Нақши Пешвои миллат дар тарбияи ватанпарастии ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 437
Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие
ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи
шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули давлатдории навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки
барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон хизмати барҷаста кардааст.
Доир ба корнамоӣ ва матонату қаҳрамонии ин фар-
занди фарзонаи миллати тоҷик бо забонҳои гуногун асарҳои алоҳидаи илмиву оммавӣ ва ёддоштиву адабӣ, инчунин мақолаҳои зиёд дар васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ чоп шудаанд, ки аксари онҳо фаъолияти
серпаҳлӯ ва ҷанбаҳои алоҳидаи корнамоии ин абармардро бо дидгоҳи нав дар бар гирифтаанд. Вале нафаре, ки сарнавишти самандарқисмати миллати тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият мекунад, заҳмати шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки ҳанӯз на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро ба қалам додаву инъикос
карда тавонистаанд.
Дуруст аст, ки инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, миллатро дар кӯтоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидааст, тасвири корнамоии фарзанди
миллат, ки ҷон дар кафи даст гурезаҳоро ба Ватан баргардонда, ба миллати мотамзада ваҳдат, амният оварда, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор сохта, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта барқарор сохта, садои
модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонда, мардуми парешонро атрофи дастархони миллат муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, кори осон нест.
Дар таърихи ҳар як халқу миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо кору пайкори некашон дар таърихномаи он кишвар бо хатти тиллоӣ абадан сабт мегарданд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ бо таърихи пурғановаташон бе мислу монанд ҳастанд. Дар ҳифзи истиқлолияти сиёсии ин миллати бостонӣ шахсиятҳои бузург, ба монанди Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафурову Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва ҳазорон дигарон фарзандони фарзонаи миллат ҷон бохтанд. Дар пойдории илму фарҳанги тоҷик саҳми фарзандони дигари он, аз қабили Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Наршахӣ, Ҷ. Балхию К. Хуҷандӣ ва дигар олимону шоирон калон буд ва ин абармардони таърих кохи фарҳангеро бунёд намуданд, ки аз тобу
бориши таърихӣ зиёне наёфта буд. Теғу шамшери миллати тоҷик танҳо коғазу қалам буд ва ин имкон дод, ки пояи мустаҳками ин миллат дар давраҳои пурпечутоби таърихӣ аз зарби теғи хунини аҷнабиён шикаста нашуд.
Хушбахтона, баъди асрҳои бедавлатӣ офтоби бахт ба рӯи ин мардуми дар тӯли таърих азияткашида хандида, истиқлолияти сиёсиро ба даст оварданд. Истиқлолияти воқеии кишвар барои халқи тоҷик фарзанди фарзонаеро туҳфа намуд, ки ба захми миллат дору гардида, онро аз нав эҳё намуд. Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ
Раҳмон аз аввали ба арсаи ҳокимият омадан такягоҳ ва ояндаи миллату давлатро дар ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон дида буданд. Насиҳати падаронаи Ҷаноби Олӣ саршор аз ифтихори ватану ватандорӣ буда, ба пос
доштани таъриху фарҳанги бойи миллат равона гардида буд. Дар ин бора Роҳбари давлат ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда буданд: «Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абад зиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди
Сомониён соҳиби марказҳои тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, бо кашфиёти нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шуҳратёфтаашонро боз ҳам бештар шуҳратманд гардонанд ва дар назди оламиён исбот созанд, ки онҳо вориси аслии Исмоили Сомонӣ, Балъамию Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камол Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддини Айнӣ мебошанд».
Оре, ин суханони Сарвари давлат ганҷинаи пурбаҳое аз мероси ниёгон аст, ки ҳанӯз бузургони ҷаҳони маърифату сиёсат онҳоро дар асарҳои безаволашон ҷой дода буданд. Ҷаноби Олӣ омӯхтани гузаштаи кишварро вазифаи муқаддаси ҷавонон маънидод намуда, аз он оғоз ёфтани ояндасозии кишварро таъкид менамуд: «Мо фақат мехоҳем, ки таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдориамонро хубтар омӯзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо наҷот ёфта, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем, дар зери Парчами Тоҷикистон гирд омада, истиқлолияту якпорчагии Ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеш гирем ва давлати воқеан мутамаддин бунёд намоем».
Ифтихор намудан бо шахсиятҳои бузурги гузаштаи
миллатро низ Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар шарҳ дода, иброз доштанд: «Номи миллатро аслан фарзандони бо нангу номусаш зинда медоранд ва ҳар боре, ки ба роҳи паймудаи миллати хеш бо чашми хирад назар афканем, мебинем, ки бузургони ҳар давру замон чун ҳалқаҳои як занҷир бори миллатро бар дӯши худ кашиданд. Ин занҷир аз овони «Авасто”-ву Зардушт сарчашма гирифта, бо нағмаҳои Борбад, бо нақшҳои Монӣ, бо сурудҳои оташкадаҳои Балху Суғд, бо шеъри Рӯдакию теғи ҷонофарини Сино, бо каломи мавзуни Ҷомию мусаввараҳои нотакрори Беҳзод, бо саъю талошҳои тақдирсози С. Айнӣ, Б. Ғафуров ва М. Турсунзодаву Турсун Улҷабоев то ба имрӯз расидааст».
Бо чунин ниятҳои нек Роҳбари давлат боз ҳам ба фаъолияти ҷавонони кишвар баҳои баланд дода, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд: «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳам боиси ифтихори мо мебошад» ва таъкидан Сарвари кишвар гуфта буданд: «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».
Имрӯз ҷавонон ва мардуми кишвар аз он ифтихорманданд, ки дар сари давлат вориси Исмоили Сомонӣ- фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон истодааст ва ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон Тоҷикистон бо чашми менигаранд.
Шарифхон Тиллоев, рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00