳмат, садои якмароми агрегатҳо суханони акои Нуриддинро хуб мешунидам. Эҳсос кардам, ки як муҳандиси неругоҳ чӣ қадар азму ирода, нангу номуси бузурги ватандорӣ дошта будааст. Ба азму нияташ қоил шудам.

-Акои Нуриддин, шумо ба сохтмон ҷавононро даъват кардаед.

-Бале, акнун ҷавонони тоҷик дар баробари мутахассисони таҷрибадор кору заҳмат доранд. Зеро бисёрии онҳо аллакай аз неругоҳи барқи обии Сангтӯда таҷриба гирифтаанд. Дар ин ҷо ягон нафар аз кор саркашӣ намекунад. Балки ҳама аз як гиребон  сар бароварда, мехоҳанд Роғун тезтар бунёд шавад. Мо аз дохили бинои асосӣ гузашта, ба нақби обпарто расидем. Манзараҳои кор, ҳайбати техника касро ба ҳайрат мегузорад. Шоҳкориҳои танаи кӯҳ, бетонпӯшӣ ва васлгарӣ тамоми атрофро фаро гирифтааст. Хаёле он зарраҳои нур, оташаки кафшерчиён машъалҳои замоне афрӯхтаи Восеъро мемонд, ки аз сари ҳар як санг, аз пошнаи ҳар як камари кӯҳу ёла як даста нур мерехт ва коргоҳи Фарҳодҳои кӯҳканро мунаввару рӯшан мекард…

Фурсате гузашту оҳиста Нуриддин сӯям суоломез нигоҳ кард.

- Лаби дарёи Вахш меравем.

- Барои чӣ?

- Баъд мегӯям. Мо ҳар ду якҷоя ба шафати об наздик шудем. Аз соҳили чап шамол мевазид ва торафт хунук мегашт. Аз дил гузарондам, ки ман то ҳоло дар бораи акаи Нуриддин, як муҳандиси тоҷик, чизе намедонам. Дурусттар зеҳн мондам. Қомати андаке хамида, дастони шахшӯл ва мӯи мошу биринҷаш гувоҳи таҷрибаи бойи зиндагиаш буд. Ӯ ҳамоно дар сукуту андеша буд ва баҳодурона қадам мезад.

Ҷуръат карда муроҷиат кардам.

-Нуриддин, дар бораи худ нақл кунед.

-Барои чӣ, охир ман як муҳандиси оддияму бо амри дилу Ватан имрӯз дар Роғун, албатта дар қатори садҳо нафар ҳамдиёрони худ мехоҳам ҳалол меҳнат кунам.

Ман ҳис кардам, ки Нуриддин дар бораи худаш нақл карданро дӯст намедорад, вале бо вуҷуди он боз хоҳиш кардам.

-Охир дар бораи сохтмон ва оғози коратон ҳарфе бигӯед…

-Хайр майлаш, аз дусар аз шумо қаламкашҳо халосӣ нест, ки нест… Росташро гӯям ҳанӯз солҳои дар неругоҳи овозадори Сангтӯда кор карданам, дилбохтаи неругоҳ шудам. Охир Сангтуда обрӯи ҷумҳурӣ буд ва мо бачаҳои маҳаллӣ бо ҳавас кор мекардем. Лекин моро як чиз сахт ташвиш медод. Мутахассисон, муҳандисон бештар ба коргарони бегона такя доштанд. Ана ҳамон вақтҳо орзу доштам, ки Роғун бунёд шаваду худамон онро созем. Охир ҳамон солҳои Шуравӣ сохтмони ин Неругоҳи азим оғоз ёфта буд-ку. Бубин, ба бахти миллати мо бо сарварии Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон Роғун дубора эҳё гашт. Мана бо чашми худат мебинӣ, ки чӣ қадар корҳои созандагӣ ривоҷ ёфтаанд. -Акнун чеҳраи Нуриддин шукуфта буду ӯ бо нигоҳи қатъӣ атрофро назора дошт. Хаёле ҳар як пораи ҷисму ҷонаш пайванди ин неругоҳ, обу хоки аҷдодӣ буд…

Роғун ҳамоно дар оғӯши биҳиштосои кӯҳсорон чун ганҷи нуҳуфта назаррабоӣ дорад. Аз миёни тангно оби ҷонбахши Вахш, ки аз поёноби рӯди Сурхобу Хингоб ибтидо гирифтааст, ҷорист. Дарёи Вахш мисли пештара оҳиставу ба маром равон асту ҳамнафаси родмардони неругоҳи Роғун гаштааст, ки сангу паҳноҳоро гузашта поку зулол мерезад. Иқлими муътадил ва аз ҳар ҷиҳат мусоиди экологии Роғун имкон додааст, ки неругоҳи Роғун дар муҳлати муқарраршуда бунёд гардад. Ҳамин ки агрегатҳои неругоҳ пурра ба кор шуруъ намоянд, ин ҷо обанбори бузурге пайдо мешавад. Он гоҳ Роғун на танҳо бо  энергияи сабз Тоҷикистонро таъмин месозад, балки боиси шодоб шудани садҳо гектар замин ва эҳёи муҳити зист, табиат хоҳад гашт.

Маҷид Салим, адиб,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода