Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баҳсе сари он ки забони тоҷикӣ таърихи қадима дорад


Баҳсе сари он ки забони тоҷикӣ таърихи қадима дорад



Забон яке аз васоити умдаи иртиботи мардум маҳсуб ёфта, ҳастии ҷомеаро ба он асос додан мумкин аст. Мубодилаи афкор, муносибатҳои байниҳамӣ, ибрози ақида, равиши таълиму тарбия, шартномаҳои ҳамкорӣ, равобити байналмилалӣ, фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ, хуллас тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон ба забон алоқаманд аст. Забони тоҷикӣ низ яке аз забонҳои қадимаи мардуми тамаддунофар маҳсуб ёфта, давраҳои сангинро паси сар намудааст...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш изҳор доштанд: “Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғаниву сарватманди ҷаҳон буда, қудрати ифода кардани кулли мафҳумҳоро дорад. Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд”.

Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ маҳсуб ёфта, дар давраи зиндагии инсоният бо вазъи мураккаби замон худро ҳифз намудаву то замони мо расидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад, ки мардум бо он ҳарф мезананд. Густариши фаъолият, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва амалкарди халқ бо забони тоҷикӣ сурат мегирад.

Равшанӣ ба афкори олимоне, ки зидд и забони тоҷикӣ гуфтаанд

Яке аз муҳаққиқони фарҳанги адабии тоҷик Абдуллоҳ Сафар, ки аслан худро тоҷик намешуморад, матлаберо бо номи “Забоне бо номи тоҷикӣ вуҷуд надошту надорад” нашр намуда, дар он таъриху фарҳанг ва тамаддуни мардуми тоҷикро таҳлил намуда буд.

Аслан агар ба таърихи забонамон ба таври иҷтимоӣ назар кунем, муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ, забони тоҷикиро ба се марҳилаи бузурги таърихӣ: форсии бостон, форсии миёна ва ё паҳлавӣ ва форсии нав, ки онро имрӯз бо номҳои тоҷикӣ, дарӣ, порсӣ медонанд, ҷудо кардаанд. Аслан, ба хотири исботи он, ки забони тоҷикӣ аз азал буд, метавон мадракҳои зиёдеро пайдо кард. Сайфиддин Назарзода, доктори илмҳои филологӣ, дар нигоштаи худ мегӯяд: “Ибни Қутайба дар “Табақотуш-шуаро” ва Табарӣ дар “Таърихи Табарӣ” ба ихтисор нақл кардаанд, ки Ибни Муфаррағ – шоири араб муддате дар Хуросон ва Исфаҳон зиндагӣ карда, дар соли 60-уми ҳиҷрӣ (681-и мелодӣ), яъне пас аз 21 соли инқирози давлати Сосонӣ ба тоҷикӣфорсӣ шеър гуфтааст”. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар он замон забони тоҷикӣ аллакай рушд карда будааст, ки шоири араб забони тоҷикиро омӯхта, бо он шеър эҷод мекардааст.

Олими рус Б. Виноградов муқобили забони адабии тоҷикӣ навишта буд: “Агар тоҷикон забони адабӣ медоштанд, матбуоту адабиёти имрӯзаро ҳамаи тоҷикон мефаҳмиданд ва ҳол он ки “Одина” ва “Қамар”-ро хонандаи тоҷик намефаҳмад”. Албатта, ин гуна ақидаҳои нодуруст дар бораи забони адабии тоҷик дар байни олимон бисёр буданд.

Дар китоби Пешвои миллат “Забони миллат – ҳастии миллат” оид ба таърихи қадима доштани забони тоҷикӣ далелҳои зиёди мушаххас оварда  шудаст. Мантиқан метавон фикр кард, ки забони тоҷикӣ ҳадди ақал ду–се қарн пештар ривоҷ дошта буд, ки дар асри Х тавонистааст қудрате пайдо кунад, ки чун Рӯдакӣ шоирони бузург бо он шеър эҷод кунанд. “... як гурӯҳ муҳаққиқон вуҷуди ин забонро то қабл аз ислом пеш мебаранд. Асноду далели аввали онҳо вуҷуди калимаҳои тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар ибтидо ва ё каме пеш аз зуҳури ислом дар забони арабӣ мебошад. Далели дигар  21 ё 27 калимаи дахил дар Қуръони Маҷид аст, ки забоншиносон дар асари таҳқиқотии решашиносӣ пайдо кардаанд”.

Бо такя ба далелҳои мавҷуда бо итминон метавон гуфт, ки назарияи нафароне, ки гӯё забони тоҷикӣ таърихи қадима надошта, балки ҳамчун як забони баъдан пайдошуда аст, куллан ғалат мебошад.

Нигоҳе ба таърихи забони тоҷикӣ 


Дар бораи таърихи забони тоҷикӣ фарзияҳо хело зиёд ҳастанд, ки дар байни забоншиносон мубоҳисаву мунозираҳои зиёдеро ба бор меорад. Бархеҳо ақида доранд, ки забони тоҷикӣ ягон асос ва заминаи илмӣ надорад ва танҳо барои даврабандии сегонаи забони асосии форсӣ (забони форсии бостон, миёна ва нав) номгузорӣ шудааст.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонии ҷаҳон маҳсуб ёфта, давраи инкишофи он дар асрҳои 7-8 мелодӣ шуруъ гардидааст. Дар ин хусус академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ–“Тоҷикон” чунин менависад: “... шубҳае намемонад, ки дар ибтидои асри VIII забони зиндаи мардуми Балх (ва ё қисми он) забони тоҷикӣ будааст. Эҷодиёти бадеӣ ба ин забон, бешубҳа, дар байни монавиҳо низ вуҷуд дошт. Инро ду порчаи шеърии ба хатти монӣ навишташуда, ки аз рӯйи хулосаи профессор Ҳеннинг ба қалами яке аз ҳамзамонони Рӯдакӣ тааллуқ доранд, тасдиқ мекунад”.

Ин забон аз гурӯҳи забонҳои эронии хонаводаи ҳиндуаврупоӣ буда, айни замон дар дунё қариб 45 миллион нафар бо он ҳарф мезананд. Дар гузашта, забони тоҷикӣ дар якҷоягӣ бо забонҳои дарӣ ва форсии эронӣ (забони навини форсӣ, ки имрӯз дар Эрон мавриди истифода аст), забони форсӣ (форсии асосӣ, ки саркардаи забонҳои тоҷикӣ, дарӣ ва форсии навин аст)-ро ташкил медиҳанд. Забони форсии асосӣ бошад, идомадиҳандаи забони давлатии аҳди Сосониён, ки имрӯз онро забоншиносон паҳлавӣ мегӯянд, мебошад.

Пештар аз давраи пайдоиш ва ташаккули ин забон, ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна ба вуқуъ пайваста буд, ки дар калимоти забон таъсири худро гузошт. Дар ин хусус дар китоби Пешвои миллат “Забони миллат – ҳастии миллат” омадааст: “Омилҳои зиёди сиёсӣ, динӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ боис шуданд, ки забони арабӣ на танҳо дар қаламрави Эронзамин нуфуз пайдо кунад, балки калимоту таркибот ва истилоҳоти фаровони забони арабӣ ба забони форсии дарӣ роҳ ёбанд”.

Хизмати шоёни забоншиносон барои забони тоҷикӣ

Дар рушду ҳифозати забони адабии тоҷикӣ як қатор олимону зиёиёни давр ҳиссагузорӣ намудаанд. Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдурауфи Фитрат, Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев, Мукаррама Қосимова, Баҳриддин Камолиддинов, Сайфиддин Назарзода ва даҳҳои дигар барои орӣ нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз таъсири забонҳои ғайр кӯшиш намудаанд.

Замоне ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, дар назди забоншиносону олимон масъулияти бузурге пеш омад. Ҳамакнун, онҳоро лозим буд, ки барои забони адабии тоҷик Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро ба муҳити Тоҷикистон мувофиқ намоянд. Аз баҳри вожаву ибораҳои ғайр баромада, истилоҳҳои навро ба забони адабӣ ворид кунанд. Ҳамчунин, барои азнавсозиву рушди фарҳанги миллат, пеш аз ҳама, олимони соҳаи филология саҳми калон гузоштанд.

Ҳимояи забон - қарзи ҳар як шаҳрванд

Маҳз, заҳмату машаққати бузурги олимону забоншиносон буд, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба тарзи асл, бо шеваю лаҳни гуворо ба мо омада расидааст. Посдорию устуворӣ буд, ки имрӯз эҷодиёти шоирону нависандагони бузургро, ки қарнҳо пеш зиндагӣ намудаанд, бо забони аслашон мутолиа мекунем.

Аз ин рӯ, ҳар як соҳибзабонро зарур аст, ки ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани забони хеш ва орӣ аз таъсири забонҳои беруна ба наслҳои оянда боқӣ мондани он, пайваста кӯшиш ба харҷ дода, аз истеъмоли вожаҳои ғайр худдорӣ намояд. Зеро имрӯз забони тоҷикиро дар арсаи ҷаҳон бо манзалату шевои ширинии гуфтор, ҳамчун забони Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Айниву Турсунзода эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.

Ёдоварӣ аз мақоми давлатӣ пайдо кард ани забони тоҷикӣ 

22 июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз он рӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ пазируфта шуд. Баъди муноқишаву нооримиҳо ва нисбатан ором гардидани он, соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи ҳалли масъалаҳои забон гардид ва таҷлили рӯзи қонунии забонро ҳамасола ба роҳ монд. 

Ҳамин тариқ, 5 октябри соли 2009 қонуни нав бо номи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар он масъалаҳое, ки дар қонуни қаблӣ набуданд, тағйирот ворид карда шуд. Аз соли 2009 инҷониб, Рӯзи забон ҳамасола 5 октябр дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода