Низорамоҳ ЗАРИФОВА: «Барои халқу меҳанам софдилона хизмат кардам»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 357
Суҳбати ихтисосии рӯзномаи «Хатлон» бо арбоби давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова, ки инак, ба синни мубораки 100 расиданд.
Собиқадори хизмати давлатӣ, бонуи асилу қавиирода, бонуе, ки умри худро ба ободии Ватани азиз бахшидааст, бонуе, ки аввалин маротиба ба гардани Президенти сулҳовари кишвар пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гулбанд гузошту модарвор ӯро ба оғӯш гирифт, собиқ котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистони шуравӣ ва котиби Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низорамоҳ Зарифова рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ 100-сола мешаванд. Дар арафаи зодрӯз ба дидори соҳибҷашн рафтаву суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мекунем.
- Модари азиз, хизматҳои Шумо дар назди халқу меҳан мондагор ҳастанд. Новобас-та ба он ки ҳанӯз дар хурдсолӣ аз падар ятим мондаед, ҳам таҳсил кардеду ҳам дар кори колхоз фаъол будед. Аз айёми наврасиатон ба ҳаёти иҷтимоӣ пайвастед ва дар ҷавониатон ба хизмати давлатӣ шомил шудед. Корномаи Шумо омӯзанда аст...
- Дар вақти наврасӣ ва ҷавонӣ дар колхоз кор мекардем ва инчунин, таҳсил менамудем. Ҳамаи кори хонавода ба зиммаи модарам ва мо - духтарони хона буд, зеро мо аз падар ятим мондем. Падарам дар панҷсолагии ман аз дунё гузаштанд ва мо ҳамроҳи модару се хоҳарам рӯзгорро пеш мебурдем. Дар оила ҳамагӣ зан будем, як ако доштам, ки дар сездаҳсолагиаш вафот кард. Рӯзи мо бо меҳнати хонадорию ҷамъиятӣ - пахтакорию пахтачинӣ, алафдаравию кори хоҷагидорӣ мегузашт. Варзишгар ҳам будам. Соли 1937 дар Олимпиадаи умумииттифоқӣ аз Майдони сурхи Москва велосипедсавор гузаштам ва рӯзи дигар чун ҷузъи намояндагони Тоҷикистон дар мулоқот бо Сталин иштирок кардам.
Солҳои баъдӣ дар Ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб фаъолият кардам. Дар бахши ҷавонони Ҳизби коммунист шаш нафар духтари рус ва ман, яъне як духтари тоҷик кор мекардем. Ҳамон замон, намедонам аз чӣ сабабе, маро аз байни онҳо интихоб намуда, барои таҳсили тайёрии кадрии яксола ба шаҳри Москва пешниҳод намуданд. Аввал розӣ набудам, вале маҷбурӣ фиристоданд. Ҳамин тавр, дар Москва дар Мактаби олии партиявии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда, ба Тоҷикистон баргаштам.
Ман фахр мекунам, ки зери роҳбарии чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ, инсонҳои бузург тарбия ёфтаам. Бо Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов кор кардаам. Инчунин, бо адибони бузург ҳамкорӣ доштам ва кӯшиш менамудам, ки ба боварии онҳо сазовор бошам. Дар ҳама корҳо фаъолона иштирок мекардам, фарқ надошт, ки он кори мардона аст ва ё занона.
- Аз даврони фаъолият дар комсомол нақл мекардед.
- Соли 1947 дар комсомол кор мекардам ва варзишгари пешқадам будам. Он замон қарори Сталин баромад, ки дар ноҳияҳои дурдаст, вилоятҳо ва ҷумҳуриҳо Кумитаи занҳо ташкил карда шавад. Он замон 22-сола будам. Баъд барои суҳбат даъват карданд. Гуфтам, ки кори ҷавононро медонам, аммо дар дигар кор усто нестам. Гуфтам, ки намеравам. Сахт гирифтанд, ки меравӣ. Ҷавон, ки будам ва пешниҳод карданд, як моҳ ба кор нарафтам. Баъд котиби кумитаи вилоятии ҳизб Назаров гуфт: “Эй Низорамоҳ, шӯхӣ мекунед? Шумо бо имзои Сталин ба кор ҷалб шудаед”. Баъд як идораам доданд ва корро шуруъ кардам.
- Мегӯянд, ки аз болои Шумо бисёр аризаҳои шикоятӣ менавиштанд. Ин рост аст?
- Дар он ҷо кор кардан гирифтам, ки аризанависӣ сар шуд. Менавиштанд, ки падараш осиёб ва аспи зиёд дорад ва боз мегуфтанд, ки авлодаш мулло аст. Аз болоям мактубҳои зиёди шикоятӣ менавиштанд.
Гуфтам, ки аз Низорамоҳ чӣ мехоҳед? Билети ҳизбиамро дуздиданд. Баъди ин фишорҳо гиря мекардам. Шавҳарам меомад ва мегуфт, ки хӯрокатро хӯрдӣ? Мегуфтам, ки бале, аммо ҳеҷ чизи хӯрданӣ надоштем, зеро ин солҳои баъди ҷанг буд. Инчунин, оилаамон аз 12 нафар иборат буд. Боз меомад ва мегуфт, ки боз аз болоят ариза навиштаанд. Мегиристаму мегиристам ва гуфтам, ки ман дигар намеравам ва кор намекунам. Хеле азобам доданд. То соли 1952 кор кардам.
- Аз ин ҳама “сиёҳкунӣ” хаста нашудед?
- Ба Москва боз даъватам карданд ва гуфтанд, ки аз болоят боз аризаи шикоятӣ навиштаанд. Дар он ҷо 12 саҳифаро ба ман доданду гуфтанд, ки бихон. Онро хондаму гиристам. Назди худ мақсад гузоштам, ки бояд мубориза барам.
- Ба Шумо чӣ гуна муяссар шуд, ки Мактаби олии ҳизбиро хатм кунед?
- Дар ин миён Мактаби олии ҳизбии яксола таъсис ёфт, ҳадафаш омода намудани кадрҳо буд. Ба он ҷо фиристоданд. Онро хатм кардам. Турсун Улҷабоев котиби якуми ҳизби коммунистӣ буданд. Боз вазифа пешниҳод мекарданд, рад мекардам. Хондам ва акнун хеле доно шудам. Баъд Зуҳуршо омад, ки назди Турсун Улҷабоев равам. Гуфтам, ки модарам бо 3 кӯдак бар уҳдаи ман аст, ман чӣ тавр меравам?
Шавҳарам ба назди Улҷабоев меравад. Он кас ба ӯ мегӯяд: “Билети ҳизбиат ҳаст?” Гуфтааст, ки бале. Баъдан мегӯяд: “Ҳамонро дӯст медорӣ? Ҳамон одамат кард?” «Бале»,-гуфтааст Зуҳуршо. Сипас, Улҷабоев гуфтааст: “Агар Низорамоҳ маро бародар шуморад, мешавад!” Баъди ин дигар чӣ мегӯӣ? Зуҳуршо омад ва ҳамаашро нақл кард. Қаҳрам кард ва гуфтам, ки агар дар корам ягон хато шавад, ман ҷавоб намедиҳам. Аз гунаҳгорӣ худро халос кардан мехостам. Баъд шавҳарам гуфт: “Занак, ҳамааш аз ту вобаста аст. Агар худатро ба даст гирӣ, нағз кор кунӣ, обрӯи занро боло мебардорӣ”.
Дар вазифаҳои баланд кор кардам, ордену медалҳои зиёд дорам. Соли 1964 дар СММ гӯшае таҳти унвони “Пешвоёни занони ҷаҳон” таъсис доданд, ки ном ва акси мо ҳам дар он ҷо ҳаст. Ин чизро набераам дида ба ман хабар расонд. Дар Конгресси умумиҷаҳонии занон аз номи Иттифоқи Шӯравӣ баромад кардаам.
- Замони фаъолияти Шумо давраи инкишофи воқеии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистони шуравӣ мебошад. Ин солҳо Неругоҳи барқи обии «Норак» сохта шуд, ки яке аз иншоотҳои бузурги Иттифоқи Шуравӣ маҳсуб мегардид...
- Дар бораи НБО “Норак” аз номи халқ дар Сессияи Шурои Олӣ баромад кардам. Таклиф кардам, ки сохтмони он ба роҳ монда шавад. Аз соли 1934 гап дар бораи сохтмони ин неругоҳ мерафт.
Толеи мо баландӣ кард ва соли 1957 ин орзу амалӣ гардид. Он вақт мо аз ҳисоби буҷет давлатро пеш мебурдем, дар 5 сол 1-2 иншоот месохтанд ё не. Вақте ман баромад кардам ва таклиф кардам, ки сохтмони ин неругоҳ ба роҳ монда шавад. Косигин, раиси Совети вазирони СССР гуфт, ки “таклифи депутат Зарифова қабул шуд”. Шодӣ на танҳо барои халқи тоҷик буд, ҳамчунин ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳам хурсандӣ мекарданд, зеро ин барқ ба онҳо низ интиқол дода мешуд. Баъди ин, табрикам мекарданд.
Дар таъсиси Корхонаи алюминийи тоҷик низ саҳм дорам. Дар ободонии Мастчоҳ ва Зафаробод ҳам саҳми худро гузоштаам.
Куҷое, ки гуфтанд, рафтам, кор кардам ва, ба назарам, аз уҳдааш баромадам.
- Дар вазифаи раиси Кумитаи занон ҳам чанд сол кор кардед...
- Бале, 70-сола будам, ки маро раиси Кумитаи кор бо занон таъин карданд. Он замон ҷанги шаҳрвандӣ буд ва ҳеҷ кас ин вазифаро ба уҳда нагирифт. Гарчанде он вақт ба нафақа баромада будам, лекин муовини раиси Шӯрои занон будам, ин вазифаи ҷамъиятӣ буд. Дар вақти ҷанг ба тамоми ноҳияҳо рафта будам. Ман 5 моҳ баҳонаҷӯӣ карда, нарафтам ва гуфтам, ки ман 70-сола ҳастам, айб мешавад, арзанда нестам.
Гуфтам, ки ёрдам мекунам, машварат медиҳам, аммо ин вазифаро ба дӯш намегирам.
Аммо занону мардон хестанду маро тарафдорӣ карданд ва ба ин вазифа гузоштанд. Як рӯз Зебо Аминзода, мушовири Шӯрои вазирон, ба наздам омад ва гуфт: “Модарҷон, маслиҳат диҳед”.
Гуфтам: “Зебоҷон, ёрдамат мекунам, лекин кордорам нашавед”. Гуфт, ки ба водии Вахш меравем. Гуфтам, ки шавҳарам бемор аст, наметавонам. Гуфтанд, ки ман бе Шумо рафта наметавонам.
Гуфтам, ки ман кӣ ҳастам, ки Шумо бе ман рафта наметавонед? Гуфтанд, ки аз ҳамин рӯз Шумо раиси Кумитаи занони ҷумҳурӣ, ана, ин фармон. Аз ҳамон ҷо мани 70-соларо рост ба Вахш бурданд.
- Кумитаи занон дар кадом шароит қарор дошт?
- Кумитаи занон ҳеҷ чиз надошт, ба ҷуз чор зан. На буҷет дошту на чизи дигар. Шукр мекунам, ки дар вазифаҳои баланд кор карда будаму роҳбарон мешинохтанду медонистанд, барои анҷоми баъзе корҳо вазифадорон “не” гуфта наметавонистанд.
- Муроҷиат ва як каф дуои Шумо ба мардуми шарифи Тоҷикистон.
- Агар хоҳӣ, ки фарзанди сазовори ватанат шавӣ, агар хоҳӣ, ки обруи халқатро бардорӣ, агар хоҳӣ, ки ҳурмату иззати худро дар миёни омма нигоҳ дорӣ, бояд содиқона хизмат намоӣ. Ман таҳти роҳбарии бисёр роҳбарони давлат кор кардаам. Ҳар кадом муваффақият ва камбудӣ доштанд, лекин дар бораи тарбияи ҷавонон, занон, халқ ғамхорӣ мекарданд.
Баъзе нафарон аз муҳити орому осоиштаи имрӯза ношукрӣ мекунанд, ки маро хуш намеояд. Барои ҳамин, мехоҳам давлати мо, ки дар ҳоли рушди босуръат аст, боз ҳам ба пешрафтҳои намоён бирасад. Халқамро иззат мекунам, дӯст медорам. Маро ҳам иззату ҳурмат мекунад, суроғам меоянд ва ҳатто бароям курта дӯхта меоранд.
Ҳар чизе, ки аз дастам омад, бо нияти соф, бо некӣ барои пешравии халқам кор кардам.
Барои ободонӣ, сулҳу амният кӯшиш намудам. Бояд ба қадри хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри ободонии кишвар ва некуаҳволии мардум анҷом дода истодаанд, бирасем. Тасаввур кунед, ин давлате, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб фалаҷ шуда буд, ҳар кас аз уҳдаи ислоҳаш баромада наметавонист. Ҳар рӯз тавассути ВАО мебинам, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳама кишоварзию саноат, иқтисодиёту тиҷорат, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, хуллас, ҳама соҳаҳо рушд карда истодаанд. Модарона насиҳат мекунам, ки сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дастгирӣ кунем, сулҳу ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ дорем, ватандӯсту ободгаро бошем.
- Ба Шумо камаш 120 сол умр мехоҳем!
- Дар бораи ин маслиҳат кардан даркор (механдад).
Н. Маъмурзода ,
Ҷ. РУСТАМШОҲ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...