Нуфузи Мавлоно дар Аврупо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 390
Нуфузи Мавлоно ба сарзамини тамаддуни исломӣ маҳдуд намонд. Ӯ алоқаи донишмандони аврупоиро дар нахустин марҳилаи мутолеоти ховаршиносӣ ба худ ҷалб кард.
Дипломатҳои аврупоӣ нахустин касоне буданд, ки барои дарки амиқтари ашъори Мавлоно талош карданд Бархӯрди нахустини Гёте (1814) ба осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар Аврупо бо номи Ҷалолиддини Румӣ машҳур аст, замонест, ки барои китобхонаи салтанати Веймар, пойтахти султоннишинии Зюксен Веймар бо харидани чанд нусхаи нафис ва осори хаттии мутуни Шарқи Исломӣ ба Туркия меравад ва аз он ҷо чанд китоберо, ки барои мусулмонон муқаддасанд, бихарад. Дар қатори чанд нусха аз нодиртарин китобҳо, инчунин китоби “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддин Муҳаммади Румиро харидорӣ мекунад.
Гёте дар ин бора, дар номае ба Карл Август, шоҳи иёлоти Зюксен Веймар ва шоҳу ҳомии худ дар моҳи июни соли 1815 менависад:
“Ҳамин тозагӣ барои китобхонаи шаҳр як нусхаи хаттии бошукӯҳу нафис харидорӣ кардем. Нусхаи солим бо таҳзибу (ислоҳкардашуда) наққошиҳое чанд аз ин ”Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ-Румӣ аст. Маҷмуае, ки онро сӯфиён баъд аз Қуръон волотарин китоб мехонанд”.
Афсӯс, Гёте форсӣ наомӯхта буд, гарчи туркинажод буд. Аз ин китоб баҳра бурда наметавонист.
Вале ӯ дарк карда буд, ки ин китоб барои мардуми мусулмон баробари китоби Қуръон муқаддас аст. Баъдтар дипломати ховаршиноси олмонӣ Жозеф Ҳомер Пургштал, ки сафири Австрия дар мамлакатҳои исломӣ буду форсӣ медонист, аз китобхонаи султонӣ бархӯрдор шуд ва шефтаи “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Румӣ гашт.
Порчаҳои “Маснавии маънавӣ”- ро дар китоби “Ганҷинаҳои Ховарзамин” бо олмонӣ тарҷума кард ва таваҷҷуҳи аврупоиёнро ба Мавлонои Рум бедор намуд.
Шоири олмонӣ Фридрих Рюкарт диққати худро ба Мавлоно ҷалб кард, чун ғазалеро бо номи “Эй қавми ба Ҳаҷ рафта куҷоед, куҷоед, Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед”-ро тарҷума кард, Ин ғазал диққати Гегелро ҷалб намуд. Ҳамин тавр Мавлоно бо “Маснавии маънавӣ”-и худ дар Австрия машҳур шуд.
Шоирони зиёди олмонӣ илҳом аз ғазалиёти Шамс суруда, машҳури дунё гаштанд. Нахустин омӯзиш ва ошноӣ ба Мавлоно дар Аврупо дар Олмон ба миён омад. Тавассути харидории “Маснавии маънавӣ” аз тарафи шоири бузурги Аврупо Ҳиёган Гёте оғоз ёфт.
Кристоф Канубел, Ҳелмут Ритер ва Аннамери Шимел умри худро ба омӯзиши Мавлоно сарф карда бошанд, Гегел дилбохтаи Мавлоно шуд. Эрнест Вертрам, Ҳанс Мейике дар бораи Мавлоно асарҳои пурарзиш навиштанд ва тарҷума карда, шуҳрати худро баланд бардоштанд.
Мо аз Эва ду Ветрей Майерович ёд мекунем, ки ӯро дар Аврупо “Духтари Мавлоно” хондаанд. Вай ягона муҳаққиқи
Мавлоно дар Порис аст.
Хонум Эва тарҷумони комили Мавлоно буда, бо кумаки донишманди Эронӣ Муҳаммад Мокрӣ дар ҳаҷми 8 ҷилд асареро ба фаронсавӣ тарҷума кардааст. Хушбахтона, ин асари пурарзиши ӯро аз Германия дастрас кардем, ки он аз шаш дафтар, дар ду китоб дар ҳаҷми 2405 саҳифа бо забони франсузӣ гирд оварда шуда будааст.
Инчунин, ӯ дар китоби дигараш аз “Девони Кабир” аввал 1081 ғазал (11378 байт)-ро бо забони фаронсавӣ тарҷума кард. Ҳоло тарҷумаи ӯ яке аз шоҳкориҳои бузурги адабиёти форсӣ аст. Соли 1993 нашриёти бонуфузи “Галимер”-и Порис мунтахаби ғазалиёти Мавлоноро таҳти унвони “Китоби Шамси Табрезӣ. Сад достон” мунташир кард. Онро бо форсӣ Маҳин Таҷаддуд ва Наҳал Таҷаддуд тарҷума карданд. Боз онро Жан Клод бо фаронсавӣ баргардонд.
Ин китобҳо дар китобхонаи “Жан лу Эрбер” маҳфузанд. Соли 1971 Ҳаво ба Макка ва Мадина рафта зиёрат карда, дини исломро мепазирад. Барои омӯзиши Мавлоно ба Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Эрон борҳо сафар карда, ҳаёти худро сарфи омӯзиши Мавлоно кардааст.
Мо бештари қадршиносиро бо профессор Алан Роналд Николсон менамоем, ки ӯ тарҷумаи арзанда ва тафсири бисёр хуби “Маснавии маънавӣ”-ро дар 6 дафтар, 7 ҷилд дар ҳаҷми 22632 байт бо забони англисӣ ба чоп омода карда, чун як китоби мукаммали пурарзишро манзури оламиён кардааст. Ӯ донандаи забонҳои Шарқ буд. Дар бораи сӯфиизм кори илмиро дар назди мусташриқи бузург Эдуард Браун дифо намуда, мувофиқи хости устодаш “Маснавии маънавӣ”- ро бо тамом тарҷума кард.
Тарҷумаи Николсон аз беҳтарин ва бебаҳотарин шоҳкориест дар дунё.
Роналд Николсон чун шореҳи бузурги англис маҳз тавассути тарҷумаи ин асари нотакрори Мавлоно машҳури ҷаҳон шудааст.
Дар Бритониё Роналд Никелсон 48 ғазали “Девони Шамс”-ро соли 1898 дар донишгоҳи Кембриҷ бо забони англисӣ ба чоп ҳозир кард, сипас, шогирди ӯ Артур Ҷон Арбери гулчини ғазалу рубоиҳои ӯро дар Лондон ба чоп расонид. 400 ғазали ӯро байт ба байт тарҷума кард, дар ду ҷилд дар шаҳри Лондон ва Чикаго ба табъ расид.
Дар Итолиё ва Чехословакия таъсири Мавлоно бузург аст. Оҳангсози лаҳистонӣ бо номи Шимонуфски Мавлоноро бо унвони як улгу шинохта, асар эҷод кардааст.
Дар Итолиё бошад, Алессандро Баузани 50 ғазалу 12 рубоии Мавлоноро бо забони итолиёӣ соли 1980 дар Милан ба чоп расонид.
Имрӯзҳо Мавлоно посухгӯйи ниёзҳои маънавӣ ва рӯҳии мардуми Амрико гардидааст. Келман Брокс мутарҷими ашъори Мавлоно мебошад.
Ҷеймс Федеман, яке аз устодони амрикоӣ, бар он назар аст, ки Колман Брокс Мавлавиро бо мардуми Амрико шиносонида, боиси маҳбубият гаштааст. Имрӯз Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ пули иртиботӣ миёни аврупоиҳо ва мусулмонҳост.
С. Назруллоев,
роҳбари маҳфили илмӣ- оммавии “Бонги най”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...