Сардии ҳаво: зарару манфиати он
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 498
Зимистони имсола назар ба солҳои пеш дар кишвар сардтар омад. Организми инсон, дарахтон, замин, экология ва умуман, тамоми мавҷудот ба чунин сардӣ одат накарда буданд. Сармои имсола ба гуфтаи обуҳавошиносон камназир буд. Пас, он ба хоҷагии халқ чӣ гуна зарару чӣ гуна манфиат расонида метавонад? Бо ин савол рӯзномаи “Хатлон” ба мутахассисон муроҷиат намуд.
Ҳакимшоҳ Зубайдов, мудири шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов: -Мо фоидаи сардии ҳаворо аллакай дарк кардем. То боридани барф дар вилояти Хатлон мо дар шуъба 15-20 нафар сокинонро ба таври амбулаторӣ ҳамарӯза ба қайд гирифт, муолиҷа мекардем. Аммо пас аз оне ки барф борид ҳарорати сардии ҳаво ба -14-17 дараҷа расид, муроҷиати сокинон ва бақайдгирии беморони зуком, бемориҳои роҳи нафас, диққи нафас ва бемориҳое, ки барангезандаашон вирусу бактерияҳо мебошанд, кам гардид.
Яъне, мо дар ин рӯзҳо дар як рӯз ҳатто 1 ё 3 нафарро ба қайд гирифтаем. Ин якчанд сабаб дошта метавонад. Якум, ҷамъшавии шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кам гардида, рафту омад, алоқа байни инсонҳо кам гардид ва ин, табиатан, гардиши вирусҳои барангезандаи бемориҳоро кам кард. Агар аҳамият дода бошед, дар вақти муътадил будани ҳаво чангу ғубор бештар буд. Пас аз боридани барф ва сард гардидани ҳаво чангу ғубор кам гардид, ки он аз нест ва ё кам гардидани вирусҳо шаҳодат медиҳад.
Ба шаҳрвандон тавсия медиҳем, ки ҳангоми ба берун баромадан, пеш аз ҳама, либосҳои гарм пӯшанд, сарпӯш, дастпӯшак, гарданбанд дошта бошанд. Пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.
Саъдулло Бобоҷонов, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираи моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон: -Боришоти аз ҳад зиёди барф ва сардии ҳаво ба олами ҳайвоноту наботот нафъи бисёр дорад. Масалан, ҳангоми сардии ҳаво ва боришоти барфи зиёд дар олами ҳайвонот ҳашароти зараррасон, вирусу бактерияҳое, ки ба ҳайвонот часпида, боиси бемории онҳо мегардад, ё боиси шира задани дарахтону растаниҳо мешаванд, несту нобуд мегарданд. Ин фоидаи аз ҳама калони сардии ҳаво мебошад.
Ё баръакс, сардии ҳаво боиси кам шудани саршумори ҳайвоноту парандагон мешавад. Ҳайвоноте ки дар доманакӯҳҳо, дар назди ҷӯю дарёҳо сукунат мекунанд, зарар дида метавонанд. Маводи хӯрокии ҳайвоноту паррандагони нодир ва умуман, ҷонварон зери барфу ях мемонанд, ё хояндаҳое, ки хӯроки дарандагон мебошанд, дар сардии ҳаво аз лонаҳои худ кам берун мебароянд. Ин боиси кам гардидани хӯрок барои ҳайвонот мегардад. Бинобар сабаби наёфтани хӯрока эҳтимоли фавти ҳайвонот зиёд мегардад.
Ҳамчунин даррандагон метавонанд бо мақсади ёфтани хӯрока ба маҳалҳои аҳолинишин рӯ биёранд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани фавти ҷонварон аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар доманакӯҳҳо, баландиҳо, канори дарёву ҷӯйҳо корҳои биотехникӣ гузаронида шуд, дар ин давра 2295 кг гандум, 650 кг ҷав, 2550 кг кунҷора, 1500 кг дурушти хошок ва 800 кг намак пошида шуд.
Суҳроби Маҳмад, директори Филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон: -Сардии зимистон ва боришоти барфу борони зиёд ба замин фоидаи бисёре дорад. Дар натиҷаи сардии ҳаво ва барф ҳашароти зараррасон нобуд шуда, намӣ дар замин захира мешавад.
Тавсия дода мешавад, ки баъди фароҳам овардани шароити мусоид дар заминҳои шудгоргардида, корҳои наминигоҳдорӣ (сихмолакунӣ) гузаронида шавад, ки ба нафъи кори деҳқон мебошад. Дар натиҷаи истифодаи ин усул роҳҳои бухоршавии намӣ пӯшида шуда, намии хок то оғози кишту кор нигоҳ дошта мешавад. Ин амал махсусан барои заминҳои кишти зироатҳои баҳорӣ, ба монанди пахта самараи хуб медиҳад ва аз додани оби захиравӣ нигоҳ медорад.
Толиб Толибзода,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00