Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЯК НУСХА Дар ноҳияи Носири Хусрав аз моҳи июни соли ҷорӣ то имрӯз ҳатто як нусха ҳам рӯзномаи «Хатлон» ва нашрияҳои дигари вилоятиро намегиранд


ЯК НУСХА Дар ноҳияи Носири Хусрав аз моҳи июни соли ҷорӣ то имрӯз ҳатто як нусха ҳам рӯзномаи «Хатлон» ва нашрияҳои дигари вилоятиро намегиранд



«Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад». 
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Асри XXI-ро бе иттилоот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ахбори рӯзмарра тавассути расонаҳои хабарӣ пешниҳоди омма мегардад. Хусусан, навоҳии дурдаст, ки бевосита ба фарогирии фазои иттилоотӣ, тақвияти корҳои идеологӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат эҳтиёҷ доранд, бояд ба матбуоти даврӣ дастрасии бевосита дошта бошанд. Аммо, мутаассифона, масъулони баъзе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораҳои почтаи ноҳиявӣ ба маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ хунукназарӣ нишон дода, ба нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ чун ба «бачаи ӯгай» муносибат мекунанд.

Омӯзгорони таълимгоҳҳо мегӯянд, ки пули обунаро ба почта супоридаанд. Агар маблағ ба суратҳисоби рӯзномаҳо нагузаштааст, пас, куҷо шудааст? Масъулин чӣ мегӯянд?

Сарсухан ё назаре ба умқи мавзуъ 


Дар ноҳияи Носири Хусрав, ки яке аз ноҳияҳои сарҳадии вилояти Хатлон мебошад, барои иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои даврӣ мушкилӣ эҷод шудааст.

Тибқи нақша, соли 2023 ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Носири Хусрав бояд ба 280 адад рӯзномаи «Хатлон» обуна мешуданд. Аммо тибқи нишондод, дар ноҳия нақшаи обуна ба рӯзномаи «Хатлон» ҳамагӣ 170 адад иҷро шудааст ва он ҳам танҳо барои панҷ моҳ (январ-майи соли 2023). Аз ин рӯ, рӯзнома шуруъ аз моҳи июни соли 2023 ба ноҳияи мазкур дастрас намегардад. Суоли матраҳ ин аст, ки магар ҳатто роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ҳам рӯзномаҳои вилоятиро намехонанд, ки ҳатто ба як нусха «Хатлон» солона обуна нашудаанд?

Бояд ёдовар шуд, ки барои ноҳияи Носири Хусрав нақшаи обуна (300 адад барои соли 2024) яке аз камтарин теъдоди обуна дар байни дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон муқаррар гардидааст. Бо вуҷуди кам будани шумораи обуна, чанд соли охир мушкил ҳалли худро пайдо намекунад.

«Маблағи обунаро солона гузаронидем, аммо ...» 

Бо супориши редаксия барои омӯзиши сабабу омилҳои ин вазъ аз чанд муассисаи ноҳияи Носири Хусрав дидан намудем. Директори МТМУ №1-и ноҳияи Носири Хусрав Маҳфуза Азимова зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки омӯзгорон ҳамасола ба теъдоди муайяни нашрияҳои даврии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ обуна шуда, маблағи солонаи обунаро пурра пардохт мекунанд ва рӯзномаҳо дастрас мешаванд. Мо хостем китобхонаи муассисаро, ки дар он ҷо рӯзномаҳоро нигоҳ медоранд, аз наздик бубинем, аммо директори муассиса «китобдорро барои коре фиристодам, ҳоло дари китобхона баста аст ва рӯзномаҳо дар ҳамон ҷоянд» ҷавоб дод. Вақте директор фаҳмид, ки рӯзномаи «Хатлон» аз моҳи июн ба ин тараф умуман ба ноҳия дастрас намешавад, сухани худро дигар карду «мо ба наовардани рӯзнома айбдор нестем» гуфт. Шояд онҳо аз роҳбарони худ ҳарос доранд, ки масъаларо пӯшида нигоҳ медоранд ва ё худ аҳамият намедиҳанд, ки кадом нашрияҳоро дастрас мекунанд? Аммо, вале, лекин...

Муҳосиби муассисаи мазкур Аҳад Аваназаров изҳор дошт, ки маблағи обунаро ба почта пардохт кардаанд, «аммо ба муассиса расид намедиҳанд». Агар расид набошад, чӣ гуна исбот мекунанд, ки ба кадом нашрия ва чанд нусха обуна шудаанд?

Оид ба ин масъала директори идораи почтаи ноҳияи Носири Хусрав Саёҳат Саидова изҳор дошт, ки ҳамагӣ се моҳ боз дар ин вазифа кор мекунад ва роҳбари пешина барои обуна ба ташкилоту идораҳо расид намедодааст. «Масъаларо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пайгирӣ намуда буданд. Аммо мушкил барои мо норавшан боқӣ мондааст», - илова кард С. Саидова.

Масъулин худро «сафед» мекунанд ...

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат, матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори омма таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд». Дар байни мардум тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат ва баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстии сокинон тавассути пахшу нашри маводҳои васоити ахбори омма ба роҳ монда мешавад. Агар аз дигар паҳлу назар кунем, дар ноҳияи Носири Хусрав имрӯз на радиои маҳаллӣ фаъолият мекунаду на телевизиони маҳаллӣ.

Дар ин ҳол, агар мардум маълумоти рӯзмарраро аз рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас накунанд, пас, чӣ гуна аз рӯйдодҳои дирӯзу имрӯзи ҷаҳони муосир огоҳ мешаванд?

Саёҳат Саидова, директори идораи почтаи ноҳияи Носири Хусрав, зимни суҳбат ба мо изҳор дошт, ки ҳамарӯза аз ҷониби Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик»-и вилояти Хатлон рӯзномаҳои чопшуда дастрас карда мешавад. Вале вақте пурсидем, ки «рӯзномаи «Хатлон» охирон маротиба кай дастраси шумо гардидааст?», бо нияти сафед кардани худ чунин ҷавоб дод: «Се моҳ мешавад, ки ман роҳбар ҳастам, вале, ростӣ, ягон шумораи рӯзномаро надидаам. Ҳамчунин, бояд қайд кунам, ки набояд кори кардаи як касро каси дигар ҷавоб диҳад. Имрӯз 66 ҳазор сомонӣ маблағи қарзи идора ба дӯши ман афтодааст. 24 ҳазор сомонӣ аз соли 2023, наздики 17 ҳазор сомонӣ аз соли 2022 ва дигар хароҷотҳо ҷамъан 66 ҳазор сомонӣ қарздор шудаем». Аммо барои пешниҳоди расид, дархост ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима «ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар дасти муҳосиб мебошанд» ҷавоб гирифтем.

Дар ин ҳол, мо хостем бо муҳосиби идора суҳбат кунем, аммо ӯро дар ҷойи кор пайдо карда натавонистем ва тибқи гуфтаи Саёҳат Саидова, муҳосиб низ гуноҳро ба дӯши «калон»-ҳо ва роҳбарони пешина бор мекунад.

Дилбар Мирзоқулова, собиқ директори Идораи почтаи ноҳияи Носири Хусрав (ҳамакнун директори Идораи почтаи ноҳияи Шаҳритус), зимни суҳбат қайд намуд, ки ҳамаи маблағи обунаи соли 2023-ро ба суратҳисоби Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик»-и вилоят гузаронидааст, аммо дархости моро барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бепосух гузошту саволҳои мушаххаси мо ҷавоби дақиқи худро пайдо карда натавонистанд.  

Мушкилӣ дар маблағ аст?

Тибқи маълумоте, ки то имрӯз ба дасти мо расидааст, Идораи почтаи ноҳияи Носири Хусрав нақшаи обуна ба рӯзномаи «Хатлон»-ро барои соли 2024 ҳамагӣ 20 адад (6,67%) иҷро кардааст (нақша – 300 нусха). Ин дар ҳоле мебошад, ки ноҳия камтарин нақшаи обунаро дорад. Саёҳат Саидова, директори Идораи почтаи ноҳия изҳор медорад, ки барои иҷрои ин нақша маблағ намерасад ва мушкилӣ мекашанд.

Муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав Машҳура Азимзода зимни суҳбат бо мо қайд кард, ки аҳолии ноҳия кам аст, дар ноҳия ба ғайр аз як беморхона дигар ягон корхона фаъолият намекунад ва обуна шудан ба рӯзномаю маҷалла барояшон вазнинӣ мекунад. «Сол то сол шумораи рӯзномаҳое, ки бояд ба он обуна шавем, зиёд шуда истодааст. Кор дар маҳал бо мардум хеле вазнин аст ва мақомотҳои болоӣ аз мо иҷрои нақша не, натиҷаро талаб мекунанд. Ҳоло бошад, нақшаи обуна аз ҷониби кормандони шуъбаҳои маорифу фарҳанг, муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот сари вақт иҷро карда мешавад, аммо аксар маврид хоҷагиҳои деҳқонӣ барои супоридани маблағи обуна хунукназарӣ мекунанд», - илова намуд М. Азимзода, муовини раиси ноҳия.

Ба андешаи коршиносон, дар ноҳияҳои сарҳадӣ ва ҳамчунин ноҳияҳое, ки аққалиятҳои миллӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, бояд корҳои идеологӣ таҳким бахшида шаванд ва яке аз василаҳои таъирбахши пешбурди корҳои идеологӣ мутолиаи муттасили матбуоти даврӣ ба ҳисоб меравад.

Пешбурди кори сомонаи расмӣ ҳам маблағи зиёд мехоҳад?!

Сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ низ нақши манбаи асосии иттилоотиро оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳал мебозанд. Татбиқи амалии консепсияи «ҳукумати электронӣ» имконият фароҳам меорад, ки шаффофияти фаъолияти мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ боло равад. 

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 «Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияи давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаҳои интернет» масъулияти кормандони масъули иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти хуидоракунии маҳалро мушаххас кардааст.

«Норасоии маблағ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Носири Хусрав барои обуна шудан ба рӯзномаю маҷаллаҳо монеъ мешавад»-ро метавон ҳамчун як ҷавоб қабул кард, аммо чаро ақаллан сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав (www.nosirikhusrav. tj) фаъолияти натиҷабахш нишон намедиҳад? Оё фаъолияти пурсамари сомона низ маблағи ҳангуфт талаб мекунад?!

Чанде пеш (6 июли соли 2023, №43) дар рӯзномаи «Хатлон» маводи таҳлилие зери унвони «Хоҷам, боғ дорӣ?-Дорам! Ё фаъолияти сомонаҳои расмии шаҳру навоҳӣ ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд?» ба нашр расид, ки дар он оид ба вазъи сомонаи расмии ноҳияи Носири Хусрав чунин навишта шуда буд: «Ҳамин тариқ, бетаваҷҷуҳӣ дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав (www.nosirikhusrav.tj) низ ба назар мерасад, ки аз соли 2021 то имрӯз иваз нашудани ибораи «...иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия...» далели асосӣ маҳсуб меёбад. Охирин матлаб низ моҳи марти соли ҷорӣ пахш шудааст». Магар аз моҳи март то имрӯз дар ноҳия ягон чорабинии арзишманд доир нашудааст, ки хабарашро дар сомонаи расмии МИҲД ҷой диҳанд? Дар сомона ба бахши «муовинони раиси ноҳия» ворид шавед, мебинед, ки гӯё дар ин вазифаҳо Неъматулло Холбойзода ва Бозоргул Саидзода то имрӯз фаъолият мекунанд. Ҳол он ки чанд сол боз Неъматулло Холбойзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ буда, беш аз чор сол боз Бозоргул Саидзода дар нафақа қарор дорад.

Агар масъалаи обуна ба дигар нашрияҳои давриро яксӯ гузошта, сари нашрияи ноҳиявӣ сухан ронем, он низ нигаронкунанда аст. Сумангул Асадбекова, самуҳаррири рӯзномаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав, зимни суҳбат изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи масъулон ба нашрияи маҳаллӣ кам аст.

«Соли гузашта барои обуна 1100 нусха нақша гузошта будем, ки ҳамагӣ 1000 нусха иҷро шуд. Соли равон бошад, нақшаи обунаро 1200 нусха пешбинӣ кардем, ки айни ҳол 48%-и он иҷро шудааст».

Барои ноҳияе, ки наздики 45 ҳазор аҳолӣ дорад, 1200 нусхаи рӯзномаи маҳаллӣ нишондиҳандаи чандон баланд нест. Дар бораи рӯйдодҳои ноҳия, дастовардҳо, нишондиҳандаҳои рушд, ҷашну маросим ва корҳои таблиғотию ташвиқотӣ сокинони маҳаллӣ аз куҷо иттилоъ мегиранд? 

Агар нашрияҳои вилоятӣ ба ноҳия намерасанд, нашрияи ноҳиявӣ бо шумораи кам ба чоп расад ва ҳатто ба кори сомонаи расмии МИҲД чунин бетаваҷҷуҳӣ зоҳир шавад, фазои иттилоотии ноҳия чӣ гуна пӯшиш хоҳад ёфт? Суолест, ки нафақат ҷавобу тавзеҳ, балки тадбирандешӣ мехоҳад.

Ба ҷойи хулоса

Вазифаи аввалидараҷаи масъулони ситодҳои обуна, идораҳои почтаи шаҳру навоҳӣ, пеш аз ҳама, мусоидат кардан ба иҷрои нақшаи обуна ба матбуоти даврӣ ва сари вақт дастрас намудани нашрияҳо ба муштариён мебошад. Аммо, тибқи баъзе маълумот, дар ташкилоту муассисаҳои сатҳи ноҳиявӣ рӯзномаҳо сари вақт дастраси обуначиён намешаванд. Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Идораи почтаи ноҳияи Носири Хусрав метавон гуфт, ки сифати кори масъулон қаноатбахш нест. 

P.S. Ҳамаи факту далели матлаб ба таърихи 24 октябри соли 2023 ҷамъоварӣ шудаанд. Ба умеди беҳбуд ёфтани вазъият, дар нашри маводи мазкур аз истифодаи баъзе факту арқоми дастрасшуда худдорӣ намудем.

Мавзуи мазкур аз ҷониби рӯзномаи «Хатлон» минбаъд ҳам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пайгирӣ мешавад.

Аз хонандагон ва обуначиёни рӯзнома низ хоҳишмандем, ки вобаста ба сатҳу сифати хизматрасонии идораи почтаҳои шаҳру навоҳӣ пешниҳоду андешаҳои худро тариқи почтаи электронии khatlon.tj@mail.ru ё тариқи WhatsApp ва Telegram ба шумораи 985-3333-97 ба идораи мо фиристанд.


Ҷасури ҚИЁ МИДДИН,
«Хатлон»
Бохтар-Носири Хусрав-Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода