Кӯлоб. Дастовардҳо назаррасанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 516
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар 6 моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ чораҳои дахлдор амалӣ шуда, дар натиҷа дар 6 моҳи соли 2023 нақшаи андозҳо 111,4 фоиз иҷро гардид, ки нисбати нақша 6,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ва нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ барзиёд иҷро шуда, нафақапулии 20 ҳазору 413 нафар нафақагирон пурра пардохт гардид.
Дар маҷмӯъ, қисми даромади буҷет 106,9 фоиз иҷро гардида, қисми хароҷоти буҷет 97,9 фоиз таъмин карда, соҳаҳои буҷетӣ маблағгузорӣ шуда, маоши кормандони соҳаи буҷетӣ пурра пардохт гардиданд ва қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад.
Дар шаҳр 16 лоиҳаи сармоягузорӣ, дар соҳаи маориф, кишоварзӣ ва коммуналӣ амалӣ шуда истодаанд, ки ба 1 июли соли равон 34,8 аст.
Дар нозироти андози шаҳр 5166 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 2352 бо патент, 628 соҳибкор бо шаҳодатнома ва 2186 хоҷагии деҳқонӣ дар қайд мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ба буҷет 2,8 миллион сомонӣ маблағи андоз пардохт карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 603 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои рушди соҳаи саноат-соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр ва бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” чораҳои дахлдорро амалӣ намуда истодааст.
Дар шаҳру деҳоти Кўлоб ҳамагӣ 82 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, барои таъмини фаъолияти самараноки онҳо, бунёди корхона ва коргоҳҳои нав бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки қитъаи мунтазам ҳамкорӣ карда мешавад.
Дар натиҷаи чораҳои амалигардида дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 дар шаҳру деҳоти Кўлоб 29 корхонаи саноатии нав, аз ҷумла оид ба истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, сохтмонӣ, мебел, бозичаҳои кўдакона ва дару тирезаҳои пластикӣ ба истифода супорида шуда, дар ин замина 104 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Вобаста ба дӯхти либосҳои мактабӣ ҶДММ “Сино 2013” бо муассисаҳои таълимӣ барои дўхти либосҳо шартнома баста, 29,2 ҳазор дона либосҳоро ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ дўхта, корҳо дар ин самт идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки ҶСК “Нидои Кўлоб” бо ширкати БТК Федератсияи Россия ва ширкати “Ҷунтай Син силу Данғара” барои дӯхти либосҳо ҳамкорӣ намуда, дар моҳҳои наздик бо беҳтар шудани фаъолияти корхона 50 нафар иловатан ба кор ҷалб мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар майдони зиёда аз 309 гектар таъсис дода шудааст.
Айни замон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” 7 субъект ба қайд гирифта шуда, корхонаи истеҳсоли филтрҳои ҳавоӣ ва равғанӣ барои автомашинаҳо аз ҷониби ҶДММ “Тоҷик алмос” ба истифода дода, дар давраи ҳисоботӣ 18 нафар, аз ҷумла 12 нафар занҳои хонашини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақими хориҷӣ маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” 7 шартнома ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ бо сармоягузорони хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ба имзо расонида, ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ корҳо идома доранд.
Барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар кўчаю маҳаллаҳои шаҳр 7 чароғаки роҳнамои рақамӣ насб карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 30 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро таъмири ҷорӣ намуд.
Моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 6 автобуси мусофиркаш ба шаҳри Кўлоб туҳфа гардида, дар хатсайри №1-и шаҳр ба шаҳрвандон хизмат расонида истодаанд, ки аз ин иқдом сокинони шаҳру деҳот миннатдор мебошанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ва 332,9 миллион сомонӣ гузашта 21,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106,9 фоизро ташкил дод.
Кишоварзони шаҳри Кўлоб дар ин давра, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10 ҳазору 646 гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзиро гузарониданд.
Мувофиқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳамагӣ 2595 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ба 88 фоизи нақша баробар аст. Кишти зироатҳо идома дорад.
Нақшаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар соли 2023-юм 38 ҳазор бех пешбинӣ шуда, дар ин давра 38,4 ҳазор бех, ё 101,2 фоиз таъмин гардид. Инчунин дар кўчаю маҳаллаҳои шаҳр 202 ҳазору 690 дона гули лола, 94 ҳазору 325 бех гули садбарг, 410 ҳазору 441 дона дигар намуди гулҳо ва 21,2 ҳазор метри мураббаъ майса шинонида шуд.
Бо дастгирии Пешвои миллат идораи мазкур бо 5 адад техникаю механизмҳо таъмин карда шуд. Ин дастгирӣ боиси беҳтар шудани ҳолати майдони заминҳои кишт ва таъмини оби полезӣ гардидааст.
Яке аз соҳаи афзалиятноки иҷтимоӣ маориф ба ҳисоб меравад. Барои фаъолияти самаранок ба соҳаи маориф дар ин давра 50,1 миллион сомонӣ маблағҳо равона гардид, ки 53,5 фоизи маблағҳои қисми хароҷоти буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру деҳоти Кўлоб 77 муассисаи таълимию тарбиявӣ фаъолият доранд, ки дар соли хониши 2022-2023-юм 54 ҳазору 797 нафар хонандагон, аз ҷумла 26 ҳазору 563 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия сохтмони муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ” ва сохтмони муассисаи таълимии нав барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти “Зарбдор” ва 2 муассисаи томактабӣ дар шаҳру деҳот аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ идома доранд.
Ҳамзамон, дар шаҳру деҳоти Кўлоб сохтмони биноҳои иловагӣ дар 7 муассисаи таълимӣ (№№13, 14, 21, 28, 36, 42 ва №49) барои 1680 ҷойи нишаст рафта истодааст.
Тибқи квотаи Президентӣ дар соли равон 23 нафар хатмкунандагон, аз ҷумла 12 нафар духтарон ба донишгоҳ ва донишкадаҳои олии касбӣ дохил шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ мактаббачагон 132 ҷойи намоён, аз ҷумла 3 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм, 95 ҷойи сеюм ва 18 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд.
Бояд қайд кард, ки хонандаи литсейи №2-и шаҳр Абубакри Ҳофиз дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир доир шуд, миёни 55 давлат ва 750 иштирокчӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар шаҳру деҳоти Кўлоб 72 муассисаи тандурустӣ, аз ин 5 муассиса ба бахши госпиталӣ ва 67 адади дигар ба бахши кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рост меояд. Дар ин давра ба 46,9 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2621 нафар зиёд мебошад.
Дар Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ”-и шаҳр 20 нафар занон ва ҷавондухтарон аз табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла ятимон курси омўзиши дўзандагиро хатм намуданд.
Барои ҷалби ҷавонон ба варзиш 37 мусобиқаи варзишӣ бо иштироки зиёда аз 2 ҳазору 886 нафар ҷавонони шаҳру деҳот баргузор гардиданд. Дар ин давра ҷавонони шаҳру деҳоти Кўлоб дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 75 медал, аз ҷумла 12 медали тилло, 20 медали нуқра ва 43 медали биринҷӣ гардиданд.
Теъдоди сайёҳони хориҷии ба шаҳр воридшуда дар давраи ҳисоботӣ 4 ҳазору 274 нафар ва сайёҳони дохилӣ 40 ҳазору 247 нафарро ташкил дод.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кўлоб бунёд, таъмир ва азнавсозии 494 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон бармеояд ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Саид ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳот, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, самаранок истифода намудани майдонҳои замин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...