Пешвои миллат ба мо сулҳ овард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 451
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ хеле ноором гардид. Ҳизбу ҳаракатҳои манфиатхоҳ мардумро ба майдони ҷанг кашиданд. Бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвар дар коми оташ қарор гирифт ва сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гашт.
Касе ба ояндаи нек умед надошт. Зеро ҳар рӯз нафароне куштаю қисме беному нишон мешуданд. Фазо тира гашта, аз ҳар гӯшаву канор садои тир ва таркиш ба гӯш мерасид. Бародар дар симои бародари худ душманро медид. Мардум аз тарси ҷон фирор мекарданд. Дар як муддати кӯтоҳ манзилҳои ободу бинову корхонаҳои азим хароб гардиданд. Иқтисодиёти кишвар рӯ ба таназзул ниҳод. Аз як тараф, қатлу куштор ва аз сӯйи дигар, одамон аз гуруснагиву фақирӣ азият мекашиданд. Кишвар ба имтиҳони ҷиддии таърих рӯ ба рӯ гашт ва касе намедонист, ки оянда кишвар ва мардумро чӣ интизор аст.
Мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки аз як сӯ сохтору мақомоти давлатӣ аз уҳдаи пешгирӣ кардани ҷанги бародаркуш ва аз вартаи буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ раҳо намудани ҷомеа баромада наметавонист ва аз сӯи дигар, ба таъхир гузоштани ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбарияти нави сиёсӣ, оқибатҳои нобахшанда дошт. Аз ин рӯ, бояд иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ баргузор мегардид ва фақат қарорҳои созандаи он метавонист Ватанамонро наҷот диҳад. Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабр давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил рӯзи якум 193 нафар, пас 197 нафар иштирок намуданд ва дар он дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот, қабул гардиданд.
Хушбахтона, тақдири минбаъдаи мамлакатро Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал кард. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи кишвари моро аз яъсу ноумедӣ ба самти шукуфоиву умедворӣ тағйир дод. Бо гузашти на он қадар вақти зиёд дар кишвар Ҳукумати конститутсионӣ барқарор шуда, талошҳо баҳри хотимаи ҷанги таҳмилӣ ва расидан ба сулҳи сартосарӣ равона гардид.
Дар он вазъияти ноороми кишвар касе масъулияти барқарор намудани сулҳу суботро бар дӯши худ намегирифт. Баҳри рафъи ҳамаи ин мушкилиҳо Худованд нафареро ато намуд, ки ин масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифту садди роҳи даргириҳо гардид ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. Ин шахс фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Аз нахустин сухан ва қадамҳои аввал дар ҷодаи сиёсати баланд вожаи сулҳ, ваҳдат, иттиҳод ва якпорчагии халқу Ватан аз забони нобу покаш ба гӯши мардум расида, андар вуҷуду қалбҳо маскан гирифт. Ва нахуст андарзе, ки ҳанӯз соли 1992 гуфта буд: “Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул - гулшукуфоии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”. Ин савганди Сарвари давлат тариқи радиову телевизион пахш ва ба воситаи расонаҳо интишор шуд, ки қалбҳои сардро гарм кард. Дар дилҳои тира чароғи муҳаббатро фурӯзон намуд. Зеро суханони зикршуда натанҳо панду андарз, балки сокинони кишвар онро ҳамчун барномаи сулҳофарии Раиси Шӯрои онвақта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз самими қалб пазируфтанд.
Раиси нави Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи ноамнӣ дар кишвар нигоҳ накарда, пайваста бо мардум дар минтақаҳои гуногуни мамлакат мулоқот карда, сокинони меҳанро ба сарҷамъиву муттаҳиддӣ даъват менамуданд. Аз ин ҷост, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 марти соли 1993 тавассути радио ба ҳамватанони фирорӣ, ки дар марзи Афғонистон паноҳ бурда буданд, чунин муроҷиат намуда буд: “Ба Ватан баргардед. Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурда ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайронашудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем”.
Миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шуданаш ниҳоят соҳиби Қаҳрамони воқеӣ гардид, ки аз баракати чашму дилу сухани равшанаш батадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфт. Бадтарин зулмот ҷанги таҳмилии бародаркуш болои ин миллат буд, ки Пешвои миллат бо ғайрати мардона ва дили қавӣ аз баҳри ҷони худ гузашта мардумро сарҷамъ намуд ва роҳро ба сӯйи сулҳу ваҳдати комил равшан кард.
Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон, ки ба мардум муроҷиат карда гуфт, ин буд: «Ман ба шумо сулҳ, меоварам…». Ин паёми равшан хираду заковати халқ буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш таҷассум ёфта буд. Мавриди зикр аст, ки мақсади асосӣ ва муҳими ин Иҷлосияи тақдирсоз оштии тарафҳои даргир буд. Фармондеҳони Фронти халқӣ ва иттиҳоди неруҳои мухолифин ба ҳам даст доданд, савганди бародарӣ хурданд ва парчами кишварро бӯсиданд.
Маҳз бо шарофати ин Иҷлосияи таърихӣ, ки сохтори конститутсионӣ барқарор ва қонунияту тартибот ҷорӣ шуд, имкон фароҳам омад, ки кор дар самти таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав оғоз гардад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу суботи комил равона сохт.
Баъди хотимаи ҷанг ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “Мо ҳама якҷо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем. Яъне вазифаҳои асосиеро, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат муайян гардида буданд, бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот, дар амал тадбиқ намудем: як миллион гурезаи иҷбориро ба Ватан баргардонидем, созишномаи сулҳро ба имзо расонидем, фаъолияти тамоми шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро барқарор намудем ва роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифтем”.
Маҳз дар заминаи қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияи мазкур вазифаҳои муҳими ояндасоз, пеш аз ҳама, барқарор кардани харобаҳои ҷанг, баррасӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол, ҷорӣ намудани муносибатҳои нави сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ зина ба зина ҳаллу фасл гардиданд.
Коршиносону ҷомеашиносони байналмилалӣ ба навгониҳое, ки дар олами сиёсат Пешвои миллат эҷод кард, баҳои арзишманд дода, онро «таҳаввулоти тозае дар ҷаҳони сиёсат» номиданд. Ва ба мамлакатҳое, ки мардумонаш бо ҷангу низоъ рӯ ба рӯ ҳастанд, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода намуданро тавсия доданд. Дар ҳақиқат, нафаре, ки бо хираду заковаташ инсонҳоро ба хони оштӣ даъват намуда, ба он муваффақ мешавад, таърихи нави халқу меҳани худро месозаду менависад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат аз ҳамин зумра шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳони муосир мебошад.
Воқеан, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ, аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшидани кишвар, таъмини амният дар мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, марҳила ба марҳила рушд бахшидани давлат, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ басо бузург аст.
Расулзода Нуриддин Ғаффор,
раиси Суди вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...