Хатарҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 142
Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ихтилофоти ақидавӣ, ҳизбиву сиёсӣ мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз фикру ақидаҳои гуногуну зиддиҳамдигарии ҳизбу ҳаракат, дин ва мазҳабҳо нисбат ба исломи суннатӣ мақсадҳои манфиатхоҳонаи худро амалӣ намуда истодаанд. Вақти он расидааст, ки талаботу фарқиятҳои асосии ҳизбу ҳаракат ва динро дар исломи суннатӣ бидонем.
Бо мақсади баланд бардоштани донишу фаҳмиши диниву сиёсӣ ва бедор кардани зиракии сиёсӣ дар толори театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар семинар – машварати вилоятӣ дар мавзӯи “Ихтилофи ақидавӣ ва амалии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ – динии ифротии муосир бо исломи суннатӣ (Ҳизби Ҳанафӣ)”доир гардид.
Дар кори он муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқов, мудири кафедраи диншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Камар Нурулҳақов, сардорони раёсатҳои вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, кормандони соҳаи маориф ва дигар фаъолони вилоят ширкат доштанд. Нахуст, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ доир ба ҳадафи баргузории семинар-машварати номбурда изҳори андеша кард. Мавсуф афзуд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳушёриро аз даст надода, зиракии сиёсии худро фаъол нигоҳ дорем.
Бахусус, ҳолатҳое, ки дар давлати ҳамсояи Афғонистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба вуқӯъ пайваст, далели гуфтаҳои болост. Сипас, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қамар Нурулҳақов ба сухан баромада, дар хусуси исломи суннатӣ ва даъво ба он, фарқияти мазҳабу ҳизбу ҳаракатҳо, ифротиҳои муосир андешаронӣ намуд. Гуфта шуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Баъдан, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқов чунин гуфт: “Мо дар сарҳади Ҷумҳурии исломии Афғонистон қарор дорем. Дар умум Ҷумҳурии Тоҷикистон 1400 км сарҳад бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон дорад, ки 249 км он аз минтақаи Бохтар мегузарад. Ҳоло “Толибон”, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст, дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба сари ҳокимият омадааст.
Дар ин давлат занҳо ба кори давлатӣ машғул шуда наметавонанд. Кӯдакон ба таълим фаро гирифта намешаванд. Ҳатто вазъ ба ҳадде расидааст, ки дар асри 21 ба мардуми он кишвар қаҳтиву гуруснагӣ омадааст. Бахусус, кӯдаконро фурӯхта барои худ ғизо харидорӣ мекунанд. Онҳо бо истифодаи номи ислом ҳадафҳои худро амалӣ намуда истодаанд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исломро бад нишон медиҳанд. - Агар таҳлил намоем, аён аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ куллан фарқкунанда аст. Хусусан, барои занон имкониятҳои васеъ фароҳам мебошад. Занони зиёде дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият менамоянд.
Ҳангоми вохӯрӣ бо вазири Кумитаи занони Туркия изҳор гардид, ки миёни 36 вазорат ҳамагӣ як зан вазир ҳаст. Дар Тоҷикистон бошад, дар Парлумон, вазорату кумитаҳо, муовинони раисони вилоятҳо, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятиву шаҳрӣ занон кор мекунанд. Ба занҳо диққати махсус равона гардидааст, - гуфт Ф. Холиқов. – Дар Афғонистон зиёда аз 74 ҳизби динӣ буд. Барои расидан ба ҳадафҳои худ толибонро таъсис доданд ва ба сари ҳокимият оварданд. Агар толибон аз номи давлат ҳарф мезананд, пас чаро аъзои ҳукуматро танҳо паштуҳо ташкил медиҳанд? Чаро танҳо аз як қисми ҷомеаро фарогиранд? Пешвои муаззами милати мо гуфтанд, ки дар ҳукуматдорӣ бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи афғон ба инобат гирифта шавад. Ёдовар мешавем, ки дар минтақаи Бохтар соли 2020 ҳамагӣ 56 ҳолат ва дар соли 2021-ум 205 ҳолати аз таълимоти ғайрирасмии динии 896 наврас пешгирӣ карда шуд. Аксари онҳоеро, ки ба ташкилотҳои террористӣ пайваст шудаанд, нафароне ташкил медиҳанд, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул шудаанд.
Боиси таассуф аст, ки баъзе аз падару модарон худашон фарзандонашонро тавсия медиҳанд, ки ба чунин таълимоти ғайриқонунӣ ҷалб шаванд. Худи мо гунаҳгорем, ки фарзандонамонро зери таъсири бегонагон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб месозем. Дар донишгоҳҳои исломии хориҷи кишвар ҷавононе ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки баъзан 10 то 15 сол мехонанд, аммо онро хатм намекунанд. Ҳангоме пурсон мешавем, ки чаро онро хатм намекунӣ? Мегӯянд, ки душвор аст. Аммо, ҳатто як аризаро навишта наметавонанд. Ҳамин гуна мушкилиҳое ҳастанд, ки боиси нигаронии ҳамагон гаштааст.
Устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Казаков Рустам, дар бораи таърихи пайдоиши ислом, пайдошавии мазҳабҳо изҳори андеша кард. Аз ибтидо душманони ислом кӯшиш карданд, ки миёни пайравони дини ислом ихтилоф андозанд. Дар шаклҳои гуногун ҳизбу ҳаракату равияҳоро созмон доданд, ки андешаҳояшон гуногун аст ва боиси нофаҳмӣ шуда метавонад.
Дар қисмати охири семинар – машварат гуфта шуд, ки хурду бузурги кишварро зарур аст, ки донишу фаҳмиши диниву сиёсии худро баланд бардошта, бо истифода аз зиракии сиёсии худ бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ истифода намоянд. Бахусус, мо метавонем, ки бо таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар ин росто хубтар муваффақ гашта, кӯдакону наврасонро аз таълими ғайриқонунӣ эмин нигоҳ дорем. Зеро, хатарҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад, бо истифода аз номи ислом ва бадкунии он мебошад. Ҳангоме ки аз қонунҳои ислом бохабар бошем, фарқи баду некро бо хубӣ хоҳем фаҳмид.
С. АЗИЗЗОДА,
Ф. УМАРОВ, “Хатлон”