Шинохти инсон аз дидгоҳи Мавлоно
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 356
Инсон ва инсоншиносӣ яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, тамоми мавзуъҳои дигаре, ки дар осори мутафаккир мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, бегумон, бо мавзуи инсон иртибот доранд. Паёми Мавлоно ба башарият ин аст, ки ин ҷаҳон ҷоне дорад ва мо бояд ҷони ин ҷаҳонро, ки ҳамон инсон аст, бишносем.
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Аз ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.
Ба назари Мавлоно ҳеҷ илме шарифтар аз илми худшиносӣ нест, аммо, мутаассифона, ин инсон, ки ҳар гиреҳеро мекушояд ва ҳар мӯеро мешикофад, хештани хешро фаромӯш кардааст. Ӯ дар китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» дар ин замина мегӯяд: “Акнун ҳамчунин уламои аҳли замон дар улум мӯй мешикофанд ва чизҳои дигарро, ки ба ишон тааллуқ надорад, ба ғоят донистаанд ва ишонро бар он иҳотаи куллӣ гашта ва он чи муҳим аст ва ба ӯ наздиктар аз ҳама он аст, худии ӯст ва худии худро намедонад”.
Мавлоно муътақид аст, ки башар як гиреҳи аслӣ дорад, ки агар онро бикшояд, ба некбахтӣ мерасад ва он гираҳи хештани хеш аст.
Баҳри он пайғамбар инро шарҳ сохт,
Ҳар кӣ худ бишнохт, Яздонро шинохт.
Ба андешаи Мавлоно одамӣ тамоми умри гаронбаҳои худро дар кушодани гиреҳҳое ва ҳалли масъалаҳое сарф менамояд, ки аз кушоиши он чизе оидаш намешавад ва ҷавҳари ҳақиқӣ ва малакутиаш шукуфо намегардад.
Ҳазрати Мавлоно бо таваҷҷуҳ ба мизони худшиносӣ одамиёнро ба таври куллӣ ба ду гурӯҳ тақсим мекунад. Гурӯҳе, ки дар маҳсусоти ин ҷаҳон фурӯ мондаанд ва роҳ ба дигар сӯи ҷаҳон набурдаанд ва гурӯҳе, ки бо сайру сулук ба моварои амни ҷаҳон расидаанд. Гузашта аз ин, он орифи вораста мефармояд, агарчи ҳамаи одамиён ба сурат шабеҳи якдигаранд, аммо ба сират фарқ мекунанд. Чун гавҳари аслии одамӣ сират аст, барои зуҳури сиришти ҳар кас инсонҳо дар бутаи озмойиш қарор мегиранд. Сипас, ҳазрати Мавлоно одамиёнро аз ҳайси мартаба ба се гурӯҳ тақсим мекунад: инсони ноқис, инсони мутавассит ва инсони комил.
Дар таърифи инсони мутавассит бошад, мегӯяд: «Ва баъзе дар танозеъ мондаанд ва онҳо он тоифаанд, ки ишонро дар андарун ранҷеву дарде ва фиғоне падид меояд ва ба зиндагонии хеш розӣ нестанд. Инҳо муъминонанд.
Авлиё мунтазири ишонанд, ки муъминонро дар манзили худ расонанд ва чун худ кунанд ва шаётин низ мунтазиранд, ки ӯро ба асфал-ус-софилин сӯи худ кашанд. Одаме мискин, ки мураккаб аст аз ақлу шаҳват, нимаш фаришта ва нимаш ҳайвон, нимаш мор аст ва нимаш моҳӣ. Моҳияш сӯи об мекашонад ва мораш сӯи хок... Дар кашмакаш ва ҷанг аст».
Монд як қисми дигар андар ҷиҳод,
Ним ҳайвон, ним ҳайи бо рашод.
Рӯзу шаб дар ҷангу андар кашмакаш,
Карда чолиш охираш бо аввалаш.
Инсони комил аз нигоҳи Мавлоно хеле ҷолибу шоиста тафсир шудааст. Ӯ мегӯяд: «...ва баъзе малоикаанд, ки ишон ақли маҳзанд. Тоат ва бандагӣ ва зикр ишонро табъ аст ва ғизост ва ба он хӯриш ва ҳаёт аст. Чунонки моҳӣ дар об, зиндагии ӯ аз об аст ва бистару болини ӯ об аст. Он дар ҳаққи ӯ таклиф нест, чун аз шаҳват муҷаррад аст ва пок аст. Пас, чӣ миннат агар ӯ шаҳват наронад ё орзуи ҳаво ва нафс накунад? Чун аз инҳо пок аст ва ӯро ҳеҷ муҷоҳида нест ва агар тоат кунад, онро ба ҳисоби тоат нагиранд, чун табъаш он аст ва бе он натавон будан. Онҳо мутобиати ақл чандон карданд, ки ба куллӣ малак гаштанд ва нури маҳз гаштанд. Ишон анбиё ва авлиёанд, ки аз хавфу риҷо раҳидаанд, ки ло хавфа алайҳим ва ло ҳум яҳзанун».
Хулосаи андешаи ин мутафаккир он аст, ҳадафи офариниши оламу одам амрест, ки тафаккур ва тадаббур мехоҳад, то бад-ин васила инсон тавонад ба асли хеш бирасад ва рисолати азалии хешро ба ҷо орад.
МАҲҶУБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00