Инкишофи шахсият ва ватандӯстӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 606
Муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси ватандӯстӣ дар шахс аз куҷо оғоз меёбад? Ин ҳолат аз он вақте шуруъ мегардад, ки шахс дар айёми кӯдакӣ бо эҳсос олами гирду атрофро дарк намояд.
Албатта, ин марҳила ра-вандест, ки дар таълимоти ҷомеашиносӣ онро иҷтимоишавии шахс меноманд. Бинобар ин, шахс субъект ва объекти муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, аз омилҳои муҳими муайянкунандаи ҷомеа мебошад. Муҳаббат ба модар, хона ва зодгоҳ аз овони кӯдакӣ дар ӯ ба вуҷуд меояд. Ҷое, ки дар он шахс таваллуд шуда, ба воя расидааст, яке аз сарчашмаҳои амиқи эҳсоси ватандӯстӣ мебошад.
Оила ба сони решаест, ки чӣ гуна рӯидани дарахт ва чӣ навъ мева додани онро муайян мекунад. Ҷомеаро аз решааш, яъне оила мустаҳкам бояд кард.
Ислоҳи ҷамъият ва давлат, рушди муназзами он низ аз таълиму тарбияи фарзанд ва инкишофи шахсияти он аз оила шуруъ мегардад.
Одобу ахлоқ, илму дониш боиси саодат, инкишофи шахсият ва сарбаландии инсон ва хушбахтии он миллатест, ки ин ҳамаро дар ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ карда метавонад.
Сарвари давлат ду омили муҳим – ҷаҳонбинии миллӣ ва эътиқоди маънавиро дар ҳалли проблемаи ахлоқиву маънавии оила зарур шуморидаанд. Зеро, агар волидон дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ахлоқи ҳамида бошанд, албатта дар рушду нумӯи фарзандон комёбу муваффақ хоҳанд шуд. Ба назардошти ин, Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҷдиду так-мили заминаҳои моддиву техникии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари имконияту неруҳои илмӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи фарзандони мову шумо ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
Барои қадрдонӣ аз ин ибтикороти Ҳукумати кишвар падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инкишофи шахсияту садоқат ба сарзамини аҷдодӣ ва соҳибдонишу соҳибхирад будан тарбия намоянд. Чуноне ки Сарвари дав-лат пайваста таъкид менамоянд, ҷавонон бояд дониш омӯзанд ва ба Ватану сарзамин хеш хидмат намоянд. Роҳбари давлат зимни якеаз суханрониҳои хеш таъкид карда буданд: «Вазифаи муқаддаси ҳар як оила, мактаб ва ҷомеа аз он иборат аст, ки фарзандонро, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тарбия намоянд, то ки онҳо чун шаҳрвандони бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ба воя расанд». Он чизе ки одамонро ба ҳам мепайвандад, некӣ ва зебоист. Ҳама он чизе, ки мардумро пароканда месозад, зиштӣ ва нуқс аст. Кулли одамон ин ҳақиқатро ме-донанд. Он дар сафҳаи дили мо нақш бастааст.
Аз ин рӯ, чунин зарурат пеш омадааст, ки барои бунёди ҷомеаи воқеан мутамаддин ва ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаётии кишвар бевосита ватандӯст будан ва арҷ гузоштан ба ин сарзамин интихоби дурусти ҳар як фарди ҷомеа аст.Тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон бояд самти асосӣ ва афзалиятнок бошад.
Бо итминону боварӣ ба ин насли фаъоли ҷомеа, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона чунин қайд намудаанд: “Мо ба ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди дав-лат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бо нангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.
Вобаста ба такмил бахшидани раванди тарбияи ватандӯстӣ 16 декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардид. Ватандӯстӣ ва ватандӯст будан, нисбат ба Ватан бештар ғамхорӣ кардан, дар ободӣ ва беҳбудии диёри худ дар канор набудан, барои ҳифзи ҳар ваҷаб хоки он фидокор буданро талаб мекунад.
Барои мисол, фарзандони фарзонаи миллат барои ҳимояи Ватан ҷонбозиҳо намуда, қаҳрамониҳо нишон додаанд, ки ин вазифаи ватандӯстиро барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу бум истифода барем. Ин амал дар ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми Ватани худ амр кардааст.
Ҳар кас вазифадор аст, Ватани худро ҳимоя кунад, чӣ дар сарҳад, чӣ дар хона, чӣ дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо-ҳимояи Ватан тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватандӯстист. Ҳимояи Ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегӯянд, ки як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост.
Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемо-нанд, то мардум осудаҳол бошанд.
Дар зери ишораи ватандӯстӣ метавон муттаҳид буд ва барои рушди ҷомеа қадамҳои устувор гузошт. Якдилӣ ва ваҳдати аҳли ҷомеа унсури муҳими ватандӯстӣ мебошад.
Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки ватандӯсту худшинос бошад ва барои рушди Тоҷикистон саҳми худро гузорад.
Хайруллоҳи ҒИЁСЗОДА,
ноҳияи Дӯстӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00