Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд


Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд




Дар ноҳияи Муъминобод ба масъалаи сабзу хуррамгардонӣ, бунёду барқарорсозии боғҳои наву куҳна, ҳифзи муҳити зист, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, ободонии деҳаҳо, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани таълимгоҳҳо, муассисаҳои табобатӣ, майдончаҳои варзишӣ, кӯчаҳо ва ба шаҳраки зебову замонавӣ табдил додани шаҳраки Муъминобод аҳамияти хоса зоҳир карда мешавад.

Дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод бо руҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат бастаанд.

Натиҷаи меҳнати ободкорона аст, ки танҳо дар соли 2023 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 46 иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. 

Нақшаи қисми даромади буҷет дар ноҳия дар 6 моҳи соли 2023 бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 9,2 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 86 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2023 1,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 37,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ноҳия 5355 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 4791 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 330 субъект тариқи патент ва 163 субъект тариқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд.

Ба ҳолати имрўза дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 72,7 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудкардашуда 14,3 миллион доллари ИМА ё 19,7 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021-2025-ум 123 лоиҳаро ба маблағи 275,3 миллион сомонӣ дар бар гирифта, то 1 июли соли 2023 14 лоиҳа ба маблағи 197, миллион сомонӣ (71,7фоиз) ба иҷро расида, дар 32 лоиҳа корҳо идома доранд. 

Пешрафт ва рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ, фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия нақши муҳим мебозад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 15262 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз он дар майдони 11207 гектар ғалладонагиҳо, 655,9 гектар картошка, 917 гектар зироатҳои техникӣ, 627 гектар сабзавот, полезӣ 193 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 1662 гектар гузаронида шудааст.

Соҳаи дигари муҳими кишоварзӣ чорводорӣ ба ҳисоб рафта, мусоидии боду ҳаво имкон дод, ки чорвои мавҷуда солиму бе талаф аз зимистон бароварда шавад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 42308 сар, чорвои майдаи шохдор ба 154797 сар, саршумори асп ба 3410 сар, паранда ба 147674 сар ва занбӯри асал ба 7627 оила расонида шудааст.

Дар ин давра 2968 тонна гўшт, 7954 тонна шир, 1060,5 ҳазор дона тухм, пашм 328,2 тонна, пилла 0,8 тонна, асал 21 тонна истеҳсол карда, 21116 сар барраю бузғола ва 445 сар гӯсола гирифта шудааст.

Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 14 миллиону 362 ҳазору 800 сомонӣ расониданд. Дар ҳамин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Дуоб-Р» ба 17,1 тонна, «Шифо-чой» 8050 дона қуттии шифочой, «Мурғи Муъминобод» истеҳсоли гўшти парҳезиро ба 126,3 тонна, «Заркорон» истеҳсоли маҳсулоти шириро 3,6 тонна, консерваи мевагиҳоро ба 65 ҳазор қуттии шартӣ, «Оила» 20,2 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои меваю сабзавот, 20,20 ҳазор қуттии нӯшоба, «Бобои Талбак» истеҳсоли рег 1950 м3, «Ҳоҷи Карим» истеҳсоли рег 288 м3, омехтаи қуму сангреза 234,7 м3, ҶДММ «Тоҷвайн» истеҳсоли шаробро ба 975 декалитр расонидаанд. 

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ«Саноатикунонии босуръати кишвар» сохтмони корхонаи коркарди сангу шағал ва заргарӣ идома дорад.

Корҳои ободонию сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 11 миллиону 636 ҳазору 400 сомонӣ маблағҳо аз худ карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, дар ҳаҷми 10 миллиону 643 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. 18 иншооти хизматрасонию маишӣ бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети ҷумҳуриявӣ сохта ба истифода дода шуд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрўзҳо роҳбарияти олии кишвар барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар пешрафти ин соҳаҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангию толорҳои варзишӣ гувоҳи гуфтаҳои болоянд.

Дар ноҳия 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 гимназия, 1 мактаб-интернати ятимон ва бепарасторон, 4 муассисаи томактабӣ, аз ин 2-тоаш хусусӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар маҷмӯъ 66 муассисаи таълимӣ ва 59 марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2023 дар се зинаи таҳсилот 21 ҳазору 659 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 803 нафар зиёд мебошад.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 210 нафар омӯзгорон ба кор қабул гардида, аз ин шумора ба 6 нафар мутахассиси чавон қарзҳои имтиёзнок дода шуд.

Айни ҳол дар ноҳия теъдоди омӯзгорон ба 1 ҳазору 664 нафар расидааст, ки аз ин шумора 685 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар олимпиадаҳои фаннӣ соли сипаригардида хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 44 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 23 медали нуқра, 19 медали биринҷиро сазовор гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ноҳия сохтмони 9 муассисаи таълимӣ ва 9 синфхонаи иловагӣ рафта истодааст, ки то оғози соли хониши нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Дар ноҳия 3 беморхона, аз ҷумла 1 беморхонаи марказӣ, 1 беморхонаи рақамӣ, 1 беморхонаи минтақавӣ, 1 Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 21 Маркази саломатии деҳотӣ, 33 бунгоҳи тиббӣ, 7 Марказҳои соҳавӣ ва 1 шуъбаи дезинфексионӣ фаъолият доранд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои тарбияи сиёсӣ-ватандустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз ҳама захираву имкониятҳо самаранок истифода бурда истодааст.

Дар давраи нимсолаи соли равон варзишгарони ноҳия дар 6 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 33 медал, аз ҷумла 6 медали тилло, 13 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 медал зиёд мебошад.

Ҳамчунин, дар 5 мусобиқаи сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ варзишгарони ноҳия иштироки фаъолона намуда, сазовори 86 медал аз ҷумла 31 медали тилло, 26 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ гардидаанд, ки нисбати хамин давраи соли гузашта 29 медал зиёд мебошад.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода