МЕҲРГОН ТАҶАССУМГАРИ СУННАТҲОИ НЕКИ ИНСОНИСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 449
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бахшида ба Иди Меҳргон
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни Меҳргонро, ки рамзи ҳаёти осоишта, фаровонии ҳосил, файзу баракати зиндагии мардуми мост ва иди деҳқонону кормандони соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мегардад, ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона табрику таҳният мегӯям.
Иди Меҳргон дар радифи пуршаҳоматтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад.
Меҳргонро дар замони Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Сомониён бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирифтанд. Тавре дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ омадааст, халқ бо сарварии Коваи Оҳангар Заҳҳоки золимро шикаст доданд ва Фаридун ба тахт нишаст. Ба тасвири Абулқосим Фирдавсӣ, Фаридун “Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ” ба тахт нишаст ва парастидани Меҳру ҷашни Меҳргонро асос гузошт. Ҳамин аст, ки иди Меҳргон ба давраи ҳукмронии бунёдгузори ин ҷашн Фаридун нисбат дода мешавад.
Ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекарданд. Бинобар ин, Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид ва аз соли 2009 инҷониб ҳар сол дар фасли тирамоҳ дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешавад. Ба таъкиди Пешвои миллат, “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи кишоварзон ва олимону мутахассисони соҳа ба шумор меравад.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзавот, консерваю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошогоҳ барпо мешавад.
Ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Эҳёи ифтихороти миллӣ ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккули он вазифаи муҳими имрӯзиён аст.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд дар саҳро заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Соли равон барои барзгарони вилояти Хатлон пурфайз омад. Пахтакорон ҳосили хуб ба даст оварда, ҳоло авҷи маъракаи ҳосилғундорист.
Кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат соли равон бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ва амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа ба 25 миллиону 48 ҳазору 176,7 сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 фоизро ташкил дода,1 миллиону 196 ҳазор сомонӣ афзуд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ ба 104,8 фоиз ва дар соҳаи чорводорӣ ба 105,8 фоиз баробар гардид.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 882370 тонна ғалладонагиҳо, пахта 112670 тонна, 202406 тонна картошка, 1496292 тонна сабзавот, 679156 тонна полезиҳо, 237202 тонна мевагиҳо ва 76304 тонна ангур истеҳсол гардида, ҳаҷми умумии маҷмуи маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ ба 19 миллиону 927 ҳазору 118,1 сомонӣ расонида шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132567 тонна сабзавот, 75891 тонна полезиҳо ва 37050 тонна мевагиҳо зиёд истеҳсол шудааст.
Умуман, аз Меҳргон то Меҳргон дастовардҳои соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон беҳтару бештар гардида, вазъи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Бо таманнои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, бори дигар, мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни нусрат, баракату шукуҳмандӣ ва пурфайзи Меҳргон сидқану самимона табрик гуфта, ба сокинони Хатлонзамин дастархони пурнозу неъмат, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва пирӯзию комгорӣ орзумандам.
Ҷашни Меҳргон хуҷаста бод!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00