Сарбози Ватан будан ифтихор аст (Таассурот ва андешаи аскари аз хизмати низомӣ баргашта )
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 396
Дар ДДБ ба номи Носири Хусрав таҳсил карда, ҳамзамон дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба ҳайси масъули бахши мултимедиа кор мекардам.
Пас аз хатми донишгоҳ ба сафи Артиши миллӣ пайвастам. Дар баробари ин ҳамкориро бо рӯзнома идома дода, аз ҳаёти хизматии аскарбачаҳо, шароити хизмат маводҳо менавиштам. Як соли хизмати аскарӣ паси сар шуд. Аз аскари қаторӣ то рутбаи старшина расидам. Баъди адои хизмат фаъолияти кориамро дар рӯзнома идома дода истодаам.
Аз аскарӣ хотираҳои зиёд дорам, ки онро ба қалам додаам.
8-уми октябри соли 2022 дар даъвати тирамоҳии наваскарон бо ихтиёри худ ба хизмати аскарӣ рафтам. Хизматро дар қисми низомии 07256 оғоз намудам. Дар ин ҷо ба зиндагии нав ворид шуда, бо ҷавонони низомӣ ошноӣ пайдо намудам. Ҳар субҳи барвақт, соати 5:00 навбатдори рота бо садои баланд мегуфт: “Рота, аз хоб бархез!” Мо дар муддати 45 сония либосҳоямонро пӯшида, дар назди хобгоҳи қисми ҳарбӣ саф мекашидем. Сипас, ба варзиши пагооҳирӯзӣ машғул шуда, якҷо тӯли як соат ба тамрини бадан машғул мешудем. Пас аз хӯроки субҳона сарбозон ба синфхонаҳои таълимӣ мерафтанд ва ба онҳо афсарони таҷрибадор дарси ҳарбиро меомӯхтанд. Ба ҳамин низом ҳама кори сарбоз мувофиқи нақша амалӣ карда мешуд.
Дар қисми низомӣ муносибати афсарон бо сарбозон касро ба ёди хонавода мебурд. Афсарон ҷойе мешуд бо сарбоз мисли писари худ муносибат мекарданд. Мо-сарбозон чун дар як оилаи мукаммал хизматро пеш мебурдем. Ҳар лаҳзаи хизмат дарсҳои тарбиявию ҳаётӣ дошт ва аз ин хотироти зиёд бардоштам. Ҳамзамон дар соатҳои дамгирӣ сурудхонӣ мекардем, баҳсҳои илмӣ доштем ва гоҳи дигар бошад, ҳама якҷо ба тамрини бадан машғул мешудем.
Ҷолибии хизмати мо дар он буд, ки ҳама корро сарбозон якҷоя анҷом медодем. Ҳайати шахсии сарбозон панҷ ангушти як муштро мемонд. Дар оғози хизмат падару модар ва наздиконамонро пазмон мешудем. Сарбозоне, ки пеш аз мо ба хизмат ҷалб шуда буданд, аллакай бо мо унс гирифта, ба хизмати содиқона раҳнамоӣ мекарданд. Як сарбозе, ки ба анҷоми хизмати ҳарбиаш чанд рӯзи дигар монда буд, баҳри мо наваскарон ҳар саҳару бегоҳ дар васфи Модар-Ватан суруд мехонду ба қавле ғами дили моро берун мекард. Ҳамин тавр, ҳар рӯзи мо дар паҳлӯи ҳамдигар, мисли бародар сипарӣ мешуд.
Бар як кори сарбоз бо нигоҳи журналистӣ менигаристам. Қариб аксарияти онҳо хатмкардаи донишгоҳҳои мамлакат буданд. Байни якдигар суолу ҷавоб аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо мекардем. Бо ин усул аз якдигар таҷриба, дониш меомӯхтем.
Дар ин росто ба падару модарон гуфтаниам, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ хуб аст ва ҳама шароит барои сарбозон муҳайёст. Ҳар гоҳе, ки назди сарбозон волидайн ба аёдат меомаданд, савғо - нону кулчаи ширмол ва шириниҳо меоварданд ва мо дастаҷамъона аз он даҳон ширин мекардем. Ин, албатта, нишонаи дӯстию тифоқии мо буд.
Бояд қайд кунам, ки бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи мо - сарбозон аз ҷониби роҳбарияти қисми ҳарбӣ иқдомҳои наҷибе гирифта мешуд. Дар ҳар иду ҷашнвора хизмати хуб ва содиқонаи сарбозон ба инобат гирифта шуда, онҳо бо рутба ва сипосномаю ифтихорнома қадр карда мешуданд.
Ёд дорам, аввалин маротиба маро ба навбатдории шабонарӯзӣ барои таъмини оромии шаҳраки ҳарбӣ ба дастам силоҳ дода, гуфтанд: “Оромии ин шаҳрак, ки ту хизмат дорӣ, дар дасти туст”. Медонед, он лаҳза модару падар, хоҳару бародаронам пеши назарам омаданд. Ба худ гуфтам, ки ман инҷо шабзиндадорӣ карда, падару модари як низомиро посбонӣ мекунам ва дар ҷойи истиқомати ман бошад, низомии дигар падару модари маро ҳимоя хоҳад кард. Яъне ҳар як ҷавон масъул аст, ки ба хизмат омада, қарзи худро аввал дар назди оилаи худ ва баъд дар назди Ватан адо намояд. Зеро модар фарзандашро баҳри дифои кишвар мефиристад ва ӯ ҳимояи сарҳад ва амнияти кишварро таъмин мекунад. Имрӯз навбати он ҷавонмардоне аст, ки ба сафи артиш шомил шуда, ҷойи он сарбозро иваз кунад, то ӯ боз ба оғӯши гарми модар ва ҳаёти мулкӣ дар фазои сулҳу амният баргардад.
Дар бораи ҳақиқати хизмати ҳарбӣ
Аз мушоҳидаҳо медонем, ки аксари падару модарон дар ақидаи онанд, ки гӯё дар хизмати аскарӣ сарбозонро латукӯб мекарда бошанд.
Вале дар асл ин тавр нест. Ба дурӯғу ҳангомаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд, зеро иддае аз бадхоҳон ба чунин аъмоли ношоиста даст мезананд. Дар хизмати аскарӣ низоми пурзӯр ҷорист ва сарбозоне, ки пештар ба хизмат даъват шудаанд, наваскаронро азоб намедиҳанд.
Ба ин овозаҳо бовар накунед, зеро инҷо ҳама мисли фарзандони як модар як бурда нонро якҷо мехӯранд, мисли шохаҳои дарахт дар як вақт нумуъ мекунанд, мисли ангуштони як муштанд.
Аз ин рӯ, барои тасдиқи ин суханон волидон метавонанд ба қисми низомии фарзандон рафта, бо шароити хизмати ӯ аз наздик шинос ша-
ванд.
Дӯстон ва хонандаи гиромии рӯзномаи “Хатлон”! Дар тӯли як соли хизмати аскарӣ дарк кардам, ки бояд ҳар як ҷавонмард барои иҷрои қарзи фарзандии худ ба хизмати аскарӣ равад. Зеро, ханда дар лабони кӯдакон, осудагии қалби модарон, зиндагии осудаи мардум дар Тоҷикистон аз шабҳои бехобӣ, содиқ будан ба Ватани азиз, ҳифзи марзу буми кишвар аз сарбоз вобастагӣ дорад. Бузурге барҳақ гуфтааст:
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
Бо истифода аз минбари рӯзномаи вилоятии “Хатлон” мехоҳам изҳори сипос ва миннатдории худ ва ҳамхизматонамро ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба сардори дивизияи 17-уми тирандозии савора дар вилояти Хатлон полковник Абдулҳамид Сафарзода ба хотири фароҳамории шароити мусоиду замонавӣ барои сарбозони гарнизони Хатлон баён намоям.
Полковник Абдулҳамид Сафарзода падари маънавии ҳар як сарбоз аст. Боиси ифтихор аст, ки ӯ ба ман билети ҳарбиро бо мактуби миннатдорӣ ва Ифтихорнома тақдим намуд. Ин барои ман лаҳзаи фаромӯшнашаванда боқӣ мемонад.
... Хизмати Ватан-Модарро бо сари баланд ва ифтихори ҷавонмардӣ ба анҷом расонида, ба оғӯши гарми модар ва силаи дасти падар баргаштам. Вақте ба хона омадаму ин ду азизи қалбамро ба оғӯш гирифтам, падарам гуфт: «Парвардигоро, ҳазорон бор шукратро мекунам, чун писари ман баҳри ҳифзи меҳани худ камар баста, бо сари баланд хизмати ватанро ба ҷо овард». Модарам бошад, аз хурсандӣ ҳамон шаб хоб нарафта, то субҳ бо ман суҳбат кард.
Шукронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, тинҷиву осудагии кишвар, Сарвари мардумдӯст Эмомалӣ Раҳмонро мекард. Волидонам дасти дуо бардошта, ба ман барои идома додани фаъолияти рӯзноманигорӣ дуои нек доданд. Ҳоло ман ба ҷойи кори худ-идораи рӯзномаи “Хатлон” баргашта, ба фаъолият оғоз намудам.
Набиҷони САИДАБРОР,
старшина, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00