Фарбеҳӣ омилҳои гирифторшавӣ ва роҳҳои пешгирии аз он
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 449
Фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри XX ва аввалҳои асри XXI инҷониб боиси нигаронӣ давлатҳои ҷаҳон гаштааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) фарбеҳиро пидемияи глобалӣ эълон намудааст.
Зеро оқибати он ба камумрӣ оварда мерасонад. Тибқи иттилои ТУТ, дар саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи фарбеҳӣ мефавтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин беморӣ дар канор набуда, афзоиши ин беморӣ Ҳукумати кишварро нигарон намудааст. Тадқиқотҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нишон медиҳад, ки 17% аҳолии Тоҷикистон гирифтори вазни зиёдатии бадан ва 11,3%-и дигар гирифтори синдроми фарбеҳӣ мебошанд. Маълумоти омории ТУТ нишон медиҳад, ки тайи солҳои охир тамоюли зиёдшавии фарбеҳӣ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба назар мерасад. Тибқи маълумоти ташкилоти мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ ҷойи 128-умро ишғол менамояд.
Алишер Бурташев, эндокринологи Маркази эндокринологии вилояти Хатлон, сабаби асосии бемории фарбеҳӣ ва вазни зиёдатии баданро чунин шарҳ дод: “Аслан сабабҳои маъмултарини гирифторшавӣ ба бемории фарбеҳӣ ин истеъмоли аз ҳад зиёди маводи ғизоӣ ва камҳаракатӣ мебошад. Яъне ҳангоме ки таомҳои дорои миқдори баланди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, хӯрокҳои тезтайёр, маҳсулоти қаннодиро истеъмол намуда, кам ҳаракат мекунанд, дар натиҷа миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо оксид мешаванд. Агар фаъолияти мушакҳо заиф бошад, кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарби бадан мубаддал мегардад ва инсон гирифтори синдроми фарбеҳӣ мегардад. Дар ин баробар одатҳои номатлубе, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегардад, ин тамокукашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот мебошад”.
Тибқи иттилои Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Хатлон, дар ҳудуди вилоят шумораи гирифторони бемории фарбеҳӣ ва вазни зиёдатии бадан наздик ба 4 ҳазор нафар расидааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати паст намудани сатҳи бемории фарбеҳӣ миёни аҳолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 таҳти №463 Барномаи “Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024”-ро қабул намуд.
-Ҳадафи асосии барномаи мазкур то 20% кам намудани вазни бадан ва то 30% фарбеҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Мақсади дигари барнома дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳои бо вазни зиёдатии бадан ва бемории фарбеҳӣ алоқаманд барои мустаҳкам ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ, паст намудани хатари маъюбию фавти бармаҳали аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ равона карда шудааст.
Барномаи мазкур тамоми табақаҳои аҳолиро фаро гирифта, тавассути беҳтар намудани ҳолати ғизо ва баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ сатҳи инкишофи вазни зиёди бадан ва бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат меномояд,- гуфт мутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ҳамоҳангсози барнома дар вилоят Ҳаким Қурбонзода.
Дар банди 7-уми барномаи “Ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо” омадааст, ки паст намудани сатҳи фарбеҳӣ на танҳо ба зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат, балки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор фаъолияташонро ҳамоҳанг намоянд, то сатҳи фарбеҳӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёбад.
Азбаски омили асосии фарбеҳӣ миёни мардум пурхӯрӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт 8 ҳуҷҷати муҳимро ба имзо расонида, дар сатҳи вилоят тадбиқи онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим ин ба имзо расонидани Барномаи “Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” мебошад. Яке аз чораҳои асосие, ки ба татбиқшавии барномаи мазкур кумак мекунад, ин корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва тавассути воситаҳои ахбори омма мебошад, ки ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст, - гуфт Ҳаким Қурбонзода.
Мегӯянд, ҳар дардро давоест. Дар ин росто бемории фарбеҳӣ истисно нест. Зеро он низ табобатшаванда аст ва барои ин, танҳо иродаи қавӣ лозим аст. Агар имрӯз ба бемории фарбеҳӣ гирифторед, бояд роҳҳои пешгирии онро риоя намуда, саломатии хешро барқарор кард. Ва ё агар солимед, пас мебояд меъёрҳои хӯрокхӯриро риоя кард, то ба бемории фарбеҳӣ гирифтор нашавед.
Фарида БАРОТОВА,
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00