Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Президенти бонки Осиёи Рушд ба вилояти Хатлон омад


Президенти бонки Осиёи Рушд ба вилояти Хатлон омад



Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асакава дар доираи сафараш ба Тоҷикистон барои шиносоӣ бо фаъолияти неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба шаҳри Левакант омад.

Меҳмононро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд. 


Иттилоъ дода шуд, ки НБО “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунандаи гидроэнергетикии мамлакат дар дарёи Вахш мебошад. Сохтмони ин неругоҳ дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. 


Дар неругоҳи мазкур дар давоми 60 сол, ба ғайр аз таҷдиди як гидроагрегат, корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд ва иқтидори истеҳсолии он ҳамагӣ 160 МВт-ро ташкил медод. Бо дарназардошти ин, соли 2013 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” Созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.



Мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори муназзаму босамари неругоҳ ва мутобиқ намудан ба стандартҳои муосири техникӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти навтарини барқӣ аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шудаанд.


Феълан дар Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” 162 корманд, аз ҷумла 25 нафар бонувон фаъолият доранд, ки ҳайати муҳандисиву техникӣ 75 нафарро ташкил медиҳад. 


Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асакава ба сифати корҳои анҷомёфта дар самти таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ва раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. 


Қайд гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ истифодаи оқилонаву босамари захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд. Ҳамаи ин ташаббусҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик ва шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст. 

Давлаталӣ Саид ва Масатсугу Асакава доир ба имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар самти истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” табодули назар карданд. Бори дигар ҷонибдории Бонки Осиёии Рушд роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ гардид.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода