Дар як сатр
» » Бахтовар Сафаров: БА ОЯНДАИ НЕК ХУШБИН ҲАСТАМ

Бахтовар Сафаров: БА ОЯНДАИ НЕК ХУШБИН ҲАСТАМ

31-03-2015, 14:09

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо ҷавонтарин вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бахтовар Сафаров: БА ОЯНДАИ НЕК ХУШБИН ҲАСТАМ

Сафаров Бахтовар Амиралиевич
10-уми марти соли 1983 дар ноҳияи Вахш дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2000 мактаб-интернати ҳамин ноҳияро бо баҳои «аъло» ва соли 2005 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.

Соли 2010 бо ҳимояи рисолаи номзадии худ сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегардад. Аз соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва аз моҳи феврали соли 2011 ба ҳайси мудири ҳамин кафедра кор кардааст. Бо назардошти ҷаҳонбинии васеъ ва кордонии Бахтовар Сафаров ӯро аз 2 январи соли 2014 ба вазифаи муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм таъйин менамоянд.

Дар баробари дониши ҳуқуқшиносӣ Б. Сафаров аз нозукиҳои сиёсатшиносӣ ва забони модарӣ бархӯрдор буда, бо забонҳои русиву англисӣ озодона китобат ва суханронӣ менамояд. Дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар Британияи Кабир, Олмон, ИМА, Чин, Эрон, Русия (МГУ, РУДН, МГИМО, МЭСИ, АН РФ ва ғ.), Полша, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2011), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2013) ва дорандаи медали ҷашнии «90-солагии адлияи тоҷик» (соли 2014) мебошад.

Оиладор. Соҳиби ду фарзанд.

Аз моҳи марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аст.



- Дар доираҳои сиёсӣ баъзан чунин андешаҳо ҳам садо медиҳанд, ки гӯё парлумони Тоҷикистон «штрафбат» ё ҷойи нафақахӯрон аст. Аммо дар амал дидем, ки ҳизбҳо, хосатан ҲХДТ ба пешбарии номзадии чеҳраҳои ҷавон ва олимони соҳаҳои мухталиф ба вакилии Маҷлиси намояндагон алоқамандӣ нишон доданд. Масалан, худи Шумо ҳам, ки 32-сол доред, ҷавонтарин вакили палатаи поёнии парлумони кишвар ҳастед. Бигӯед, ки «портрет»-и як вакили парлумони касбии Тоҷикистонро чигуна тасвир мекунед?
- 15 сол боз Тоҷикистон дорои парлумони касбии доимамалкунанда – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аст. Агар фазои ҳуқуқии кишварро аз соли 2000-ум то имрӯз як таҳлили сатҳӣ ҳам кунем, дармеёбем, ки ба дастовардҳои хубе ноил шудаем. Чунки қонунҳое, ки аз лиҳози мазмуну муҳтаво қонунҳои миллӣ ҳастанд, қонунҳое, ки ба дарди имрӯзаи ҷамъият расидагӣ карда тавонанд, рӯзгори имрӯзаи мардумро сабуктар ва танзим намоянд ва ба манфиати мардум хизмат кунанд, аз ҷониби парлумони касбии кишвар қабул шуда истодааст.

Бо ин иддао, ки баъзан дар матбуот Маҷлиси намояндагонро «парлумони куҳансолон» ном мебаранд, розӣ шуда наметавонам. Имрӯз тавре мебинем, аз 63 вакили тозаинтихоби Маҷлиси намояндагон аксарияташон аз 32 то 50 сол доранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни суханронии худ дар ҷаласаи якуми Маҷлиси намояндагон рӯзи 17 март зикр карданд, ки ба ҳайати парламент инчунин гурӯҳи калони ҷавонон бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ шомил гардиданд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони варзида ва дорои донишу малакаи баланд мебошанд. Дар ҳақиқат, имрӯз 17 вакили парлумон номзади илм, 8 нафар доктори илм ва 2 нафари онҳо академик мебошанд, ки ин омил метавонад ба раванди ташаккули қонунгузории муосир такони нав бахшад. Аз лиҳози потенсиали зеҳнӣ ва имконияти меҳнатӣ онҳо дар айни шукуфоӣ ҳастанд.

Интихоботи рӯзи 1 март нишон дод, ки имрӯз ҳам ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳам мардуми кишвар дар симои парлумон, дар симои вакили халқ нафареро дидан мехоҳанд, ки пур аз иқтидори зеҳнию ҷисмонии кор ва серэнержӣ буда, аз вакили Маҷлиси намояндагон буданаш ифтихор кунад.

Интихоботи охири парлумонӣ бисёр пурҳассос ва рақобати номзадҳо пуршиддат буд. Ягон ҳавзаи интихоботие набуд, ки довталаби курсии парлумон камтар аз 3-4 номзад шуда бошанд. Мардум интихоби васеъ дошт ва барномаи номзадҳоро мӯшикофона таҳқиқ мекард. Ин ҳама аз боло рафтани фарҳанги сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад, ки мояи хушнудист.

Имрӯз дар ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ як ё ду нафаре ҳастанд, ки дар синни нафақаанд. Аз сӯйи дигар, қонунгузорӣ синни ниҳоиро барои вакилии парлумон муқаррар накардааст. Ҳамаи вакилон мутахассиси сатҳи олӣ, нафароне ҳастанд, ки дар гузашта аъзои Ҳукумат буданд, вазироне, ки дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи марказиро доштанд. Имрӯз ҳам дар Маҷлиси намояндагон ҳамчун такягоҳ ба онҳо муносибат мекунанд.

То ин замон қонунҳо оид ба аксари паҳлуҳои муносибатҳои ҷамъиятии кишварамон қабул шудаанд. Рисолати имрӯзаи парлумони Тоҷикистон он аст, ки қонунҳои қабулшударо аз он лиҳоз, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кадом тамоюл инкишоф ёфта истодаанд, такмил диҳад. Баъзе нуктаҳои қонунгузорӣ, ки бе назардошти воқеияти имрӯза қабул шуда буданд, онро бо замони муосир бояд мувофиқ кунонем. Вазифаи даъвати нави парлумон, тавре ки Ҷаноби Олӣ ҳам зикр карданд, натанҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ кунонидани қонунҳо ва қабули қонунҳои нав, балки андешидани чораҳо ба хотири дар амал татбиқ шудани меъёрҳои қонун аст.

- Роҳбари давлат вақте дар нахустин иҷлосияи парлумон суҳбат мекард, аз ҷумла таъкид намуд, ки бояд вакилон фаъолтар бошанд, мубоҳисаҳо ташкил кунанд. Аслан то ин замон мегуфтанд, ки гӯё вакилони парлумон ба ҳадде тугмаи «ҳа»-ро зиёд пахш кардаанд, ки рӯйи он тира шудааст. Яъне гӯё вакилон ҳама қонунҳоро бидуни баҳси зиёд «бо як овоз» қабул мекунанд. Оё воқеан чунин аст?
- Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон даъвати Президентро пурра дастгирӣ мекунам. Аслан манзури Роҳбари давлат он буд, ки вакили интихобшуда бояд интизори супориш, ин ё он дастур ё ибтикори нафаре нашуда, фаъолмандӣ нишон диҳад, субъекти фаъоли ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бошаду ба дарди ҷомеа расидагӣ карда тавонад.

Аммо дар мавриди тугмачаҳои «ҳа» ва «не» дар парлумон гуфтаниям, ки акнун ин тугмаҳои классикӣ-анъанавӣ мавҷуд нестанд. Яъне ҳоло системаи овоздиҳии электронӣ роиҷ аст, раъйдиҳӣ тариқи сенсор ҳисоб карда мешавад. Ростӣ, он тугмачаҳои рангпаридае, ки мегӯед, ман надидам.

- Шумо ҷавонтарин вакили парлумони кишвар ҳастед. Ҳафтаи аввали кор чӣ хел гузашт? Ҳамкорони наватон, онҳое, ки нисбатан солортар ҳастанд, ба Шумо чигуна муносибат доштанд?
- Ростӣ, аз он чӣ ки интизор будам, воқеияти ҳол маро барои ояндаи нек хушбинтар кард. 2-3 рӯз пеш аз ҷаласаи нахустин ҳама вакилон ҷамъ омада буданд, бо ҳам шинос шуданд. Кулли вакилони интихобшуда нисбат ба банда бо назари нек, бо хушҳолӣ муносибат мекарданд, барори кор мехостанд. Дар ҳақиқат, баъзе фикрҳое ҳаст, ки ба ҷавонон гоҳе назари хос доранд, шояд ягон намуди табъиз нисбати онҳо вуҷуд дошта бошад, аммо чунин эҳсос умуман бо ман нест. Ҳамкорони солортару собиқадортар вақти суҳбатҳо мегуфтанд, ки «Бахтоварҷон, медонем, ки Шумо дониши қавии ҳуқуқӣ доред, баромадҳои телевизиониатонро тамошо мекардем, лоиҳаи қонунгузориро хуб дарк мекунед. Аммо дар таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии фаъолияти вакилӣ бо чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ шавед, беибо муроҷиат кунед, мо омода ҳастем, ки ёрманд шавем». Хуллас, як фазои солим ва хеле мусоиди корӣ дар парлумон фароҳам аст, ки аз он хушам меояд.

- Вақте Шумо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудед, ҳанӯз 32 соли комил надоштед. Агар ба таърихи парлумони касбии Тоҷикистон нигарем, дар гузашта низ ду зани 32-сола вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буданд: Махфират Хидирзода ва Тоҷинисо Маҳмадова. Оё дар бораи фаъолияти вакилии онҳо маълумот доред?
- Ростӣ, фурсати таҳлили фаъолияти вакилиашон набуд, лекин ин ду муаллимаро ман хуб мешиносам. Медонам, ки яке ба ҳайси раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар ва дувумӣ ба ҳайси муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон фаъолияти чашмрасе доранд. Ин ду нафар, ки узви ҲХДТ ҳастанд, боиси ифтихори мо – ҳамҳизбиён мебошанд.

- Коршиносон мегӯянд, то ин замон вакилоне, ки аз ҳавзаи интихоботии Вахш интихоб шуда буданд, дар парлумони кишвар чандон фаъол набуданд ва интихобкунандаҳо дар бораи тасмимҳо ва пешниҳодҳои онҳо маълумоти кофӣ надоштанд. Шумо то куҷо барои интихобкунандаҳои худ дастрас хоҳед буд? Оё аллакай интихобкунандаҳо пеши Шумо вазифагузориҳои мушаххасе карданд?
- Ақидаеро, ки вакилони даъватҳои пешини Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш-№32 фаъол набуданд, бори аввал мешунавам. Ҳамчун ҳуқуқшинос бар ин андеша ҳастам, ки вакилони пешин дар парлумон нақши назаррас доштанд ва нафарони арзанда буданд.

Қариб кулли мардум бо барномаи пешазинтихоботии банда шинос буданд. Дар маъракаи пешазинтихоботӣ бо раъйдиҳандаҳо 112 вохӯрӣ доштам, ки дар ҳар яке аз 35 то 4000 нафар ширкат варзиданд. Аслан барномаи мо аз барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Барои ман раъйи ҳар як интихобкунанда арзишманд аст. Аз ин рӯ, талош мекунам, ки минбаъд ҳамкориҳои худро бо интихобкунандагон тақвият бахшам. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, як самти асосии фаъолияти вакили парлумон кор бо интихобкунандагон аст, ки тибқи он амал хоҳем кард. Ба ҷуз аз ин, ният дорем, ки дар назди комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш қабулгоҳи ҷамъиятии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳем, то ҳамаи шаҳрвандон тавонанд бо арзу пешниҳодҳои мушаххас ба он муроҷиат кунанд. Аз ҷониби масъулони комиҷроияи ҳизб тамоми муроҷиатҳо сабт ва ба мо ироа хоҳанд шуд. Ба ҷуз ин, ҳадди ақал дар як моҳ як маротиба дар ин қабулгоҳ бо шаҳрвандон вохӯрию суҳбатҳо ташкил хоҳам дод.

- То вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шудан ноиби ректори ДМТ оид ба илм будед. Аз нигоҳи Шумо, илму маориф дар Тоҷикистон имрӯз чӣ мушкилҳое пешорӯ дорад, ки парлумони кишвар бояд ба он мутаваҷҷеҳ шавад ва дар ҳаллашон мусоидат кунад?
- Тӯли беш аз як соли охир дар симати ноиби ректори Донишгоҳи миллӣ оид ба илм ва 6 сол ба ҳайси мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият мекардам. Манзур ин аст, ки бо нозукиҳо, садду мушкилоте, ки дар соҳаи илм ва маориф вуҷуд доранд, дар фаъолияти худ дучор омадаам. Мушкилиҳо ҳастанд. Дар сатҳи қонунгузорӣ ҳал кардани онҳо кафолати асосии муваффақона дар амал татбиқ шудани онҳо мебошад. Масалан, Тоҷикистон ба низоми сифатан нави таҳсилоти олӣ гузашта истодааст. Низоми кредитии таҳсил, таҳсилоти иловагии касбӣ мушкилиҳои зиёде дорад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ шояд ҳал нашуда бошад. Такмили қонунгузорӣ дар бахши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муҳим аст. Дар парлумони имрӯза, хушбахтона, намояндагони риштаи илму маориф зиёд ҳастанд. 29 вакили мардумӣ унвони илмӣ доранд ва мутмаинам, ки талошҳо барои рушди илму маориф дар кишвар бештар мешавад.

Ҳоло баъзе ислоҳотҳо дар бахши илму маориф ҷараён дорад. Сухан дар бораи анҷом додани таҳқиқотҳои илмӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳо, фаъолияти пурсамари комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, ки батозагӣ таъсис ёфт. Фикр мекунам, ки дар соҳаи қонунгузорӣ низ проблемаҳои зикргардида танзими самараноктарро талаб мекунад.

- Ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию инноватсионӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби олимон ба омӯзиши проблемаҳои глобалии сайёра ва минтақа ва мисли ин аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мебошад, ки қабл аз интихобот эълон карда буд. Ба назари Шумо, бо чӣ роҳҳое ба татбиқи ҳарчи зудтари ин ҳадаф ноил шудан имконпазир аст?
- Мусоидат кардан ба татбиқи қонунгузории ҷорӣ яке аз вазифаҳои асосии парлумони имрӯза мебошад. Ба ҳайси вакили парлумон кӯшиш хоҳам кард, ки бо таваҷҷуҳ ба афзалияти соҳаи илму маориф ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат, дастрасии таҳсилоти босифати ҳамаи зинаҳо барои тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳияву таълифи китобҳои давраи нав бо назардошти арзишҳои миллии фарҳангиву таърихӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти илмии муассисаҳои академӣ бо донишгоҳу донишкадаҳо ҷиҳати ҳамгироии онҳо, пайвастани илм бо истеҳсолот, вусъат бахшидани маблағгузории давлатии фаъолияти илм ва инноватсионӣ, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ барои рушди илм ва инноватсия тавассути такмили қонунгузорӣ мусоидат намоям.

- Дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ омадааст, ки ин ҳизб «дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба назар гирифта, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ равона месозад ва дар ҷараёни қабули қонунҳо ба ҳимояи манфиати табақаҳои ниёзманд, нафақахӯрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд». Манзур чист? Кадом ҷанбаҳои қонунгузории ҷорӣ дар ин самт таҷдиди назар мехоҳанд?
- Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсӣ аз ҷониби Конститутсия ва қонунгузорӣ эътироф ва кафолат дода шудаанд. Барои амалисозии ин ду навъи ҳуқуқ барномаҳо ва хароҷоти зиёде аз ҷониби давлат талаб карда намешавад. Аммо проблемаи амалишавӣ, ки аз давлат маблағ, барномаҳои миёнамуддату дарозмуддат ва дурнамоҳои инкишофро тақозо мекунад, ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ аст. Масалан, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, нафақа, маош, таҳсил, меҳнат кардан, истироҳат, ҳуқуқ ба моликият, фаъолияти соҳибкорӣ аз давлат фаъолияти самараноктар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини базаи моддию техникиро талаб мекунад. Чун Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст, буҷети кишвар тамоюли иҷтимоӣ дорад ва онро ҳифз карда истодааст, ҲХДТ ва вакилони он дар парлумон минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки барои такмили сохтори иқтисодиёт, ки рушди бемайлони бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро таъмин менамояд, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт, таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар, дар сатҳи қонунгузорӣ нигоҳ доштан ва ҳифз намудани тамоюли иҷтимоии буҷети давлатӣ, андешидани чораҳо баҳри зина ба зина баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ, дастгирии пиронсолону маъюбон ва дигар нафарони ниёзманд бо роҳи такмили қонунгузории Тоҷикистон мусоидат намоянд.

- Бо таваҷҷуҳ ба буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки феълан Русия ба он мувоҷеҳ шудааст, шумораи қобили мулоҳизаи муҳоҷирони кории тоҷик ба кишвар баргашта истодаанд. Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ин раванд ҷанбаҳои манфӣ низ дар пай хоҳад дошт, мисли афзоиши ҷинояткорӣ, майдаавбошӣ, ҳатто азҳампошии оилаҳо ва мисли ин. Аз нигоҳи Шумо, барои саҳлтар кардани пайомадҳои манфии ин тамоюл давлат чӣ тадбирҳо бояд андешад?
- Аз ҷониби Президенти кишварамон зимни ироаи Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳоду дастурҳои мушаххасе оид ба дурнамои рушди Тоҷикистон садо доданд. Роҳбари давлат ба Ҳукумати марказӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки имсол на кам аз 200 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шавад. Ҷойи кори доимӣ ва бо маоши арзанда дар назар аст.

- Бубинед, Бахтовар Амиралиевич, масалан дар соли гузашта, тибқи омори расмӣ, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон беш аз 80 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуд, аммо гуфта мешавад, ки ҳамагӣ чанд ҳазор нафар соҳиби кор шуданд. То куҷо ин омор метавонад ба ҳақиқат наздик бошад ва шаҳрвандони корҷӯ воқеан бо кори доимӣ ва бо маоши хуб таъмин гарданд, на кори мавсимию маоши ночиз…
- Ростӣ, бо ин омор ҳанӯз шинос нестам. Аммо он нақша-чорабиниҳое, ки дар сатҳи Ҳукумат ва дигар мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешаванд, бояд воқеъбинона бошанд. Ҳамин оморҳо фақат аз ҷониби давлат не, аз ҷониби кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, доираҳои соҳибкорон ва ғайра таҳия мешаванд. Фикр мекунам, ки бо дарназардошти инфрасохтори иҷтимоию иқтисодиии Тоҷикистон барномаҳои давлатӣ оид ба ташкили ҷойҳои нави корӣ иҷрошавандаанд.

- Ҷиҳати тақвияти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва коррупсия, ки аз ҷониби Президенти кишвар ҳам мушкилоти аслии замони муосир унвон шудааст, фикр мекунед, чӣ кор бояд кард? Бахусус дар шароити музофот. То куҷо гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ метавонад пайомадҳои хатарзо дошта бошад ва барои ба зиндагии муътадил ташвиқ намудани ҷавонон аз кадом барнома бояд кор гирифт?
- Дар шароите, ки ҷаҳони муосир ба ҳар гуна даъватҳои пуршиддату гумроҳкунандаи ҷавонону насли наврас мувоҷеҳ аст, албатта хатарнок аст. Терроризму ифротгароӣ ба истиқлолияти давлатии ҳама кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таҳдид карда метавонад. Бубинед, ки ҳамагӣ 10 сол пеш давлатҳои аз лиҳози иқтисодиёт ва таъминоти иҷтимоӣ пешрафтаи дунё, ба монанди Миср, Сурия, Тунис, Ироқ, Лубнон, Яман ба чӣ пасомадҳои ногувори зиёдаравию экстремизм рӯ ба рӯ шудаанд. Ҳамон тавр, ки Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар суханрониҳои худ ба ин масъала таъкид мекунанд, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоию террористӣ ба амнияти миллӣ хатарзо аст. Фикр мекунам, барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба манфиатҳо ва муқаддасоти миллӣ корҳои бештару муассиртари идеологӣ бояд бурда шавад. Таъмин кардани ҷавонони бекор бо кори доимӣ, шиносоии амиқтари онҳо бо фарҳангу тамаддун ва мусоидат намудан дар такмили дониши онҳо яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҷалби онон ба гурӯҳҳои тундрав аст. Дар сатҳи маҳалҳо бояд фаъолияти бахши идеологӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти таъминкунандаи тартиботи ҳуқуқӣ ва мақомоте, ки масъулияти таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимиро доранд, бояд боз ҳам фаъолтар бошанд. Махсусан дар бахши озодии эътиқод, виҷдон ва дин, дар бахши тарбияи ватанпарастӣ. Нақша-чорабиниҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати марказӣ таҳия ва қабул мешаванд, дар сатҳи маҳалҳо бояд хубтар ба роҳ монда шаванд.

- Чун Шумо вакили ҷавон ҳастед ва солҳои зиёде дар донишгоҳ кор кардаед, бевосита бо мушкилоти ҷавонони тоҷик шиносед. Бигӯед, ки ҷавонони имрӯз бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд? Бавижа ҷавонони музофотӣ…
- Андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ миёни онҳо муҳим аст. Дар ҷараёни фаъолияти вакилиям ният дорам, ки доир ба паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ бо роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасии ҷавонон ба амалисозии лоиҳаҳо, грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ тавассути марказҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои худфаъолият, андешидани чораҳо ҷиҳати тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш ҳамчун омили муҳимми солимии ҷомеа ва муаррифии миллату давлат дар сатҳи қонунгузорӣ масъалагузорӣ намоям.

- Шумо, ки дар Маҷлиси намояндагон аз музофот намояндагӣ мекунед, барои рушди маҳалҳо чӣ пешниҳодҳои мушаххас доред?
- Бояд фаромӯш накунем, ки вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар маҳал ва мусоидат намудан ба беҳсозии некуаҳволии сокинони минтақа аст. Таъсиси Кумитаи рушди маҳалҳо аз ҷониби Роҳбари давлат низ ҳадафи рушди минтақаҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми тамоми манотиқи Тоҷикистонро пайгир аст. Бунёди корхонаю коргоҳҳои хурду миёна дар ноҳияҳо ва рустоҳои дурдаст, тақсим кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ироаи майдонҳои кишт, рушди кишоварзӣ, коркарди пахта, меваю сабзиҷот ва дигар маводи кишоварзӣ дар сатҳи маҳал боиси рушди иқтисод ва беҳшавии вазъи иҷтимоии сокинони маҳаллӣ хоҳад шуд. Баъзе шаҳрвандон, мутаассифона, фарҳанги истифодаи судбахши маблағҳои худро намедонанд. Миллионҳо сомониро барои бунёди манзилҳои ҳангуфт, ҳдаҳҳо ҳазор долларро барои хариди мошинҳои хориҷӣ ва дигар амволи ғайриманқул сарф мекунанд. Яъне маблағашон дар иқтисодиёт гардиш намехӯрад. Аммо агар ин маблағро барои бунёди коргоҳе, минизаводе сарф намоянд, ҳам чандин нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд ва ҳам даромади муддавому устувор хоҳанд дошт. Аз ҷиҳати иқтисодӣ низ ин чанд фоида дорад: нахуст, ин маблағ аз гардиш намебарояд ва ё ба хориҷи кишвар намеравад, дувум, субъекти супорандаи андоз таъмин мешавад, ашёи хом талаф намеёбад ва ҳамчунин иқтидори содиротии кишвар низ боло меравад.
Мутмаинам, ки ҳадафи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидат ба таъмини амнияти комили озуқаворӣ, ба роҳ мондани рушди комплекси агросаноатии кишвар ва такмили сохтори иқтисодиёт аст.

- То ҷое иттилоъ дорем, сарфи назар аз ҷавониатон, рисолаи доктории худро омода кардаед. Оё бо вакили парлумон интихоб шудан фаъолияти илмию омӯзгориатон халал намеёбад?
- Ман ҳанӯз ҳам дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқ ҳастам. Мувофиқи Конститутсияи кишвар, фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ бо мандати вакилӣ халалдор намешавад. Рисолаи доктории мо, ки дар риштаи миёни ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон ва назарияи давлат ва ҳуқуқ дар ҳолати омодабош аст, умед дорам, ки онро ояндаи наздик дар ҳамкории илмӣ-тадқиқотӣ бо ДМТ ба муҳокима ва дифоъ пешниҳод намоям.

- Дар фаъолияти вакилӣ ва илмию омӯзгориатон комёбию сарбаландӣ орзумандам.
- Сипоси фаровон аз ҳайати эҷодии рӯзномаи «Хатлон», ки дастгирии маънавиатонро ҳамеша эҳсос мекунам. Ҳамзамон бо истифода аз ин фурсат, ба кулли интихобкунандаҳо аз ҳавзаи Вахш, роҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш барои изҳори бовариашон миннатдории худро баён мекунам.

Суҳбаторо
Носирҷон МАЪМУРЗОДА



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқоти вакилони парлумон бо интихобкунандаҳо

Мулоқоти вакилони парлумон бо интихобкунандаҳо

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аз вакилони ҷавон чӣ интизорем?

Аз вакилони ҷавон чӣ интизорем?

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Сиёсат, Хабарҳо
Пешбарии номзадии олими ҷавон ба вакилии парлумон

Пешбарии номзадии олими ҷавон ба вакилии парлумон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш