Қаҳрамони ваҳдат ва пуштибони миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 318
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири равандҳои манфии геополитикӣ ҳар як давлат ниёз ба қувваҳое дорад, ки тавоноии муттаҳид кардани халқро дар роҳи ҳалли масоили давлатӣ дошта бошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андешаи мо, раҳнамои муҳимтарини муттаҳидсози миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат шудан иқдом ба корнамоиҳои бузург намуданд ва бо ҳамин шуҳрати халқи Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро ба даст оварданд.
Дар бораи лаҳзаҳои аввали оғози фаъолияти сиёсии Пешвои миллат Меҳмон Бахтӣ чунин навишта буд: “Дар фазои ғуборолуди майдонгириҳои онрӯза, ман вакилеро дидам, ки аз тариқи телевизион рӯ ба мардум оварда, бо ҳисси ватанпарастию дилсӯзии том мегуфт: “Ин талошҳои минбарӣ оқибати фоҷиавори зиёдеро ба сари мардум меоварад. Эй бародарон, ба худ биёед, ояндаи хунрезиву хатарнок ва пора-пора гаштани Тоҷикистонро пеши назар биёваред ва андеша кунед. Оё дар ҳамаи ин амал бозиҳои пасипардагӣ ва манфиатҷӯиҳои душманони миллатро намебинед? Душманоне, ки садсолаҳо ташнаи хуни мо, забти боқимонда замини мо ва хомхаёлона аз худ шумурдани таърихи бостонии моанд. Ин талошҳои гурӯҳпарастиву минтақахоҳии мо дар назди арзишҳои муқаддаси ватанпарастию ягонагии миллат ҳеҷанд”. Ин вакил Эмомалӣ Раҳмон буд. Бар арсаи сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ набуд, зеро қабл аз ин Пешвои миллат фаъолияти хуби суханварӣ ва ташкилотчигии худро дар давоми иштирок дар кори Парламенти он давра нишон дода буданд ва аз ҳамон давра мардум дар ин шахсият қобилияти идоракунии давлатро мушоҳида намуд. Аввал ин, ки Эмомалӣ Раҳмон кайҳо боз бо суханрониҳои фасеҳу бомантиқи хеш андар миёни намояндагони мардум дорои шуҳрати хос буданд. Лаҳни фасоҳатбор, қобилияти суханварӣ ва мантиқи беғашу пухтаи баёнашон кашишу таъсири пурҷозиба дошта, ҳанӯз дар лаҳзаҳои басо шадиди сангарнишинии мардумамон аз минбари муқаддаси шохаи Қонунбарор тарзу тариқи саҳеҳияти қонунро ба ҳамкасбон иброз медоштанд ва ба ин васила мардумони заҳматқаринамонро ҳушдор медоданд, ки обрези дасти бегонагон нагарданд, то зиракона кору пайкор намуда бошанд.
Интихоби Пешвои миллат ба вазифаи Роҳбари давлат натиҷаи он меҳнатҳо ва корҳое буд, ки дар давоми душвортарин солҳои давлатдории тоҷикон -1991-1992 ба сомон расонид. Аз ҳамин лиҳоз агар гӯем, ки тақдир шахсиятҳоро ба арсаи сиёсат меорад, ҷавоб нопурра мебошад, зеро барои ҳар як шахс бе ҷасорату далерӣ ва дигар хислатҳо, ки онҳоро Форобӣ дувоздаҳ хислати модарзодӣ номида буд, муваффақ шудан дар сиёсат имконнопазир аст. Дар ин солҳои душвор Пешвои миллат муҳимтарин омили идоракунии давлатро соҳиб гардиданд ва он дастгирии халқ буд. Халқи тоҷик тарафдори системаи сиёсие буд, ки он бехатарии мардум, рушди иқтисодии мамлакат ва сулҳро пойдор гардонад. Мардуми Тоҷикистон институти президентиро интихоб намуд ва интихоби мардум якчанд сабаб дошт:
-аввалан, ин ки кашмакашиҳои парламентӣ, ки ба майдони баҳси ҳизбҳои гуногун мубаддал гардиданд, аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ намебаромаданд;
-дувум, халқ баъди солҳои бемаҳсули муборизаи байниҳизбӣ ба институти пурзӯри идоракунӣ муҳтоҷ буд, то ки инкишофи ҷомеаро таъмин карда тавонад.
Илова бар ин, дар аввали солҳои 90-ум дар натиҷаи равандҳои ба ном демократӣ обрӯ ва эътибори органҳои давлатӣ паст гардид ва мамлакатро бетартибиҳои оммавӣ фаро гирифт. Аз ин рӯ, барои ислоҳ кардани ин хатогиҳо ниҳоди пурқуввати идоракунӣ лозим буд, ки онро халқ дар идоракунии президентӣ медид. Акнун шахсияте лозим буд, ки масъулиятро барои иҷрои вазифаҳои душвори давраи гузариш ба уҳдаи худ гирад. Аммо гуфтан зарур аст, ки қабл аз интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи сентябри соли 1992 ду президенти Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон пеш аз муҳлат ваколати худро аз даст доданд. Қаҳҳор Маҳкамов аз тарафи вакилони Парламент бо истифода аз институти импичмент аз вазифа гирифта шуд ва моҳи сентябри соли 1992 бошад, Президент Раҳмон Набиев бо роҳи зӯроварӣ аз тарафи силоҳбадастон маҷбур шуд, ки ба истеъфо барояд. Дар ҳар дуи ин мавридҳо эҳтироми интихоби овоздиҳандагон поймол гардида буд ва ақаллияти ҷангҷӯ тавонист, интихоби аксариятро бекор намояд. Халқи тоҷик душвории давраи соли 1992-ро хуб дарк мекард ва ҳама рӯ ба тарафи Эмомалӣ Раҳмон нигарон буданд, ки чӣ тавр Президенти ҷавон метавонад вазъияти ҷанги шаҳрвандиро ба эътидол биёрад ва рушди иқтисодии давлати харобшударо таъмин намояд.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиқлол қабул шуд ва дар асоси он Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро интихоб кард. Аммо таҷрибаи таърихи солҳои истиқлолият нишон дод, ки интихоби халқи тоҷик интихоби таърихӣ буд, зеро дурбинии сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки нақшаҳои иҷронашаванда ба мисли таъмини сулҳ, сохтмони роҳи Кӯлоб –Хоруғ-Кулма, бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун”, сохтмони роҳи Бӯстон-Чаноқ, сохтмони садҳо мактабу донишгоҳ ва дигар корҳои ободонию созандагӣ, ки иҷро кардани онҳо дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ имконнопазир буд, амалӣ шуданд.
Дар чунин шароити душвор муҳимтарин иқдоми Сарвари тоҷикон овардани сулҳ барои мардуми азияткашида буд. Моҳи апрели соли 1995, пеш аз сафар барои музокирот бо гурӯҳҳои мухолифини тоҷик, ба мухбири Агентии хабаргузории «Интерфакс» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Ман, пеш аз ҳама, масъалаҳоеро ба муҳокима мегузорам, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаи оташбас, баргаштани муҳоҷиринро, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон ҳастанд, муҳокима хоҳам кард».Музокироти сулҳи тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат аз 5 апрели соли 1994 оғоз гардида, 27 июни соли 1997 бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ анҷом ёфт. Сарвари давлат ҳамаро мутақоид сотанд, ки роҳи ягонаи аз вазъияти ба амаломада баромадан ва нигоҳ доштани мустақилияти Тоҷикистон имзои сулҳ ва ваҳдати миллӣ аст. Дар ин давра, Роҳбари давлат борҳо таъкид карда буд: «Муноқишоти миёни тоҷиконро бояд худи тоҷикон, намояндагони босалоҳияти ҳамин мардум, ки дилашон ба халқу кишварашон месӯзад, ҳал кунанд».
Дар давоми роҳбарии давлати тоҷикон, Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро баҳри муттаҳид кардани миллат дар роҳи сохтмони ҷомеаи пешрафта равона сохт.
Шарифхон Тиллоев,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00