Озмун ба баъзеҳо масъулият медиҳаду ба баъзеҳо...Чаро?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 586
Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ додани навоварию ихтироъкорӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум, завқи зебопарастӣ, сайқали ҳунар, эҷодкорӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ дар ҳудуди кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” роҳандозӣ гардидааст. Ин навбат низ довталабони озмунҳои мазкур дар сатҳи маҳал фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Аммо тибқи таҳлилҳо аз баъзе шаҳру навоҳии вилоят шумораи ками довталабон иштирок доштанд ё умуман набуданд. Масъулони шаҳру ноҳияҳо сабабро дар чӣ мебинанд? Раёсати маорифи вилоят чӣ мегӯяд? Оё довталабон аз рафти баргузории озмун розӣ ҳастанд? Чаро аксари ғолибони даври ҷумҳуриявӣ танҳо ҷойҳои дуюму сеюм мегиранду якум кам? Шароит барои иштирок, ё имконияти инфиродӣ набуд ва ё дастгирӣ наёфтанд?
Назаре ба рақамҳо ё дастоварди бузург Боиси хушнудист, ки соли 2022 аз вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабон нисбати солҳои қаблӣ бештар ширкат варзида, дастовардҳои хуб ҳам ба даст оварданд. Дар ин мавсим 4984 нафар довталаб то даври вилоятӣ роҳ ёфта, аз ин 107 нафарашон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баромад намуданд. Дар натиҷа, 17 нафар соҳиби ҷоиза ва 32 нафари дигар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд, ки ин дастоварди хуб ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 11 нафар иштирок карданд, ки дар натиҷаи ниҳоӣ Шаҳло Сайдалиева - хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара ғолиб ва барандаи “Шоҳҷоиза” шуд.
Масъулони шаҳру навоҳӣ аз имкониятҳои худ шикоят мекунанд?
Соли 2022 дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз 497 нафар иштирокчии дави вилоятӣ 81 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 19 нафар дар даври ниҳоӣ ғолибият ба даст оварданд, ки ин натиҷаи бад нест. Дар ин мавсим довталабони шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯлоб, Ёвон, Данғара, Хуросон, Вахш нисбатан фаъол буда, дар даври ҷумҳуриявӣ ҷамъан 13 ҷойи сеюм ва 6 ҷойи дуюм ба даст оварданд.
Дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки асосан барои нишон додани маҳорати ҳунармандӣ пешбинӣ шуда буд, довталабони ноҳияҳои Панҷ, Носири Хусрав ва Қубодиён нисбатан фаъолияти паст нишон дода, ҳатто дар даври вилоятии озмун соҳиби ҷойҳои намоён нагаштанд. Дар ин хусус, яке аз надоштани таҷҳизоти мусиқӣ шикоят мекунаду дигаре аз натиҷагирии ҳайати ҳакамон ва сеюмӣ бошад, ба зангҳои пай дар пайи мо ҷавоб намедиҳад.
Шоҳназар Бухоров, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Панҷ, норозигӣ баён карда мегӯяд, ки довтабони мо бо тайёрии пухта ба даври вилоятӣ рафта буданд, аммо аз 13 нафар танҳо ба 3 нафар имконияти баромад кардан дода шуду халос.
-Соли 2021 дастпарвари мо то даври ҷумҳуриявӣ рафта, сазовори ҷойи ифтихорӣ шуда буд.
Соли 2022 бошад, мо 13 нафар довталабро барои иштирок сафарбар намудем, аммо дар даври вилоятӣ ба 10 нафар имконият надоданд, ки баромад кунанд. Чун мо огоҳӣ надоштем, ки иштирокчиёни мо садои мусиқӣ (минуса)-ро бояд пешакӣ омода созанд. Иштирокчиёни дигар шаҳру навоҳӣ пешакӣ омода намуда буданд ва ин сабаб шуд, ки натавонистем ба даври ниҳоӣ роҳхат гирем. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, имрӯз довталабони мо ба мавсими нави озмун тайёрӣ дида истодаанд, - афзуд Ш. Бухоров.
Надонистани низомнома ва талаботи озмун барои ғолибият ба даст овардан баҳона шуда наметавонад. Баръакс, ин аз бемасъулиятии масъулин дарак медиҳад.
Манижа Ҳалимзода, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав, сабаби асосии кам иштирок намудани довталабонро чунин шаҳр дод: “Чун аксари сокинони ноҳия узбекзабон ҳастанд, дар озмун каме ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардиданд. Тадорукоти озмун бояд ин паҳлуро низ ба инобат мегирифтанд”.
Посухи баъзе масъулин аз он шаҳодат медиҳад, ки худ аз низомномаи озмун бархурдор нестанд ва ё шояд сарфаҳми он нарафтаанд.
Сардори маркази фарҳангӣ- фароғатии ноҳияи Қубодиён Музаффар Ҳакимов сабаби асосии ғолибият ба даст наоварданро дар норасоии таҷҳизоти мусиқӣ мебинад: “Мо имрӯз дар марказ ягон техникаи хуби мусиқӣ надорем, то довталабони худро дар сатҳи лозима омода созем”.
Масъулин аз рафти баргузории озмунҳо норозианд?
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар ин мавсим озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯйи 7 номинатсия баргузор гардид, ки дар даври вилоятии озмун дар маҷмӯъ 676 нафар довталабон иштирок доштанд. Аз ин шумора, 76 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифта, 4 нафар дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст оварданд, ки ин натиҷаи назаррас нест.
Баъзе коршиносони соҳаи маориф бар он ақидаанд, ки сабаби дигари иштироки кам бетаваҷҷуҳии макотиби миёнаи касбӣ ва олии мамлакат, бахусус магистрону аспирантон ва олимон дар номинатсияҳои дигар буд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ натиҷаҳои вилояти Хатлон кам гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб Донишкадаи инноватсионӣ фаъолият мекунад, ки бояд дар самти ихтироъкорӣ ҷойҳои бештарро ба даст меоварданд, аммо…
Агар ба шумораи ғолибони даври ниҳоии озмунҳи мазкур назар кунем, зиёда аз 50%-ашро намояндагони макотиби олӣ ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ҷавоби коршиносони маориф баҳонае беш нест.
Дар ин хусус, Собир Исоев, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи инноватсионии Кӯлоб, дар суҳбати телефонӣ ба мо иттилоъ дод, ки аз донишкадаи мазкур 7 нафар дар даври вилоятӣ ширкат варзида, 4 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аммо, мутаассифона, дар даври ниҳоӣ ягон нафар ғолибият ба даст наовард.
Бо сабабҳои номаълум телефони эшон хомӯш гардид, зангҳои пайиҳами мо бе ҷавоб монд ва мо ба дигар саволҳои худ посух гирифта натавонистем.
Зайнаб Самариддинзода, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар суҳбат бо мо иброз дошт: “Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 2 нафар ва дар даври ниҳоии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” низ 2 донишҷӯи донишгоҳ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта натиҷаи хуб аст”.
Зикрулло Саидбеков, ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар суҳбат иброз дошт, ки надоштани патент барои сазовори ҷойи аввал шуданаш монеа гаштааст.
Ҳамчунин, қайд дошт: “Ба ақидаи инҷониб, озмун хело шаффоф ва дар сатҳи олӣ гузашт”.
Бар хилофи гуфтаҳои Зикрулло, ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Обидҷон Қувватзода, зимни суҳбат ба мо изҳор дошт, ки озмун шаффоф баргузор нагардид: “Соли 2022 аз донишкадаи мо 6 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, 5 нафар ширкат варзиданд. Аммо аз ин шумора танҳо як иштирокчӣ сазовори ҷойи сеюм гардиду халос. Иштирокчиёни мо ба тамоми талаботи озмун ҷавобгӯ буданд, аммо сазовори ҷойҳои намоён нагардиданд. Яке аз довталабони мо соҳиби чор патент буд ва мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ӯ барои гирифтани ҷойи аввал арзанда буд, вақте мо ба масъулин муроҷиат намудем, гуфтанд, ки пас аз як ҳафтаи ҷамъбасти озмун метавонем аризаи аппелиатсионӣ нависем. Ин дар ҳоле буд, ки пас аз як рӯзи ҷамъбасти озмун туҳфаҳо ба ғолибон супорида шуд”.
Чаро довталабон кам иштирок карданд?
Вобаста ба маълумоти бадастомада, соли гузашта дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкати довталабон аз баъзе шаҳру навоҳии вилоят кам муҳошида карда мешуд. Ҳамчунин, дар баробарои иштирок, инчунин ба истиснои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, дар ду озмуни дигар натиҷаҳои назаррас ба даст наомадааст.
Оид ба ин масъала ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Обидҷон Қувватзода, изҳор дошт: “Сабаби кам соҳиби ҷойҳои намоён гардидани довталабон аз вилояти Хатлон норасоии марказҳои омӯзишӣ мебошад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун ҳайати ҳакамон аз вилояти Хатлон кам буданд ва шояд ин низ яке аз сабабҳои кам таваҷҷуҳ намудани ҳакамон ба довталабони хатлонӣ бошад”.
Замоне ки даври вилоятии озмунҳо доир мегардад, шумораи иштирокчиён бениҳоят зиёд ба назар мерасанд, аммо аксарияти онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат намегиранд ва агар сафарбар ҳам шаванд, ҳадди ақали шумораи онҳо бо дастовард бармегарданду халос.
Ризои Баҳромзод, коршиноси соҳа, изҳор медорад: “Чун ба ҳамагон маълум аст, дар муассисаҳои шаҳри Душанбе омӯзгорони ботаҷриба бештар ҳастанд ва шояд ин ҳам яке аз омилҳои кам ҷоиза гирифтани довталабони вилояти Хатлон дар озмун бошад. Омили дигар кам будани муассисаҳои омӯзишӣтадқиқотӣ мебошад. Дар ин баробар, аксарияти донишгоҳҳои Хатлон навтаъсис ҳастанд ва онҳо ҳанӯз низоми тайёр намудани довталабонро ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалиро ташаккул надодаанд”.
Имкониятҳои иштирокчиёни шаҳри Душанбе ва баъзе манотиқи вилояти Суғд нисбат ба вилояти Хатлон васеътар мебошад. Зиёд будани китобхона ва дастрасӣ ба интернет метавонад барои онҳо шароити мусоидро фароҳам орад. Аммо дар аксари деҳаҳои вилояти Хатлон дастрасӣ ба китобҳои электронӣмаҳдуд аст.
Барои роҳандозӣ ва ҷалби бештари ширкаткунандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм –фурӯғи маърифат” фаъолияти раёсату шуъбаҳои маориф, инчунин мактабҳои миёна ва олии касбӣ бояд назаррас бошад.
Дар оянда чӣ тадбирҳоро андешидан мумкин аст?
Ҷиҳати афзудани натиҷаҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ маҳфилҳо ва марказҳои омӯзишӣ бояд бисёр бошад, то дар ин самт натиҷаҳои хуб ба даст оварда шавад.
Фахриддин Давлатов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мегӯяд: “Соли 2022 дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” мо натавонистем, ки ҳатто ягон ҷойи аввал ба даст орем. Барои муваффақият дар ин самт бояд, пеш аз ҳама, шароит барои довталабон муҳайё карда, онҳоро болидарӯҳ гардонем. Дар байни довталабон ҳастанд нафароне, ки маҳорати баланд доранд, аммо имконият барояшон даст намедиҳад”.
Ризои Баҳромзод, коршиноси соҳа, изҳор медорад, ки бояд довталобони бомаҳоратро дар як ҷо ҷамъ оварда, ба даври ниҳоӣ омода созанд. Ҳамчунин, ба андешаи мавсуф, мутахассисоне, ки довталабонро омода мекунанд, бояд таҷрибаи муассисаҳоеро гиранд, ки дар ин роҳ муваффақтаранд.
Хулоса ё андешаи муаллиф Озмун тавонист, ки робитаи муассисаҳои таълимиро махсусан бо падару модарон қавӣ ва устувор гардонад. Масъулият, вазифа ва уҳдадориҳои онҳоро дар раванди таълиму тарбияи фарзандон зиёд кунад.
Бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати гузаронидани озмун ва барои бештар намудани сафи ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ бояд пеш аз ҳама, шахсони воқеан бомаҳорат вориди майдон карда шаванд, шароити мусоид фароҳам оварда шавад, шумораи маҳфилу марказҳои омӯзишӣ бамаротиб зиёд карда, барои омӯзиш омӯзгорони ботаҷриба ҷалб шаванд ва ҳар як муассиса вобаста ба имконоти кадрӣ ба омӯзгорони ботаҷриба як ё ду нафар довталабро вобаста ва муваззаф гардонанд, ки барои ғолибият ба даст овардан тамоми кӯшишашонро ба харҷ диҳанд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00