Марди накӯном намирад ҳаргиз...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 503
Ғами он нест, ки дар оташи ғам сӯхтаем,
Ҳасрати мо ҳама ин аст, ки кам сӯхтаем!
Рӯзи 7-уми июни сол 2023 Зафар Мирзоён, ховаршинос, шоҳномашинос, донишманди тоҷик, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Зафар Мирзоён 5-уми майи соли 1945 дар ноҳияи Ховалинг зода шудааст.
Пас аз хатми шуъбаи форсии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), (соли 1972) то моҳи июни соли 1973 дар Донишгоҳи номбурда ҳамчун ассистенти кафедраи форсӣ кор кардааст. Солиёни дароз ҳамчун омӯзгор ва корманди сиёсиву маъмурӣ дар ноҳияи Ховалинг, шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб фаъолият намудааст.
Зафар Мирзоён яке аз шахсиятҳои барӯманди миллат буд, ки ҳастиашро баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ бахшид. Китоби рӯимизиаш «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ буду умрашро ба ҷустори торихи гузаштагон аз нигоҳи миллӣ гузаронид. Шиораш дар зиндагӣ “Таърихро набояд аз пушти айнаки урупоиён дид!” буд.
Зафар Мирзоён пажӯҳиши беш аз 20-солаи худ дар бораи ҷашни Наврӯзро дар шакли як китоб бо номи «Ҷашни Наврӯз-омили худогоҳии миллӣ» ба табъ расонидааст. Дар ин китоб аслан матлабҳои пажӯҳишии донишманди тоҷик гирдоварӣ шудаанд, ки солҳои гуногун дар матбуот нашр шуда, вижагиҳои Наврӯзро аз паҳлуҳои таърихӣ ва аҳамияти фарҳангиаш ба хонанда пешкаш менамояд.
Солҳои гуногун дар муассисаҳои ҳамкориҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар марказ ва вилоятҳои кишвари Афғонистон ҳамчун тарҷумон кор кардааст.
Умре андешаҳои худро ба омӯзиш ва пажӯҳиши забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ нигаронида, кӯшидааст дарёфтҳои тозаву навпардози хешро пайваста пеши дидори дӯстдорони забону адабиёт оварад. Зафар Мирзоён дар баробари фаъолияти идорӣ корҳои зиёди равшангариро низ роҳандозӣ кардааст. Ҳамчун сарпарасти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” дар шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои бозшинохти гузаштаи фарҳангии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон талош меварзид.
То охирин лаҳзаи ҳаёт мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд ва ҳамзамон ба донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории ин донишгоҳ ойини суханвариро меомӯзонид.
Беш аз 30 сол буд, ки ҳамвора маҳфили парасторони “Шоҳнома”-ро дар шаҳри Кӯлоб доир намуда, бад ин васила роҳи зеҳни ҷавононро ба сӯйи некандешӣ ва худнигарии миллӣ мекушод. Беш аз 10 нафар шунавандагони маҳфили “Шоҳномадонон” дар мавриди паҳлуҳои гуногуни офаридаи бемарги Ҳакими Тӯс корҳои пажӯҳишӣ бурда, шоистаи унвонҳои доктор ва номзади фанҳои филологӣ гардидаанд.
Инчунин, муаллифи китобҳои “Ниёиши некону покон” (2015), “Худовандагори сухани порсӣ” (2015), “Офаридгори сухан” (2018), “Динпаноҳӣ ва меҳанпарастӣ” (2018), “Бозёфтҳо аз “Шоҳнома” (2020), «Се шикасти ориёиҳо» (2023) мебошад. Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои адабии Ашӯр Сафар, Носири Хусрав ва Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Дар озмунҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” иштирок карда, барандаи ҷойҳои якум ва Шоҳҷоизаи нашрия гаштааст.
Чанд рӯз пеш аз фавташ мисли он ки аз охири умр хабар дошт, як китобашро бо номи «Се шикасти ориёиҳо» оҷилан ба дасти чоп дод. Ин китоб бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз нашр баромад ва ба дасти хонанда расид. Баъди нашри ин китоб ба назар менамуд, ки хастагие аз равони устод камтар шудааст. Эҳсос мешуд, ки масъулияти азимиеро паси сар намуда бошад. «Се шикасти ориёиҳо» охирин умеди устод гардиду оғози озмӯзишу таҳқиқ ва шинохти таърихи миллат.
Донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо даргузашти Зафар Мирзоёнро дар ҳошияи нашри китоби «Се шикасти ориёиҳо» шикасти чоруми ориёиҳо ном бурда, устодро рӯшангари роҳи миллат, посдори фарҳанг ва муҳофизи тамаддуну арзишҳо миллӣ эътироф намуданд. Ӯ гуфт: “Ҳамаи мо дар назди устод Зафар Мирзоён қарздор ҳастем. Ӯ хизмати бузурге барои ин миллат кард. Ӯ чун сипаҳсолор аз арзишҳои миллӣ муҳофизат менамуду аз ҳар газанд ҳимоя мекард. Ӯ натанҳо шоҳномашинос, балки шоҳномадон низ буд ва ҳар як мавзуи онро дарку баррасӣ менамуд”.
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, афзуд: “Зафар хиз мати мондагоре барои миллаташ кард. Ӯ чун ҳомии фалаку чакану Наврӯзу Са даву Меҳргон буду бо талоши ӯ мардум аз гузаштаи рангини худ хабардор мегардид. Дар бораи чакан мақолаҳои зиёди илмӣ ба нашр расонид, ки ин кори содаву осон нест.”
Дар масоили ҳимояи манофеи миллӣ шахсияти камназир буд. Ба назари мо, инсонҳое, ки барои миллат ва ҳуввияту арзишҳои он хизмат мекунанд, ному ёдашон аз хотираи таърих ҳеҷ гоҳ зудуда намешаванд.
Устод Зафар Мирзоён донишманди асил, инсони некандеш, шахсияти поксиришт, эҷодкори вораста ва ватандӯсти ҳақиқӣ буд. Муаррифии расму оинҳои миллиамонро вазифаи аввалини худ дониста, солҳои тӯлонӣ пайваста заҳмати зиёд кашидааст.
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз!
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд!
Ҳафиз Раҳмон, донишманди тоҷик, марги Зафар Мирзоёнро хеле сахт қабул кард. Ӯ гуфт: “Марги афроди соҳибназар, шахсиятҳои донишманду худогоҳ ва саршиносу фарҳехта афсӯсу надомати зиёде ба қалбҳо меорад... Марҳум аз ҳамин қабил афроди рӯшангару миллатдӯст буданд, арзишҳоро дониставу фаҳмидаву дарк карда, сипас таблиғ мекарданд... Сухани ҳавоиву бедалел надоштанд, таърихи адабу фарҳангро мӯшикофона таҳқиқ мекарданд...
Унвон надоштанд, аммо олими воқеӣ ва рӯшангару воизи барҷаста буданд... Агар мехостанд номзаду доктор шудан шояд барояшон шашмоҳа кор буд. На аз ин беш... Аммо бо чӣ сабабе нахостанд... Аз ин кор иззаташон боло рафту кам нашуд...”
Рашид Давлатов, муаллим, дӯсти устод Зафар Мирзоён дар марги устод чунин ғамномаро нигошт:
Во дареғ, шоҳномадони беҳтарин ҳам рафт, рафт,
Сад дареғ, шоҳномахони охирин ҳам рафт, рафт.
Дар ҳама дунё ҷавонмарде чунинаш дар куҷост?
Як ҷавонмарди базеби нозанин ҳам рафт, рафт...
Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигор, раиси Шӯрои ВАО, чунин гуфт: “Олиме, донишвари номдоре, шахсияти фарҳехтаву покизарӯзгоре, инсони комилу марди эътирофманде, ки бо хираду ахлоқ, рафтору гуфтору пиндор ва осори илмиву публитсистиаш аз хеш мероси маънавӣ гузоштаву дар тарбияи чандин насли баъдии хеш шинохта буд, моро тарк гуфт ва ин, бешак, талафоти бузурге барои мост. Адаш Истад, рӯзноманигор ва адиби машҳури тоҷик, чунин баён доштд: “Аз ҷумлаи миллатдӯстон як нафар кам, аз ҷумлаи душманони миллат чанд нафар шод”.
Марги устоди барӯманд воқеан барои аҳли зиёи кишвар талафоти бузург буду боиси андӯҳи гарон.
Бузургмеҳр Баҳодур, шоири ҷавони тоҷик, бо ҳасрату надомат чунин менависад: “Агар сад фарди нодир ҳаст, яке Зафар Мирзоён буд, агар ду буд, яке Зафар Мирзоён буд, агар якто ҳам буд, боз ҳам худи Зафар Мирзоён буд (албатта, аз зиндаҳо). Зафари Мирзоён дар зоти худ кампайдо буд!
Устод Зафар Мирзоён беҳтарин шахсияти ватандӯст буд. Ӯро ҳамчун намоде аз фарҳангиёни озодии миллат мешинохтанду эътирофаш мекарданд.
Рӯҳат шоду хонаи охиратат обод бошад, устод!
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...