ҚАДРШИНОСИИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГ РИСОЛАТИ МУҚАДДАСИ ҶОМЕА АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 138
![]()
7 май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид якҷо бо намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Бохтару ноҳияи Кӯшониён ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Сафаралӣ Файзалиев рафта, аз аҳволу зиндагии ӯ хабар гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба собиқадорони ҷанг ва меҳнат ғамхории махсус зоҳир менамояд ва хизматҳои таърихии онҳо дар ҳифзи сулҳу озодӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд.
Ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Пешвои миллат ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 15 ҳазор сомонӣ ва аз номи раиси шаҳри Бохтар 10 ҳазор сомонӣ ҳамчун туҳфа супорида шуд.
Ҳамзамон, тавре ба рӯзномаи «Хатлон» аз дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар маҷмуъ 75 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо намудааст. Ин иқдом нишонаи эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба корнамоиҳои насли ғолиб арзёбӣ мегардад.
Сафаралӣ Файзалиев барои чунин таваҷҷуҳу қадршиносӣ ба Роҳбари давлат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки ғамхориҳои давлат нисбат ба насли пиронсол ва собиқадорон мояи ифтихору рӯҳбаландии онҳост.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 5 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар қайди ҳаёт қарор доранд. Ин абармардон ҳамчун намунаи ватандӯстиву ҷоннисорӣ ҳамеша мавриди эҳтирому қадршиносии ҷомеа қарор доранд.
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...