ҲАМҚАДАМИ ВОДИИ ЗАРНИСОР
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 161
Ҳар гоҳ ба рӯзномаи ноҳиявии “Вахш”-и ноҳияи Вахш биоям, суҳбати самимиамон бо муҳаррири рӯзнома Мирзомуддин Икромов то дер давом мекунад. Ба рӯзнома ва кормандони он меҳри беинтиҳо дорам. Чун қадам ба даргоҳи рӯзнома мемонам, вуҷудам моломоли шодиву фараҳ мешавад. Охир, замоне дар ҳамин рӯзнома кор карда, бо нони ҳалоли рӯзноманигорӣ ҳаёт ба сар бурдаам. Аз ин рӯ, ин даргоҳи муқаддас бароям азиз аст...
Мирзомуддин Икромов, нақл намуд, ки рӯзномаи “Вахш” таърихи пуршарафе дорад. Шумораи нахустини он соли 1932 бо номи “Зарбдори сохтмони Вахш” чоп шудааст. Ҳамон солҳо дар назди идораи рӯзнома маҳфили адибони ҷавон амал мекард, ки ба он шоири ҷавон, яке аз муҳаррирони нахустини рӯзнома Мирсаид Миршакар роҳбарӣ мекард. Чакидаи хомаи навқаламон дар саҳифаи адабии рӯзнома чоп мешуд. Рӯзномаи дигаре бо номи “Ударник Вахшстрой” ба забони русӣ чоп мешуд. Ибтидои солҳои сиюм дар сохтмони умумииттифоқии “Вахшстрой” намояндагони бештар аз 42 миллату халқиятҳои собиқ иттиҳодияи шӯравӣ бо рӯҳбаландӣ фидокорона меҳнат мекарданд.
Моҳи сентябри соли 1933 пеш аз муҳлат, бори нахуст, тавассути канали магистралии Вахш ба ин водии сӯзон оби ҳаётбахши дарёи Вахш равон гардид. Коргарон ба об гулдастҳои рангоранг мепартофтанд, то ки чӯли сӯзон ба гулистон, ба макони ободу зебо, диёри нозанину биҳиштосо табдил ёбад, яъне ғунчаи орзуи сохтмончиён шукуфад...
- Муҳаррирони баъдинаи рӯзномаи “Вахш” Толибҷон Неъматов, Аъзамҷон Мӯсоев, рӯзноманигорон Рӯзӣ Назифов, Мирзо Сулаймонов, Сотимбой Саймуъминов, Нуралӣ Шералӣ, Шукурулло Маҳмадалиев, Хосият Ҳалимова, Зуҳуриддин Суярӣ, Пиримқул Сатторӣ, нависанда Мустафо Шарқӣ ва дигарон дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар хушсифату хонданбоб баромадани рӯзнома заҳмат кашиданд. Имрӯз мо-коллективи эҷодии рӯзнома анъанаи пуршарафи рӯзноманигорони номдорамонро давом медиҳем, - гуфт М. Икромов.
Воқеан, кори рӯзнома, бахусус чопи он, солҳои ҳафтод осон набуд. Ҳуруфчинҳо дар матбаа мақолаҳоро дар гранка омода менамуданд, рӯзноманигорон бошанд, ғалатҳои онро ислоҳ мекарданд. Рӯзнома ба чоп тайёр мешуд, вале баъзан аз мақомоти болоӣ маводҳои нав ворид мешуд. Ба рӯзноманигорон ва мусаҳҳеҳон лозим меомад, ки то нисфишабӣ ва баъзан то рӯз шумораи нави рӯзномаро ба чоп омода созанд. Ҳарф ба ҳарф чида, қолаби саҳифаро пур кардан кори заҳматталаб буд. Бо вуҷуди ин рӯзнома ҳамқадами замон буду навгониҳо, ташаббусҳо, таҷрибаи пешқадамро барои ибрат ба муштариён мерасонд.
Олимон ба хулосае омаданд, ки агар дар ҷаҳон кореро мушкил гуфтан ҷоиз бошад, пас ин касби рӯзноманигорист. Одатан, дар рӯзнома одамони софдилу ба корашон содиқ кор карда, афкори умумро ба мардум сари вақт мерасонанд.
Рӯзноманигорон покдиланду ба дарди корафтодагон шифо мебахшанд, баҳри ислоҳи нуқсону камбудиҳо чораҳо меандешанд. Бо ҳама дӯсту бародаранд, вале ба камбудиҳо, нуқсонҳо, иллатҳое, ки ба рушди ин ё он соҳа халал мерасонад, муросо намекунанд.
Дар айёми соҳибистиқлолӣ диёри арҷманди мо ба дараҷае тараққӣ кард, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ накарда буд. Мардуми мо эҷодкоранд, зебоипарастанд, муъҷизакоранд, дар ниҳоди хеш тухми накуӣ мепарваранд, механданд, шодмонӣ мекунанд, хушбахтанду ҳар кунҷу канори кишварро ба диёри дилкашу зебо табдил медиҳанд.
Аз ин пешравиҳо, дигар-гуниҳо аҳли қалам илҳом гирифта, дар васфи қаҳрамонони даврони нав лавҳа, мухбирнома, мақола, репортаж, мусоҳиба, публистика эъҷод мекунанд.
Рӯзномаи “Вахш” бо сарварии муҳаррири он Мирзомуддин Икромов меҳнату ҳаёти ибратомӯзи мардуми сарбаланди ноҳияи Вахшро дар маводҳои пурмазмуну рангини рӯзнома дода, ба ин васила дар рушди ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳм мегузоранд.
Б. Сайдалиев
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30