ҶИЛВАИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ВА ФАРРУХРӮЗИИ МАРДУМИ ХАТЛОНЗАМИН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 575
Ба ин муносибат ҳамаи сокинони Хатлонзаминро ба ифтихори ин санаҳои муҳимми таърихӣ самимона табрику таҳният мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад, мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамо созад ва вилоятамон ба пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии беш аз пеш ноил гардад.
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид. Яъне имрӯз ин рӯйдоди муҳимми миллии мо низ сисола мешавад.
Хушбахтона, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконият дод, ки тоҷикон чун мардуми соҳибтамаддун ва куҳанбунёд дар даврони нави таърихӣ, бо истифода аз озодиву истиқлолияти миллӣ муқаддасоти миллии худро ҷилову намои тоза бахшида, бо ифтихор болои сар бардоранд. Дар қатори муқаддасоти миллии тоҷикон дар даврони нави эҳё аз ҷониби мардум, шояд бештар аз ҳама, Парчами миллии ин халқи соҳибтамаддун муҷаллотару болотар парафшон гардид.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш зимни суханрониашон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ таъкид намуданд, қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.
Дар он Иҷлосияи тақдирсоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон, дар назди омма ба рамзи садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буданд. Ин садоқати Пешвои миллат ба муқаддасоти миллӣ воқеан ҳам барои насли имрӯзу ояндаи кишвар дарси мардонагию меҳанпарастиро омӯхт.
Тавре болотар ишора кардем, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт. Бинобар ин, Пешвои миллат рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24-уми ноябрро ҷашни умумимиллӣ эълон карданд, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад.
Яке аз масъалаҳои дигари мубраме, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд матраҳ гардида буд, таъсисёбии вилояти Хатлон дар заминаи вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа буд.
Рӯзи 2 декабри соли 1992 қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо имзои раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид. Шӯрои Олӣ таклифи 116 вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор кард, ки аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон бо маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа, имрӯза Бохтар, ташкил карда шавад.
Имрӯз аз қабули он қарори таърихӣ низ 30 сол пур шуд ва боиси ифтихору фараҳмандист, ки вилояти Хатлон сарфи назар аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, таъсири манфии ин ҷанг ба иқтисодиёту вазъи иҷтимоии мардум, имрӯз ба яке аз вилоятҳои пешрафтаи ҷумҳуриамон табдил ёфтааст.
Хатлон, дар ҳақиқат, диёри родмардон ва марзи номусу нанг аст. Дар сарчашмаҳои арабӣ номи Хатлон дар шакли Хутал ва Хуталон зикр ёфта, маънои “макони паҳлавонон”-ро дорад. Дар сарчашмаҳои чинӣ “Ху-та-ло” омадааст, ки ин маънои “баҳодур”, “найзазан”-ро медиҳад. Дар сарчашмаҳои юнонӣ Хатлон “макони аспони тездав” ва “човандоз” аст. Дар асрҳои III-VI дар ин минтақа давлатдории Ҳайтолиён арзи вуҷуд дошт ва баъзе тадқиқотчиён номи “Хатлон”-ро шакли тағйирёфтаи Ҳайтал низ медонанд, ки маънои “зӯрмард”-ро дорад.
Ба ақидаи олими шинохтаи тоҷик А. Девонақулов, Хатлон аз калимаи Хатл баромада, мафҳуми “зиракӣ”-ро низ мефаҳмонад.
Умуман, дар маъхазҳову ақидаҳои таърихшиносону олимон истилоҳи Хатлон мухталиф маънидод карда мешавад, вале ҳамаи вожаҳои зикргардида як мафҳуми умумӣ дошта, аз таърихи бой ва куҳандиёр будани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Гарчанде ки дар асри XV ва XVIII Хатлон ба чор вилояти бекнишин: Кӯлоб, Балҷувон, Саройкамар ва Қӯрғонтеппа қисмат шуда, номи Хатлон ба сифати як воҳиди маъмурӣ аз истифода берун шуда буд, вале ин ном ҳеҷ гоҳ нест нашуд ва дар бисёр адабиётҳои илмию бадеии то замони мо ҳифз шуда, бо водиҳои пурфайз, кӯҳҳои сабзу дарахтзори дорои гиёҳҳои шифобахш ва мардуми сарбаланду баномусаш зикр гардидааст.
Истиқлолияти давлатӣ барои дубора эҳё гардидани вилояти Хатлон замина гузошт. Дар зарфи 30 соли давлатсозӣ пас аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, вилояти Хатлон ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, садҳо корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, вилояти Хатлон на фақат аз рӯи аҳолӣ, балки бо захираҳои фаровони ашёи хом ва имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ калонтарин вилояти мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки вилояти мо дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо қадамҳои устувор роҳ ба сӯйи музаффарияту комёбиҳо пеш гирифтааст.
Ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ қариб ба 27 фоиз баробар аст. Аз ҷумла, бо дарназардошти мавҷудияти имконият ва захираҳои зиёди обу замин ва шароити мусоиди иқлим, соҳаи кишоварзии вилоят рушд дошта, дар миқёси ҷумҳурӣ ҳиссаи кишоварзони вилояти Хатлон дар маҷмӯи умумии кишоварзӣ 51%, дар истеҳсоли ғалладонагиҳо 63%, пахта 68%, сабзавот 59%, аз ҷумла пиёз 64%, полезиҳо 78%, меваҷот 45%, ангур 45%, гӯшт 57%, шир 51% ва моҳӣ 71 фоизро ташкил медиҳад.
Танҳо дар вилояти Хатлон дар зарфи 30 соли охир ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз 3,7 миллиард сомонии соли 1991 то ба 20,7 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо аз 131 ҳазору 44 тонна то ба 1 миллиону 32 ҳазору 680 тонна расидааст. Аз он ҷумла дар вилоят соли 1991 агар 238 ҳазору 61 тонна гандум истеҳсол шуда бошад, дар соли 2021-ум ин нишондиҳанда ба 610 ҳазору 569 тонна баробар шудааст.
Ҳосилнокии миёнаи ғалладона аз 12,8 сентнери соли 1991 ба 28,6 сентнер дар соли 2015 расонида шуд. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки бо истифодаи оқилонаи заминҳои корами обӣ ва ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи дурусти парвариши агротехникии зироатҳои кишоварзӣ таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқа имконпазир мегардад.
Энергетика дар вилояти Хатлон яке аз соҳаҳои асосӣ маҳсуб ёфта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 50 фоизро дарбар мегирад.
Дар вилояти Хатлон неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев, «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва силсиланеругоҳҳои барқи обии «Вахш», дар маҷмуъ бо иқтидори истеҳсолии солона 4730 МВт фаъолият доранд.
Дар даврони Истиқлолият бо бунёд ва ба истифода додани ду иншооти бузурги аср - неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ва таҷдиду азнавсозии НБО-и «Норак», «Бойғозӣ» ва «Сарбанд» тавлиди неруи барқ зина ба зина зиёд гардида, 90 фоизи барқи ҷумҳурӣ дар неругоҳҳои ҳудуди вилояти Хатлон тавлид меёбад.
Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон давоми солҳои 1991-2021 як қатор корҳои бузургу назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, бунёди роҳи оҳани Ёвон-Бохтар- Кӯлоб, нақбҳои “Озодӣ” ва “Хатлон”, роҳҳои аҳамияти байналмилалидоштаи Кӯлоб-Ш.Шоҳин-Дарвоз, Душанбе-Бохтар, пулҳо аз болои дарёи Панҷ, бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайраҳо дастовардҳои бузурги даврони Истиқлол мебошанд.
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳи автомобилгарди байналмилалии ҚизилқалъаҶарбуҷа-Гулбаҳор-Термез ва роҳи оҳани Бохтар-Термез, ки солҳои зиёд аз фаъолият бозмонда буд, дубора ба фаъолият оғоз кард, дар натиҷа, ҳаҷми бору мусофиркашонӣ якчанд маротиба афзун гашт.
Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми боркашонӣ дар соли 1991-ум 1,7 миллион тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 17,5 миллион мусофирро ташкил дода, дар натиҷаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ ба 23,3 миллион тонна ва ҳаҷми мусофикашонӣ ба 101,3 миллион мусофир баробар гардид, ки мутаносибан нисбат ба соли 1991-ум ҳаҷми боркашонӣ 10,3 маротиба ва мусофиркашонӣ 4,3 маротиба зиёд мебошад.
Чун тамоми мардуми шарифи кишвар, аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд. Тибқи дурнамо, то соли 2026 дар вилоятамон бунёди беш аз 6 ҳазор иншооти истеҳсолию маишӣ, таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Мо хуб медонем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон беш аз 8200 иншооти таъиноташ гуногун бунёд ёфт, ки боиси боз ҳам рушду пешрафт ва ободу шукуфон гардидани ҳар як гӯшаву канори ватани азизамон гардид.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, баҳри амалишавии дастурҳои Сарвари давлат камари ҳиммат бастаанд.
Дар вусъати корҳои ободонию созандагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус ноҳияҳои дурдаст, ки дар даврони Шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони гурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони эҳсонкор шоистаи таҳсину дастгирист.
Аминам, ки бо талошу заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту сулҳпарвари худ ба ҳамаи мақсадҳои некамон мерасем. Тавре ки Роҳбари давлат таъкид медоранд, тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиста метавонад, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ ва шарафи миллатро ҳифз намояд, анъанаҳои неки башардӯстонаи аҷдодонро идома диҳад. Ва ҳамагон фахр мекунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазлу дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат нишон додааст.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср, садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.
Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.
Дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад. Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст”.
Парчами миллӣ имрӯз нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон буда, ҳар як ранги он рамзи соҳибдавлатӣ, сарватҳои табиӣ буда, ҳафт ситораи дурахшон аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва аз ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Мояи ифтихору сарфарозии тамоми мардуми вилояти Хатлон аст, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30 ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Данғара, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Хуросон, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Данғара ва Восеъ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгаштҳои муосир ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки воқеан ҳам ифтихори миллӣ ва ифодакунандаи соҳибистиқлолию озодӣ, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату сарҷамъӣ, ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, ин иқдом дар самти бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Ҷилваи Парчам дар ҳар гӯшаи диёр баёнгари мустақилият ва рушду пешрафти давлат буда, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордил мебошад.
Рисолати бузурги парчамсозию парчамдорӣ аз гузаштагон ба мо мерос монда, бо таваҷҷуҳ ва хизматҳои шоистаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ин иқдом дар шароити имрӯза идома дорад.
Дар Парчами миллии мо шараф, нангу номус, обрӯву ифтихор, иродаву матонат ва ҳама хуҷастагиҳои дигари халқамон, ҳама муқаддасоти дигари миллиамон чун рамз таҷассуми дурахшон доранд.
Парчами миллии мо ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориву ватанпарварӣ ва ягонагиву ҳамдигарфаҳмиро дар вуҷуди мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати ватанро дар сириштамон фурӯзон месозад.
Имрӯз дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони шукуфону ободи мо Парчами миллӣ дар баландтарин авҷҳои ифтихору ватандорӣ парфишон аст. Парчаме, ки моро ба ваҳдату ягонагӣ мехонад, парчаме, ки моро аз тамоми гӯшаҳо ба гирди худ ҷамъ меоварад.
Ин Парчам иҷозат намедиҳад, ки мо аз ҳам ҷудову пароканда бошем, зеро он рамзи ватандорӣ, балки муқаддастарин муқаддасоти миллии мост.
Бинобар ин, тамоми мардуми сарбаланду бовиқори вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон 30-солагии таъсисёбии вилояти Хатлон бори дигар шодбош гуфта, бароятон рӯзгори пурфайз, хуррамиву осоиштагӣ, бахту саодат, саломатии бардавом ва ба Тоҷикистони азиз шукуфоию пешрафт ва парафшонии Парчами давлатиро таманно дорам.
Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар қалби ҳар як сокини вилояти Хатлон муҳаббат ба Ватану миллатро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон ҷилвагарӣ намояд.
Шукуфон бод, Хатлони бостон!
Парчамат бодо парафшон,
Тоҷикистони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00