САҲАРЕ, КИ НАОМАД...
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 02 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 059
Ӯ дар оғози фасли тирамоҳи заррин, мавсими хазонрез чашм ба олами ҳастӣ кушодаву андар авҷи баҳору сарзабзии замину кӯҳу ёлаҳои ватан дунёи фониро падруд гуфт. Хонаву модари азизу роҳинтизор ва ҳамсару фарзандони аз ҷон ҳам зиёд дӯстдоштаашро танҳо гузошту рафт. Муроде, ки шаб дар хонаву рӯз дар шаҳр ҳамагӣ интизори дидору суҳбатҳои дилнишинаш буданд, бемаҳал моро тарк намуд. Аз он рӯзи мусибат ду сол гузашта бошад ҳам, то кунун ҳамсояву ҳамкору ҳамдарсон ва дӯстону пайвандонашро бовар намеояд, ки Муродҷон Сотиев дигар дар байни мо нест...
Дар тӯли 38 соли фаъолияти меҳнатиаш, аз ҷумла, қариб 28 сол ба ҳайси рӯзноманигори нашрияи русии “Курган-тюбинская правда”, имрӯза “Новый Хатлон”, ҳамзамон дар рушду эҳёи расонаҳои навгунаи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон саҳми ниҳоят муҳим гузоштааст.
-Муродҷонро аз овони дар Хонаи пионерон ва мактаббачагони вилоят фаъолият доштанаш мешинохтам ва замоне, ки ба хонаи мо хостгор фиристоданд, аллакай ҳамчун мухбири рӯзномаи “Курган-тюбинская правда” (ҳозира новый Хатлон) кор мекарданд, - қисса оғоз мекунад ҳамсари ӯ Марҳабо Маҳмудова.
“Дар тӯли қариб 30 соли оиладориамон дар симои Муродҷон шахсиятеро медидам, ки ҳама ҳастии худро ба кору фаъолияти ҷамъиятӣ бахшида, ҳатто дар рӯзу соатҳои истироҳату рухсатии меҳнатӣ ҳам саргарми эҷоду омода намудани матлабу гузоришҳо буд. Дидору ошноӣ ва идомаи ҳаёти оилавиамон чун афсонаи нотакрору бебозгашт аз хушбахттарин лаҳзаҳои ҳаёти ман ва марги ҳамсар бузургтарин фоҷиаи зиндагӣ бароям буд. Инак, аз байн ду сол сипарӣ мегардад, аммо мо ба ёду лаҳзаҳои хотирмони бо Муродҷон ҳаёт ба сар бурданамон нафас мебарем. Дар масъалаи эҳтироми модар ва нигоҳубину парастории бузургсолон ӯ барои фарзандону пайвандонамон намунаи ибрат ба шумор меравад. Мутаассифона, баъди як соли реҳлат намудани Муродҷон модари бузургворашон ҳам дунёи фониро тарк намуданд” - ашкрезон ҳаёти гузаштаро ба ёд меорад Марҳабо Маҳмудова.
Дар солҳои ба сифати мухбири рӯзномаи “Курган- Тюбинская правда” фаъолият доштани Муродҷон Сотиев ин нашрияи русизабони вилоят ҳамчун “Новий Хатлон” табдили ном кард. Баъди панҷ соли фаъолияти пурсамараш муовини сармуҳаррири ин нашрия таъйин гардид ва аз соли 1996 сармуҳаррири ин рӯзнома буд.
Фаъолияти пурсамарашро дар таъмини ВАО-и кишвар бо хабару мақолаҳои бо забони русӣ дида, соли 2006 Муродҷон Сотиевро ба ҳайси мухбири минтақавии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” дар вилояти Хатлон ба кор даъват намуданд, ки то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ ин масъулияти муҳимро низ ба зимма дошт.
Ба гуфтаи Зулайхо Гоибова, сармуҳаррири рӯзномаи “Новий Хатлон”, шодравон Муродҷон Сотиев дар радифи нақши калидӣ доштанаш дар рушду нумӯи ин рӯзнома, ҳамчунин, дар тарбияи кадрҳои соҳаи ВАО саҳми мондагор мегузошт. Ба хусус, дар пайроҳаи пурмасъулияти рӯзноманигорӣ Муродҷон устоду роҳнамои ман ба ҳисоб меравад. Чун аз лаҳзаҳои нахустини оғози фаъолияти касбиам дар ин нашрия ман дар симои вай роҳбари ҳалиму меҳрубон ва такягоҳи боэътимодро медидам, омӯхтани донишу таҷрибаи касбии худро барои кормандону навқаламон дареғ намедошт. Дар баробари фарҳанги волои муошират ӯ роҳбари сахтгир ва ба хотири иҷрои саривақтии вазифаҳои ба зимма доштаамон масъулияти зиёд эҳсос мекард. Ҳатто ба вазъи нохуби саломатии худ нигоҳ накарда, то охирин лаҳзаҳои умр ҳама фикру неруи худро ба кор бахшида, баъди тарҳрезии нақшаи корӣ барои рӯзи оянда сӯи хона мерафт, - иброз дошт Зулайхо Гоибова.
Оре, инсонҳои солеҳ бо кору пайкори созандаву амалҳои накӯкоронаашон аз худ номи неку корномаи ибратомӯзе барои наслҳои оянда боқӣ мегузоранд. Аммо оғозу фарҷом ва ё омаду рафти башарият ба дунёи фонӣ ба дасти сарнавишт бастагӣ дорад, гӯиё беҳтаринҳоро бевақту бармаҳал аз миёни мо мебарад. Ба қавли дӯстон Муродҷон ҳам дар охирин рӯзи корӣ ба умеди фардои иштирок дар чорабинии сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо дӯстону ҳампешагон хайрбодӣ карду сӯи хонааш рафт. Аммо саҳарии рӯзи дигар ба ҷойи кор-идораи рӯзнома наомад...
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30