Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » «Бешаи палангон» - мавзеи нодири табиӣ


«Бешаи палангон» - мавзеи нодири табиӣ



Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” яке аз гӯшаҳои нодири Тоҷикистон ва ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо гуногунии биологии худ барои экосистемаи минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, мамнуъгоҳ дар масоҳати беш аз 50 ҳазор гектар доман паҳн кардааст, ба назари олимону коршиносони масоили экологии сатҳи ҷаҳонӣ, “Бешаи палангон” бо дороии унсурҳои хоси табииаш аз дигар мамнуъгоҳҳо фарқкунанда мебошад.

Ин макони нодир, ки асосан аз ҷангалу туғай, буттазор, қумистон, кӯҳҳо, дарё, кӯлҳо ва дигар манбаъҳои нигаҳдорандаи гуногунии биологии онро таъмин менамояд, иборат аст.

Мамнуъгоҳ дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар болооби дарёи Ому, соҳили рости дарёи Панҷ ва поёноби дарёи Вахш, ки аз гармтарин минтақаҳои ҳавзаи Амударё ба ҳисоб меравад, ҷойгир мебошад.

Мамнуъгоҳ бо қарори Шурои халқии ҶШС Тоҷикистон 4-уми ноябри соли 1938 бо мақсади муҳофизати комплекси биёбону туғайзор, набототу ҳайвоноти нодири он таъсис ёфтааст.

Ба хулосаи олимон, макони зист ва гаштугузору сукунати паланги тӯронӣ туғайзори қадқади дарёи Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, соҳили дарёи Қизилсу ва Ёхсу ба ҳисоб мерафт. Соли 1959 охирин изи пойи палангро дар беша мушоҳида намудаанд, ки сарҳади Тоҷикистонро убур карда, ба давлати ҳамсояи Афғонистон гузаштааст.

Бо дарназардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор дар масоили обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ҳифзу нигаҳдории чунин гӯшаи нодири табии таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Мамнуъгоҳи табиии “Бешаи палангон” ба Муассисаи давлатии ҳудудҳои махсусмуҳофизатшаванда шомил гардида, олами бойи набототу ҳайвонот ва гуногунии биологии он мавриди ҳифзи махсус қарор дода шудааст.

Ҳоло дар ҳудуди “Бешаи палангон” гавазни бухороӣ, гург, шағол, рӯбоҳ, ғизол, гурбаи қамишзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ, сусмор, намудҳои гуногуни мор, зиёда аз 120 намуди паранда ва ғайра дидан мумкин аст.

Бино ба маълумоти олимони соҳа, дар туғайзори Тоҷикистони ҷанубӣ 94 намуди растаниҳо - дарахти патта, сабза, саксаул, санҷид ва ғайра ба ғизои доимии гавазни бухороӣ мансубанд.

Мувофиқи маълумоти олимони Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 122 намуди паранда ба қайд гирифта шудааст, ки чор намуди онҳо - каргаси сиёҳ, тазарви тоҷикӣ, ҷек, мурғи сахоро ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» ворид намудаанд. Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони муҳоҷир мебошад. Дар қисмати нимбиёбон ва туғайзори мамнуъгоҳ аз намояндагони синфи хазандагон сангпушти осиёимиёнагӣ, геккони шонаангушт, лундасараки регӣ, куброи осиёимиёнагӣ, гурза ва дигар намудҳои нодир вомехӯранд.

Яке аз намудҳои калонтари калтакалосҳо сусмори хокистарранг (очкамар)-ро дар мамнуъгоҳ вохӯрдан мумкин аст, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд.

Олами набототи мамнуъгоҳ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олимони соҳа дар ҳудуди “Бешаи палангон” беш 600 намуди растаниҳо мерӯянд. Асоси табиати Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”-ро туғайзор, қамишзор, санҷидзор, ширинбия, газ, янтоқ, саксаул ва кӯлҳои зиёд ташкил медиҳанд. Дар атрофи кӯлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди растаниҳо аз оилаҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туғайзорҳо бошад, най, найшакар, эриантус, лух, шутурхор ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳифзи муҳити зист, барномаҳои махсуси давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, ки дар баробари дигар гӯшаҳои табиати нодири мамлакат, ҳамзамон ҳудуди Мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи палангон”, аз ҷумла олами бойи набототу ҳайвоноти он мавриди ҳифз қарор дода шуд. Он барои фароҳам гардидани шароити мусоиди сукунати ҳайвоноту парандагони зиёди нодир боис гардид.

Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Ба хулосаи табиатшиносон ва олимони соҳа ин дастоварди сатҳи ҷаҳонӣ, масъулияти моро боз ҳам бештар намуда, водор месозад, ки барои ҳифзу нигаҳдошт ва тарғибу муаррифии он ҳамчун мавзеи нодири табиӣ, ки аҳамияти калони экологӣ дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.

Исмоили Соҳибназар,
журналист-табиатшинос

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода