Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАҲРАМОНИИ ТОҶИКПИСАРОНИ ДАЛЕР ҲАРГИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД


ҚАҲРАМОНИИ ТОҶИКПИСАРОНИ ДАЛЕР ҲАРГИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД



Имрӯз,  81  сол  пас  аз  ин  Ғалабаи  бузург,  ёдоварӣ  намудан  аз корнамоиҳои онҳо бароямон муҳим аст ва бо ин ба наслҳои имрӯзу фардо намунаи ибрат бошем. Панҷ нафар фарзандони арҷманди вилояти Хатлон, ки ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1940-1945 пайвастанд ва дар Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ба пирӯзӣ соҳиб гардиданд, нақш ва саҳми ҳар яке аз онҳоро ёдовар мешавем. 

Рӯзи Ғалаба рамзи шуҷоат, ма-тонат ва иродаи шикастнопазири халқҳост, ки дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм ба он ноил гардиданд. Дар ин ҷанги сангин ҳазорон фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон саҳми арзанда гузошта, бо ҷоннисорӣ ва диловарӣ номи худро дар саҳифаҳои таърих сабт намуданд. Дар ин роҳи пур аз фидокорӣ, ҳазорон фарзандони далери Ватан ҷон дода, барои ғалаба дар муборизаи зидди душманони инсонӣ саҳм гузоштанд. 

Сафаралӣ ФАЙЗАЛИЕВ, зодаи деҳаи Хосами ноҳияи Балҷувон  (соли  1923),  яке  аз  он  фарзандони  далер  ва ватандӯст  мебошад,  ки  дар  муҳорибаҳои  шадиди  Ҷанги Бузурги  Ватанӣ  иштирок  намудааст.  Ӯ   солҳои  1938-1941 дар  Кумитаи  мададгори  мудофиаи  ҳарбӣ  таҳсил  карда,  соли  1941  ба  фронт  рафт.  Дар  озодкунии  давлатҳои Лаҳистон, Беларус, Украина ва ҷануби Русия иштирок намуд. Файзалиев дар полки 229-и “Байрақи Сурх”-дор, ки яке аз қисмҳои бонуфузи Артиши Шуравӣ буд, хизмат кард. 

Ҳамзамон, дар муҳорибаҳои Харков, Воронеж, Курск, Киев ва Белосерковский иштирок намуд. Дар ин ҷангҳо ӯ ду маротиба захм бардошт ва баробари шифо ёфтан боз бо неруи нав ба майдони ҷанг бармегашт. 

Сафаралӣ  Файзалиев  барои  корномаҳои  ҷангӣ  бо  ордену  медалҳои  ҷангӣ  сарфароз  гардонида  шуд.  Пас  аз  ҷанг,  ҳамчун  маъюби дараҷаи дуюм, ӯ ба зодгоҳаш баргашт ва айни замон дар шаҳри Бохтар умр ба сар мебарад.

Ҳабиб  САФАРОВ 25  январи  соли 1926  таваллуд  шудааст.  Соли  1943  ба хизмати  ҳарбӣ  даъват  гардида,  дар муҳорибаҳои  шадид  дар  ҳайати  ҳарбии Урал,  шаҳри  Кунгур,  полки  226-уми тирандозӣ ҷангидааст. Ӯ дар озод намудани Руминия низ иштирок намуда, роҳи ҷангии худро то шаҳри Магдебург идома додааст. Барои  шуҷоатмандиҳо  бо  ордену  медалҳо  мукофотонида  шудааст.  Дар давраи баъдиҷангӣ дар соҳаи хоҷагӣ фаъолият бурда,  дар  тарбияи  ватандӯстии ҷавонон  саҳми  назаррас  гузоштааст. 

Айни  ҳол  дар  деҳаи  Навободи  Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун дар ҳалқаи  фарзандону  наберагон  давлати пирӣ меронад.

Гулмурод  ТАҒОЕВ (соли  1924),  зодаи  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ,  роҳи ҷангии худро аз муҳорибаҳои Курск оғоз кардааст.  Ӯ  дар  амалиётҳои  ҳарбӣ  дар Чехословакия иштирок намуда, Ғалабаро низ  дар  ҳамон  ҷо  истиқбол  гирифтааст. 

Пас  аз  анҷоми  ҷанг  то  соли  1947  дар барқарорсозии  минтақаҳои  зарардида хизмат  кардааст.  Барои  корнамоиҳои ҷангӣ бо ордену медалҳои «Ғалаба бар Германия»,  «Барои  шуҷоат»,  «Ситораи сурх»  ва  «Шараф»  қадрдонӣ  шудааст. Дар давраи осоишта ҳамчун мутахассиси соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ фаъолият  бурда,  баъдан  хоҷагии  деҳқонӣ таъсис додааст.

Машраб  ДАВЛАТОВ, соли  1926,  ба дунё омадааст. Ӯ дар синни 17-солагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардид. 

Ӯ дар муҳорибаҳои Брянск ва озодкунии шаҳри  Орёл  иштирок  намуда,  шуҷоати хосса  нишон  додааст.  Имрӯз  ӯ  ҳамчун шоҳиди зиндаи таърих дар байни мардум эҳтироми  баланд  дорад  ва  дар  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиндагӣ мекунад.

Аҳёхӯҷа  МИРЗОЕВ, соли  таваллу-даш 1925, аз ноҳияи Ховалинг буда, соли 1942 ба хизмати Ватан рафтааст. Пас аз омӯзишҳои  ҳарбӣ,  дар  ҳайати  фронти  дуюми  Украина  зери  фармондеҳии  Рокосовский ҷангидааст. Соли 1944 ба Ватан баргашта, бо обрӯ  ва  эътибори  баланд  миёни  ҳамдиёрон зиндагӣ  кардааст.  Имрӯз  дар  ҳалқаи  фарзандону набера ва абераҳояш давлати пирӣ меронад.  Аз  ғамхориҳои  давлату  Ҳукумати кишвар бархӯрдор мебошад.

Бале, корнамоиҳои ин абармардон дар майдони ҷанги зидди фашизми Гитлерӣ намунаи равшани ватандӯстӣ, садоқат ва ҷасорат мебошанд. Онҳо бо ҷоннисории худ барои наслҳои оянда сулҳу субот ва зиндагии осоишта фароҳам овардаанд. 

Аз ин рӯ, ном ва қаҳрамониҳои ҷангии ин далерони  Ватан  ҳеҷ  гоҳ  фаромӯш  намешавад.

Сабринаи САЙВАЛӢ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода