СОҲИБКАСБИ ПУРМАҲСУЛ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 930
Дар бораи ҳамкору ҳампеша, хосатан устод чизе навиштан ҳам осон асту ҳам душвор. Осонӣ аз он аст, ки дар бораи ҳаёту фаъолияташ маълумоти хубе дорӣ. Душворӣ бошад, аз он хотир, ки мабодо дар навишт кӯтоҳие равад. Ба ҳар ҳол таваккал карда, дар бораи устод Ғайбулло Ҳалимов навиштанро мақсади худ қарор додам.
Устод Ғайбулло Ҳалимов журналист-рӯзноманигор аст. Аз соли 1980 инҷониб хабару мақола, лавҳаю очерк, мақолаҳои танқидиаш дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ба табъ мерасад.
-Ҳарчанд давоми таҳсил устодони зиёде ба мо дарс гуфта бошанд ҳам, муаллими аввалинамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам,-мегӯяд Ғайбулло Ҳалимов. Он касро Давлатов мегуфтанд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Чӣ масъулияти баланде ҳис мекард дар таълим. Ҳам директор буду ҳам муаллим ва ҳам мудири қисми илмии мактаб. Хуллас, дар мактаб танҳо ӯ буду талабагон. Маҳз бо кӯшишу ғайрати ӯ мо хондану навиштанро ёд гирифтем. Ёдашон ба хайр бошад.
Баъди хатми мактаби миёна Ғ. Ҳалимов ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Осиёимиёнагии шаҳри Самарқанд супорид. Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашт. Вале аз мандат нагузашт. Бо вуҷуди ин ба ӯ гувоҳномае доданд, ки мебоист тибқи он ба ҳар донишгоҳи Тоҷикистон қабул мегардид. Вале ин корро Вазорати маорифи онвақта амалӣ накард. Хуллас, орзуи донишҷӯиаш як сол қафо афтид. Дар ҳоҷагӣ кор кард. Баъдан ба хизмат рафт. Ҳангоми хизмат ба рӯзномаи «Дар поси ватан»-и округи ҳарбии осиёимиёнагӣ ҳамкорӣ мекард. Хабару мақолаҳо менавишт. Ҳатто баъди адои хизмат роҳбарияти рӯзномаи мазкур ба ӯ тавсияномае бо ин мазмун доданд: «Ғайбулло Ҳалимов метавонад дар ҳар як рӯзнома фаъолият намояд».
Баъди адои хизмат ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дохил гардид. Азбаски баъди хизмат ҷаҳонбинӣ ва донишаш як дараҷа боло рафта буд, байни ҳамкурсон фарқ мекард. Як қадам пеш буд. Ҳамин буд, ки байни 91 нафар ҳамкурсон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Баъди донишгоҳ дар мактаби деҳа ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият оғоз намуд. Ҳарчанд омӯзгор буд, бо рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ, инчунин «Кулябская правда», рӯзномаи ҷумҳуриявии «Учителская газета» ҳамкорӣ менамуд.
Шавқу завқи рӯзноманигорӣ ахиран ӯро ба рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ»-и шаҳри Кӯлоб овард. Сармуҳаррири рӯзнома шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ таклиф намуд, ки ҳамчун мусаҳҳеҳ дар рӯзнома кор кунад. Таклифи сармуҳаррирро қабул намуд. Баъди се моҳ бошад, Ғайбуллоро ба кори асосӣ –мухбири махсуси рӯзнома дар ноҳияҳои Фархору Москва (ҳозира ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ва Восеъ гузарониданд. Фаъолияту масъулият аз ҳамин ҷо ҳамчун рӯзноманигор шуруъ гардид. Ӯ давоми фаъолияти кориаш исбот намуд, ки дар ин пеша маҳорати баланд дорад. Баъдан бо даъвати муҳаррири рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ Карим Давлат ба ин рӯзнома ба кор гузашт. Соли дуҳазорум бошад, ба рӯзномаи якуми ҷумҳурӣ «Ҷумҳурият» ба сифати мухбири махсус дар навоҳии минтақаи Кӯлоб ба кор даъваташ карданд. То соли 2011 фаъолият намуда, бо сабаби беморӣ як муддат аз кор дур шуд. Айни замон дар рӯзномаи «Минбари халқ» фаъолияти худро идома дода истодааст.
Баробари рӯзноманигорӣ ба кори заминдорӣ низ машғул аст. Дар чор гектар полезӣ ва ғалладона кишт намуда, дар як гектар боғ ташкил намудаааст. Вақтҳои фориғ аз эҷод дар замин меҳнат мекунад. Ҳам фароғат мекунаду ҳам илҳом мегирад. Хуллас, вақтро азиз медорад. Кӯшиш менамояд, ки лаҳзае ҳам бошад, дар зиндагӣ нақши худро гузорад. Фарзандонашро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия намудааст. Ва имрӯз ҳар яке соҳиби ҷойи кор буда, ёрирасони хонаводаанд.
Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик-11 март Ғайбулло Ҳалимовро аз самими қалб табрик гуфта, барояш тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, хомаи тезу илҳоми баланд таманно дорем!
Наҷот САФАРЗОДА
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30