Варзишгарон муаррифгари давлат ва парчамбардорони миллатанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 480
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
Муҳтарам варзишгарон!
Ҳамдиёрони арҷманд!
Миллати тоҷик дар масири таърих бо матонату мардонагӣ, иродаи қавӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва майдондорӣ шуҳрат дошта, то имрӯз бо ин арзишҳои миллӣ дар ҷаҳон соҳибнуфуз аст. Маҳз бо ҳифзу тақвияти риштаҳои гуногуни варзиш ва ғамхорию дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар соҳиби эътибори хоса гардида, мунтазам рушд меёбад.
Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳод ва ташаббуси Пешвои миллат аз соли 2011 инҷониб 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад ва он ҳамчун санаи ҷашнӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” сабт гардидааст.
Мусаллам аст, ки шахсони солиму тавоно аз лиҳози ҷисмониву рӯҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, шуҷоатманду ватандӯст ва соҳиби ахлоқи неку барои ҳар як давлат хеле аҳмиятнок ба шумор меравад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро ба инобат гирифта, варзишро ба сифати яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи аҳолӣ бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму заковати солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Соҳаи варзиш имрӯз ҳамчун омили таҳкимбахши дӯстию рафоқат, тарзи ҳаёти солим ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ дошта, баҳреро мемонад месозад, ки ҳамчун омили рушди солими инсон доимо мавҷ мезанад.
Зимнан, варзишгарони тоҷик таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии доимии Роҳбарияти Олии кишвар ҳамчун ҳомиёни ояндабахш қарор доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад”.
Дастоварду комёбӣ ва пешрафту нумӯи соҳаро метавон аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат маънидод намуд, ки дар заминаи он варзишгарон дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъолона намуда, ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гардида истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзишро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии сокинон таъмин намуда истодааст.
Дар ҳудуди вилоят бо мақсади фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ айни замон 4096 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 35 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3171 майдончаи варзишӣ, 571 толори варзишӣ, 37 ҳавзи шиноварӣ, 11 Маҷмааи варзишӣ ва 231 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд.
Тибқи таҳлилҳо дар давоми панҷ соли охир дар вилоят беш аз 560 иншооти соҳаи варзиш бо тамоми шароити муносиб мавриди истифода қарор гирифтааст.
Иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ риштаи дӯстии варзишгаронро мустаҳакам намуда, боиси афзоиши обруву мартабаи мактабҳои варзишии Тоҷикистон мегардад.
Варзишгарони вилоят дар 6 моҳи аввали соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар 17 мусобиқаи байналмилалӣ ва 90 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 361 медали тилло, 391 медали нуқра, 475 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1227 медал аз мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 медал зиёд мебошад.
Мо ҳамеша барои варзишгарон шароити созгорро фароҳам меоварем, то ки парчами давлатро дар сатҳи байналмилалӣ парафшон намуда, барои ҳазорон ҷавонони дигар намунаи ибрату пайравӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошанд.
Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ва бархӯрди тамаддунҳо моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари сокинони вилоят ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар дар рӯҳияи танумандию шуҷоатмандӣ ва худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем.
Боварӣ дорам, ки варзишгарони вилоят бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои маҳбубу муаззами миллат минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ равона месозанд.
Бо чунин ниятҳои нек, ба ҳар як сокини вилоят, ҳамчунин варзишгарони босаодат барору комёбӣ таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, амнияти комил ва ба мардуми сарзамини аҷдодӣ саломатии бардавомро хоҳонам.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...